Аксари одамон итминони комил доранд, ки шахсан онҳо ягон вақт ба доми ҷалбкунандагон намеафтанд. Аммо бисёриҳо хато мекунанд. Ҳангоми ҷалбкунӣ барои ҳар як шахс муносибати мушаххас ва касбӣ истифода бурда мешавад.
Аз ҳама хатарнок он аст, ки он ҷараён барои шахси ҷалбкунанда таъсири ҳамаҷониба мегузоранд.
1. Ҷалбкунанда дар навбати аввал, дар бораи шахси ҷалбшаванда ҳарчи бештар маълумот ҷамъ меорад.
2. Вай умеду орзу, тарсу ҳарос, дилбастагию ғурур, таъбу хусусият, хоҳиш ва шавқу ҳаваси ҷалбшавандаро ҳаматарафа меомӯзад.
3. Дар бораи шахси маълумот дар даст дошта, ҷалбкунанда бо истифода аз таърифу тамаллукҳо айёрона дили шахсро ба осонӣ ба даст меорад.
4. Ҳиллаву найранг намуда ва моҳирона аз ҷавоб додан ба саволҳои додашуда мегурезад.
Ҷалбшавандагони эҳтимолиро дар куҷо “ШИКОР” мекунанд?
Дар ҳама ҷо:
1. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
2. Дар қаҳвахонаю марказҳои дилхушӣ;
3. Дар ҷойҳои дилхушию кулубҳои шабона;
4. Ҳангоми мусофират, муҳоҷират ва ғ.
Барои наафтодан ба доми ҷалбкунандагон касе кафолат дода наметавонад. Нафаре ҳаст, ки ҷойи озордида ва иродаи суст дорад. Махсусан , вақте ки танҳоиро эҳсос менамояду фикр мекунад, ки дигарон уро намефаҳманд.