Вокуниш: Ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, барои расидан ба мақсадҳои нопоку ғализи худ даст ба кирдорҳои касиф зада истодаанд. Ҳамарӯза чихеле, ки ҳамаи мо огоҳ ҳастем бо барномаҳои сохтаву бофтаашон баромад карда сӯи миллати худ бӯҳтону тӯҳмат мезананд. Аз ин кирдори хеш шарм надошта, баръакс ифтихор менамоянд. Гӯё қаҳрамонӣ нишон дода истодаанду ҳами мардуми тоҷикро мехӯранд. Аммо бараъкс онҳо миёни мардуми осоишта низоъ, кинаву бадбинӣ меандозанд.