Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан, дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёри давлат, шакли он, ба ҳокимияти давлатӣ, сохтори давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, хориҷиён ва шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар Тоҷикистон истиқомат доранд, асос мебошанд. Меъёрҳои конститутсионӣ бисёр вақт усулҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлат, аз ҷумла, сиёсати хориҷиро низ муқаррар менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия ҳуҷҷати одӣ набуда, ҳуҷҷати муҳимми созишиест, ки дар он манфиати тарафҳо ба қадри зарурӣ инъикос ёфтааст. Тағйирёбии манфиати қувваҳои дар ҳокимиятдорӣ иштирок дошта вобаста ба мавқеи онҳо дар таркиби ҷамъият, ба тағйирёбӣ ва ба дигаргуншавии конститутсия сабаб мегардад. Яъне нафақат пайдоиш, балки мавҷудият ва инкишофи Конститутсия низ ба созиши қувваҳои иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъият алоқаманд аст. Устувории Конститутсия бо пойдории муносибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ ва ғайра, ки дар марҳалаи муайян дар ҷамъият амал мекунанд, вобаста аст.
Мавқеи Конститутсия дар муайян ва равон кардани мазмуни қонунҳои сершумор ва санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи асосҳо ва заминаҳои муқарраргардида хеле калон аст. Аз ин рӯ, Конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар Тоҷикистон аҳамияти муайянкунанда дорад.
Дар давлате, ки Конститутсия мавқеи устувори шикастнопазирӣ дорад, ин мустаҳкамии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ифода менамояд.
Шафқатҷон ШАРИФОВ,
магистранти Академия