Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за Март 2023 года » Страница 2 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2601
  • Автор: admin
  • Дата: 17-03-2023, 21:56
17-03-2023, 21:56

ҲЕҶ ЧИЗ БЕ ҲАДДУ ҲУДУД НЕСТ: Озодии баён ҳам сарҳад дорад!

Категория: Маълумот

Озодии баён ё худ озодии матбуот то ҳамон ҷое аст, ки ба амнияти иттилоотии давлат ва манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар хатарҳо эҷод нагарданд. Мутассифона баъзе афрод аз озодии баёну матбуот сӯиистифода намуда ба амалҳое даст мезананд, ки ба амнияти миллӣ хусусан ба тафаккури шаҳрвандони таъсири манфӣ мегузорад. Ин амал дар ҷаҳони имрӯз ба як василаи асосии созмонҳои тахрибкор табдил ёфтааст. Пушида нест, ки имрӯзҳо дар фазои маҷозӣ (шабакаҳои интерент) ҷангу муборизаҳои иттилоотӣ идома доранд. Воқеиятҳои сиёсӣ дар кишварҳои алоҳида бозгӯи онанд, ки маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои асосии низоъу даргириҳо дар кишварҳои ором гардидаанд. Имрӯз ҳеҷ моҷаро ва ё бархурде нест, ки дар он воситаҳои интерентиву иттилоотӣ истифода нагарданд. Ҳодисаҳои баҳори араб, инқилобҳои ранга, эътирозҳои соли 2020 дар Белорус, ҳодисаҳои аввали январи соли 2022 дар Қазоқистон ҳама ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳрезӣ ва амалӣ гардидаанд.

 

Дар таҷрибаи дилхоҳ давлати ҷаҳон мушоҳида кардан мумкин аст, ки давлатҳо ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хатарҳои эҳтимолӣ ва мавҷударо бартараф месозанд. Як назар ба сиёсати байналхалқӣ намудан нишон медиҳад, ки давлатҳо ба хотири таъмини амнияти миллӣ аз ҷумла таъмини амнияти иттилоотиашон ба чи гуна иқдомҳо даст мезананд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2219
  • Автор: admin
  • Дата: 17-03-2023, 09:46
17-03-2023, 09:46

Иқболбии танфурӯшу ватанбезор

Категория: Маълумот

Дар замони муосири ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризми динӣ ҳамчун ҷараёни номатлуби ҷамъияти инсонӣ бо тарзу усули хосаи худ ба миён омадааст. Ҳоло экстремизм ва терроризм яке аз масъалаҳои доғи рӯз буда,  диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст. 

Мутаассифона, имрӯз ҳастанд нафароне, ки омодаи зараррасониву зери ниқоби ватандӯстӣ, адолатпарварӣ тавассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои худро дар ҳудуди кивари хушманзарамон пиёда карда бошанду ба ин васила номи некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Заҳмату талошҳои ҷоҳталабонаи М.Садриддин айнан аз ҳамин тавр аст. Ин гуна инсонҳо ақидаҳои номатлуби худро пеш гузошта, талош мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯриву гумроҳӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро байни ҷавонони бесаводу гумроҳ паҳн намоянд.

Имрӯз, онҳо тавассути ҳар гуна роҳҳои фитангезии худ, тафаккури миллати куҳанбунёди тоҷикро мехоҳанд заҳролуд намоянд. М.Садриддин бо нашри матолибу наворҳои иғвоангез, таҳқиркунанда, носаҳеҳ, ба таблиғи гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва манфиатхоҳ, ифротиву тахрибкор маъруфтият пайдо намуда, мехоҳад бо ин восита обрӯву нуфӯзи миллати тоҷикро дар арсаи байналмиллали поён барад.

Дар ҳеҷ маводи номбурда заррае аз риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва билохира касбиву ахлоқии фаъолияти журналистиро нахоҳед диду пайдо кард. Ҳар як маводи сомона бо ҳадаф нашр мешавад. Аз ин рӯ, ҳеҷ хабаре ё маводеро наметавон пайдо кард, ки манофеи ин ё он гурӯҳҳоро ҳимоят накунад. Дар бештари мақолаҳо роҳбарони ин ё он сохторҳову идораҳоро беибо ва носанҷидаву дақиқ нокарда зери танқид қарор медиҳаду бо ҳарфҳои қабеҳу носазо нигошта мешаванд. Ҳар як матлабҳояш аз нуктаи аввал то ҳарфи охир ваҳмангез ва пучу бемаъностанд.

Дар ин ҳангом, метавон як нуқтаро қайд намуд , ки ин Иқболбии ҳамҷинсгаро заррае ҳисси милливу ватандӯстӣ надошта, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки мансабдорон ва давлатмардони тоҷикро дар мақолаву хабарҳояш дар сомнаи ифротиву дурӯғинаш «Ислоҳне.нет» ва баронмаи «Минбари муҳочир» зери танқид қарор диҳад. 

Аз амалҳои ноҷавонмардонаи М.Садриддин кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ, хоса фейсбук ба танг омада, ҳамарӯза ӯро санг мезананд ва зери танқиду дашном қарораш додаанд.

Ин сару садоҳо гувоҳи онанд, ки М.Садриддин дигар журналист нест. Ӯ як лӯхтакест, ки дар саҳнаҳои театрӣ аз рӯйи намоишномаҳои эҷодкардаи хоҷагони хориҷиаш мебозаду мерақсад.

Шояд М.Садриддин дигар медонад, ки ба ин миллат лозим нест ва манфиат ҳам расондида наметавонад. Аз ин рӯ, “ҳарчи бодо бод”-ро шиор худ карда, бар сари мафкураи солими мардуми тоҷик бо аспи носолим тозидан мехоҳад. Ба ҳарфҳои ин чилдурӯғи хоин касе бовар надораду ҳамчун инсон ӯро намешиносанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои тағрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои нопокашон рӯзгори осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Яқуб Шодиён

Информация к новости
  • Просмотров: 2183
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 22:02
16-03-2023, 22:02

ТАҚДИМИ 32000 НУСХА ҚУРЪОНИ КАРИМ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Хабар

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 32000 нусха китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуда, ба таври ройгон ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар тақдим гардид. Зимнан, дар гузашта низ ҳудуди 200 ҳазор нусха китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуда буд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2146
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 22:00
16-03-2023, 22:00

ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.

Категория: Хабар

Худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бедор намудани ҳиссиёти ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод намуда, нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Дар яке аз суханронияшон Роҳбари давлат гуфтаанд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Информация к новости
  • Просмотров: 2132
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 21:54
16-03-2023, 21:54

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУДАКИСТОНИ #1 БО НОМИ "ПАРАСТӮ"

Категория: Хабар

     Имрӯз дар кудакистони #1 ба номи "Парастӯ" чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхия низ дар чорабинӣ ширкат намуданд. Тифлакони дуструяки кудакистон зери роҳбарии мудири кудакистон Маҷидова Файзигул бо маҳорату малакаи наврасии худ меҳмононро истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр зимни суханронӣ ёдрас шуданд, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаву мардумӣ ва рукни муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, яке аз ҷузъҳои арзишмандтарини фарҳангу маданияти миллӣ ба шумор меравад. Гузаштагони бошарафамон ин ҷашни миллиро ҳамчун ҷашни шодиву сурур, оғози фасли зебогиву бедорӣ ва рангорангии табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфтанҳову рустанҳо таҷлил менамуданд. Боиси ифтихору сарфарозӣ ва болидагист тӯли солҳои соҳибистиқлолии меҳани аҷдодӣ бо талошу заҳмат ва меҳнатҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба худ хусусиятҳои нав ба нав касб намудааст ва аллакай нуфузи байналмилалиро соҳиб гашта ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби кӯдакон ва аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ ташкил гардида, сурудҳо дар васфи баҳору наврӯз қироат карда шуданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2375
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 15:16
10-03-2023, 15:16

Freedom House (Хонаи Озодӣ) ташкилоти иғвогарон ва ҷангҷуён

Категория: Хабар

Дар шароити муосир агар баъзе созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими равобит ва ҳифзи сулҳу субот  давлатҳо талош ва фаъолият намоянд, дар ин миён баъзе созмонҳое мавҷуданд, ки барои роҳандозии бетартибиҳо, ташкили низоъҳо ва ба моҷаро кашидани давлатҳо кушиш мекунанд. Freedom House (Хонаи Озодӣ) аз ҷумлаи чунин ташкилотҳои маҷроҷуе аст, ки бо нашру пахши изҳорот ва хулосаҳои ҷаълӣ, беасос ва ғаразнок машғул ва машҳур аст. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2367
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 13:39
10-03-2023, 13:39

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ - АРЗИШИ АСОСИИ ҲАЁТ

Категория: Маълумот

Ватану миллат ду вожаи муҳимва муқаддас барои ҳар як инсон аст. Соҳибватанбудан ифтихору хушбахтист. Шахси ватандор дар ҳама ҳолат ва дар ҳама ҷо бо ифтихору сарбаландӣ васфи ватану миллаташро мекунад. Пас хуш ба ҳоли он нафаре, ки соҳибватану соҳибмиллат аст ва хуш ба ҳоли он миллате, ки дар давлати тинҷу ором умр ба сар мебарад. Ин нуктаҳои муҳим маҳз ба миллати тамаддунофари тоҷик имрӯз тааллуқ доранд. Зеро кишвари ободу озод, амну субот ва соҳибтамаддуну соҳибистиқлол дорему мардуми ин кишвари озодазодагон барои рушду такомули ин диёри биҳиштосо таҳти роҳбарии фарзонафарзанди тоҷик, асосгузори давлати навини тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонпайваста кӯшиш менамоянд.***

Информация к новости
  • Просмотров: 2057
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 12:11
10-03-2023, 12:11

ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН

Категория: Хабар

(Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла, 21-уми март – «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»)***

 

Бо назардошти зарурияти об барои ҳаёт дар тӯли таърих одамон барои об мубориза ва муноқишаҳои зиёд бурда, мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Ҳоло низ як қисми низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан, манотиқи гармсер (тропикӣ) ба хотири дастрасӣ ба манобеи об мебошад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои беназири сарвати обӣ мебошад, вале масъалаи ҳифзи манобеи он, бахусус ҳифзи пиряхҳо аз обшавии ҷиддӣ ва ташвишовар мебошанд.

 

Масъалаи мавриди зикрро ба назар гирифта, бояд тазаккур дод, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 1300 кӯл ва 11 обанборҳои калон, инчунин, мувофиқи арзёбии олимон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуд аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2047
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 11:58
10-03-2023, 11:58

МУБАЛЛИҒОНИ ТЭТ НАҲЗАТ ЛУҚМАИ НОНАШОН АЗ ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Категория: Хабар

ТЭТ ҳизби наҳзат солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъ-олият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёд зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ тамғаи кофар зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2047
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 11:56
10-03-2023, 11:56

СИЛСИЛАИ ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Маълумот

     Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни “Рӯзи Модар” дар ноҳияи Балҷувон як қатор чорабиниҳо ташкил ва баргузор карда шуданд. Нахуст раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо таваҷҷуҳ ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати як қатор занони собиқадор ва нафақагир рафта, аз ҳолу аҳвол ва шароити зисти онҳо шинос гардида, ба онҳо табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расонида, ба онҳо кумакҳои моддию пулӣ намуданд. 

Тегхо

Анбори хабархо

Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
^