Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Информация к новости
  • Просмотров: 1045
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 19:11
14-11-2022, 19:11

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Бахш: Маълумот

24 ноябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ интихоботи президентӣ гузаронида мешуд. Дар он номзадии 9 нафар, Р.Набиев, Д. Худоназаров, И. Давлатов, С. Тураев, Қ. Аслонов, Х. Насриддинов, Н. Махсумов, Б. Шоев, Б. Салимов пешниҳод гардида буд ва Раҳмон Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он 12 декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

Бесарусомониҳои он давраро, ки тамоми сохторҳои ҳукуматӣ фалаҷ гардида буданду беқонунӣ кишварро фаро гирифта буд, рақибони Раҳмон Набиев ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта буданд, ҳол он, ки ин афрод иттифоқчиёни пешинаи ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё “болоҳо” ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё “поёниҳо” тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вале даврае фаро расида буд, ки имрӯз ҳам ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд.

 

Силсилавоқеаҳои мудҳиш ба монанди ваҳшиёна кушта шудани ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳуҷум ба идораҳои давлатию қудратӣ боз ҳам алангаи ҷангро тезонида, хавфи ба ноҳияҳои дигар гузаштани онро торафт зиёдтар мекард.

 

Умуман, кор то дараҷае расид, ки дар пойтахти мамлакат доир намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ғайриимкон гардида буд, зеро дар он давра касе амнияти вакилонро кафолат дода наметавонист. Баъди истеъфои Президент иҷрокунандаи вазифаи ӯ, раиси Шӯрои Олии онвақта Акбаршоҳ Искандаров таъин гардида буд. Вале дар замони ӯ низ вазъият муътадил нагардида буд. Инчунин собиқ раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев охири моҳи августи соли 1992 ба пойтахти мамлакат ҳуҷум намуда буд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо аз ду тараф талафоти зиёд ба вуҷуд омада буд. Ӯ талаб мекард, ки иҷлосияи Шӯрои Олӣ бояд дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

 

9 ноябри соли 1992 қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи XVI ноябри ҳамон сол, дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати 12-ум) баромад. Мақсади асосии иҷлосия ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. А.Искандаров аз он давра ёдоварӣ карда, қайд мекунад, ки аксарияти намояндагон ҳатто барои рафтан ба иҷлосияи Хуҷанд худдорӣ ҳам мекарданд.

 

Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосия 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мақоми президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шӯрои Олӣ, Девони вазирон, муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси Шӯрои Олӣ; ташкили Шӯрои вазирон ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд.

 

Дар ҷаласаи машваратии 17- уми ноябр баргузоргардида, Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда аз ногувории вазъи озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори ақида намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: “Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одам гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем. Суханронии ӯ кӯтоҳ бошад ҳам ба масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ин суханронӣ тавонист таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд. Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олиро ба миён гузошт. Ба ин вазифа аз ҷониби намояндаи халқ А.Мирзоев номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин номзадии Изатулло Ҳаёев низ пешниҳод шуда буд, вале ӯ номзадиашро пас гирифта буд. Аз 197 вакил, ки дар иҷлосия ширкат доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дода буданд. Ҳамин тариқ иҷлосияи тақдирсоз пойдевори истиқлолияти кишварро то андозае мустаҳкам намуд ва умед ба ояндаи ҳастии Тоҷикистон пайдо шуда буд. Албатта табиист, ки сараввал ба пешниҳоди номзадии ин марди нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае “дар сиёсат бетаҷриба” – Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид. Ҳатто дар ин бора Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, ки маро ҳатто алоҳида аз аъзоёни ҳукумат низ дар ин бобат дар он давра барои тарсончакӣ ё хиёнат сахт маломат карда буданд, ки гӯё бо мухолифин забон як карда бошам.

 

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд ва бо хатҳои заррин дар таърихи муосири тоҷикон нақш баст. Таърихи муосири тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар асри гузашта ду воқеаи муҳимми таърихӣ бо қарорҳои тақдирсозашон ба миллати тоҷик умри дубора бахшанд. Агар қарорҳои таърихии Анҷумани 3-юми фавқуллодаи Шӯроҳо Тоҷикистонро аз ҳайҳати ҶШС Узбекистон бароварда бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мамлакатро аз нестшавӣ наҷот бахшад ва имконият дод, ки кишваре бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намояд.

 

**Маҳмадшоҳ ДОСИЕВ,**

 

**номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,**

 

**мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия**

 

**Гулбаҳор НУРАЛИЗОДА,**

 

**магистранти Академия**24 ноябри соли 1991 дар ҷумҳурӣ интихоботи президентӣ гузаронида мешуд. Дар он номзадии 9 нафар, Р.Набиев, Д. Худоназаров, И. Давлатов, С. Тураев, Қ. Аслонов, Х. Насриддинов, Н. Махсумов, Б. Шоев, Б. Салимов пешниҳод гардида буд ва Раҳмон Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он 12 декабри соли 1991 Сафаралӣ Кенҷаев раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

Бесарусомониҳои он давраро, ки тамоми сохторҳои ҳукуматӣ фалаҷ гардида буданду беқонунӣ кишварро фаро гирифта буд, рақибони Раҳмон Набиев ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта буданд, ҳол он, ки ин афрод иттифоқчиёни пешинаи ӯ ба ҳисоб мерафтанд. Акнун вазъияте ба амал омада буд, ки соҳибмансабони нав ё “болоҳо” ҳукуматро идора карда наметавонистанд, халқ ё “поёниҳо” тамоман аз итоати онҳо баромада буданд. Вале даврае фаро расида буд, ки имрӯз ҳам ба ёд оварданаш кас меларзад. Тоҷикон гӯё ба ҳадди охирини мавҷудияти давлату давлатдории бо амри тақдир эҳё гаштаи худ расида, аз носипосиву ғаразхоҳии фарзандонаш боз аз нав ба қаъри гумномии таърихӣ ғӯта мезананд. Ҳамаро интизории имтиҳони нави таъриху тақдир фаро гирифта буд.

 

Силсилавоқеаҳои мудҳиш ба монанди ваҳшиёна кушта шудани ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, ҳуҷум ба идораҳои давлатию қудратӣ боз ҳам алангаи ҷангро тезонида, хавфи ба ноҳияҳои дигар гузаштани онро торафт зиёдтар мекард.

 

Умуман, кор то дараҷае расид, ки дар пойтахти мамлакат доир намудани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ғайриимкон гардида буд, зеро дар он давра касе амнияти вакилонро кафолат дода наметавонист. Баъди истеъфои Президент иҷрокунандаи вазифаи ӯ, раиси Шӯрои Олии онвақта Акбаршоҳ Искандаров таъин гардида буд. Вале дар замони ӯ низ вазъият муътадил нагардида буд. Инчунин собиқ раиси Шӯрои Олии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев охири моҳи августи соли 1992 ба пойтахти мамлакат ҳуҷум намуда буд. Дар натиҷаи ин ҳуҷумҳо аз ду тараф талафоти зиёд ба вуҷуд омада буд. Ӯ талаб мекард, ки иҷлосияи Шӯрои Олӣ бояд дар шаҳри Хуҷанд даъват карда шавад.

 

9 ноябри соли 1992 қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи XVI ноябри ҳамон сол, дар шаҳри Хуҷанд даъват намудани иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати 12-ум) баромад. Мақсади асосии иҷлосия ноил гардидан ба мусолиҳаи миллӣ ва бунёди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. А.Искандаров аз он давра ёдоварӣ карда, қайд мекунад, ки аксарияти намояндагон ҳатто барои рафтан ба иҷлосияи Хуҷанд худдорӣ ҳам мекарданд.

 

Комиссияи муросо ба рӯзномаи иҷлосия 23 масъаларо дохил кард. Аз ҷумлаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридшуда: бозхонди раиси Шӯрои Олӣ А. Искандаров; баррасии аризаи Р. Набиев оиди истеъфо аз мақоми президентӣ; аризаи аъзоёни раёсати Шӯрои Олӣ, Девони вазирон, муроҷиат ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; авфи умум; интихоби раиси Шӯрои Олӣ; ташкили Шӯрои вазирон ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд.

 

Дар ҷаласаи машваратии 17- уми ноябр баргузоргардида, Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда аз ногувории вазъи озуқавии вилояти Кӯлоб изҳори ақида намуд. Ӯ доир ба масъалаи ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ чунин изҳор дошт: “Ҷанги шаҳрвандӣ хисороти азимеро ба бор оварда, сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одам гардид. Даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд. Давом додани хунрезӣ беақлист ва ба он мекӯшем, ки дар ҳар як хонавода сулҳ, оромӣ ҳукмфармо бошад. Маҳз бо ҳамин мақсади олӣ мо ба иҷлосия омадем. Суханронии ӯ кӯтоҳ бошад ҳам ба масъалагузориҳои мушаххас фарқ мекард. Ин суханронӣ тавонист таваҷҷуҳи вакилонро ба худ ҷалб намояд. Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 Иҷлосия масъалаи интихоби Раиси нави Шӯрои Олиро ба миён гузошт. Ба ин вазифа аз ҷониби намояндаи халқ А.Мирзоев номзадии депутати халқ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин номзадии Изатулло Ҳаёев низ пешниҳод шуда буд, вале ӯ номзадиашро пас гирифта буд. Аз 197 вакил, ки дар иҷлосия ширкат доштанд, 186 нафар ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз дода буданд. Ҳамин тариқ иҷлосияи тақдирсоз пойдевори истиқлолияти кишварро то андозае мустаҳкам намуд ва умед ба ояндаи ҳастии Тоҷикистон пайдо шуда буд. Албатта табиист, ки сараввал ба пешниҳоди номзадии ин марди нисбатан ҷавон ва тахмину фаҳмиши иддае “дар сиёсат бетаҷриба” – Эмомалӣ Раҳмон чун амри тасодуф ба назар расид. Ҳатто дар ин бора Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, ки маро ҳатто алоҳида аз аъзоёни ҳукумат низ дар ин бобат дар он давра барои тарсончакӣ ё хиёнат сахт маломат карда буданд, ки гӯё бо мухолифин забон як карда бошам.

 

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби қувваҳои даргир хотима гузошт, истиқлолияти воқеии Тоҷикистонро ҳифз намуд ва бо хатҳои заррин дар таърихи муосири тоҷикон нақш баст. Таърихи муосири тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки танҳо дар асри гузашта ду воқеаи муҳимми таърихӣ бо қарорҳои тақдирсозашон ба миллати тоҷик умри дубора бахшанд. Агар қарорҳои таърихии Анҷумани 3-юми фавқуллодаи Шӯроҳо Тоҷикистонро аз ҳайҳати ҶШС Узбекистон бароварда бошад, пас Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист мамлакатро аз нестшавӣ наҷот бахшад ва имконият дод, ки кишваре бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намояд.

 

**Маҳмадшоҳ ДОСИЕВ,**

**номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,**

**мудири кафедраи идоракунии молияи давлатии Академия

**магистранти Академия**

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^