Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 КОНСТИТУТСИЯ - ВОЛОҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » КОНСТИТУТСИЯ - ВОЛОҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ
Информация к новости
  • Просмотров: 533
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 13:52
6-11-2022, 13:52

КОНСТИТУТСИЯ - ВОЛОҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

Бахш: Маълумот

Тағйироти конститутсионӣ ва натиҷаҳои муфиди он далели онанд, ки имрӯз раванди рушди конститутсионии Тоҷикистон ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон ба қонуниятҳои ҷаҳонӣ такя мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги миллати тоҷик буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллат мебошад.

Дар қонуни асосии кишвар соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди мамлакат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат эълон шудаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул шуд. Аз ин рӯ, он ҳамчун санади созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон арзёбӣ мегардад. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло ҳамчун намунаи ҳалли низои дохилӣ эътироф шудааст.

Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Тоҷикистон аввалин кишварест, ки дар байни 82 давлати рӯ ба инкишоф барои ноил гардидан ба Ҳадафи рушди ҳазорсола бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007 - 2015 таҳия намуд. Ҳадафи асосӣ роҳандозӣ намудани низоми самарабахш ва шаффофи идораи давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини минбаъдаи рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Дар маҷмуъ, ин иқдом, пеш аз ҳама, барои татбиқи муқаррароти моддаи якуми Конститутсия оид ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон нигаронда шудааст.

  Дар таърихи навини Тоҷикистон аввалин маротиба дар Сарқонун инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконпазир гардонд. Ин ба он маъност, ки ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Дар моддаи 14-и Конститутсия омадааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Яъне, дар маркази арзишҳо гузоштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд.

Ҳамзамон, Конститутсия имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо дарҷ намуд. Бартарӣ, қатъият ва устувории Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки дар асоси раъйи мардум қабул шудааст ва бидуни раъйи халқ ҳатто як ҳарфи онро тағйир додан мумкин нест. Ин нукта нишони устувории пойдевори давлат ва сохти конститутсионии кишвар аст. Дар ҳамин робита ёдовар мешавем, ки то моҳи ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ ба Қонуни асосӣ даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки яке аз сабабҳои асосии хусусияти буҳронӣ гирифтани вазъияти ҳамон давр ба ҳисоб меравад.

Хулоса, Конститутсия бахтномаи миллат буда, бо иродаи мардум Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ эълон намуд ва дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ ба талошу даъвоҳои беасоси барои сохти давлатдориамон хатарнок хотима гузошт.

Қурбонова Маликамоҳ, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон