Ба Конститутсия чунин аломати ҳуқуқӣ хос мебошад: санади меъёрии ҳуқуқии дорои қувваи олии ҳуқуқии давлат (ё иттиҳоди давлатӣ-ҳудудӣ дар иттиҳодияҳои байнидавлатӣ), ки асосҳои системаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии ин давлат ё иттиҳодро муайян мекунад. Асосҳои вазъи ҳуқуқии давлат ва шахс, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо дар Конститутсия сабт мешавад. Конститутсия аз ҷиҳати моддӣ маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки мақомоти олии давлат, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳо, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва салоҳияти онҳо, инчунин мавқеи асосии шахсро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад. Назарияи шартномаи ҷамъиятӣ Конститутсияро ҳамчун шартномаи байни аҳолӣ ва давлат медонад, ки тартиби ташаккули давлат ва муносибатҳои тарафҳоро танзим мекунад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст. Зеро дар боби якум, моддаи панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар воқеъ, Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ медонад. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Шояд аз ин ҷост, ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.
Абдураҳмон ШАРИФЗОДА,
донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон