Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 САРВАРӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » САРВАРӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 4335
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2023, 00:04
28-01-2023, 00:04

САРВАРӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Бахш: Маълумот

Доир ба ин институти сарварӣ муҳаққиқони бузурги Ғарб ва Шарқ Афлотун, Арасту, Форобӣ, Сино, Низомулмулк, Ғаззолӣ, Макиавелли, Гегел, Маркс, Нитсше ва дигарон назарияпардозӣ намудаанд. Ақидаҳои ин мутафаккирон минбаъд дар ташаккули назарияҳои мухталифи сарварӣ нақши муассир бозиданд.

 

Аз ҷумла, Афлотун ҷомеаро ба файласуфон, ҷанговарон ва косибон тақсим мекард. Афлотун пешниҳод менамояд, ки файласуфон бояд ҷомеаро сарварӣ намоянд. Аз нигоҳи Форобӣ сарваре, ки дорои хусусиятҳои хос ба монанди тандурустӣ ва бенуқсонии узвҳои бадан, хусусияти дуруст дарк намудани воқеият ва хотираи хуб мебошад, метавонад сарвари ҷомеа бошад.

 

Сино сарвариро санъати худод медонад ва дар китоби “Шифо” менависад, ки ҳамон шахсе роҳбари ҷомеа буда метавонад, ки аз сӯи Худованд илҳом гирифтааст.

 

Вобаста ба хусусиятҳои миллӣ мутафаккирони форсу тоҷик адолат ва хирадро аз хислатҳои муҳимми сарварӣ медонанд ва чунин шарҳи медиҳанд:

 

*- аввал, ҳукмрон ва ё ҳоким шахсе аст, ки аз фаъолияти ӯ ҳаёти ҳазорон нафар вобаста аст.*

 

*- дуюм, ҳаёти ҷамъиятӣ ин раванди хеле мураккаб аст, ки идоракунии он масъулият ва ҷуръатро талаб мекунад.*

 

*- сеюм, хирадмандӣ натанҳо дар худ донишҳои диниро фаро мегирад балки донишҳои дунявиро низ бояд фарогир бошад.*

 

*- чорум, хиради сиёсатмадор ҳикмат ва зарурати қарор ва қонунҳои қобулшавандаро таъмин менамояд.*

 

Ибни Сино менависад, ки сарвар бояд аз ҳама ҳодисаҳое, ки дар давлат ва ҷомеа рӯх медиҳад, бохабар бошад. Бохабарӣ бар ҳоким қудрати иловагӣ медиҳад ва дурбинии корҳои ҳокимро таъмин менамояд.

 

Мутафаккири бузург Низомулмулк доир ба хусусиятҳои модарзодии сарвари сиёсӣ сухан ронда мегӯяд, ки ин хусусиятҳо дар ҷомеа ташаккул намеёбанд, онҳо аз сӯи Худованд маншаъ мегиранд. Ҳоким ин баргузидаи Худо  аст.

 

Макиавелли менависад, ки бояд яке аз шуғлҳои асосии шоҳ муносибати ҷиддӣ ба ҷанг бошад. Низомулмулк низ дар “Сиёсатнома” меорад, ки шоҳ бояд аз аҳволи таъминоти сипоҳ бохабар бошад.

 

Мутафаккири дигар, ки ин масъаларо омӯхтааст Гегел мебошад. Ба фикри ӯ одамони бузург – ин “қаҳрамонони” таърихи ҷаҳонианд. Лашкаркашоне, ки мустамликаҳои нави ҷаҳониро таъсис доданд, ба монанди Куруши Кабир, Искандар, Юлий Сезар, Исмоили Сомонӣ,  Наполеон ҳамчун шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ ҳастанд, ки тавонистаанд маҷрои дунёи инсониятро тағйир диҳанд.

 

Чунин нуқтаи назар дар афкори мутафаккирони форсу тоҷик низ ҷой дорад, ки онҳо сарварро “Сояи Худо дар замин медонанд”. Ин нуқта дар навиштаҳои Муҳаммад Ғазолӣ бештар ба назар мерасад. Ӯ менависад: «мавқеи ҳоким аз хоҳиш ва интихоби халқ вобаста набуда, он решаи илоҳӣ дорад». Сарвари сиёсии Ғазолӣ дорои хусусияти фавқултабиӣ аст. Сарвари Ғазолӣ дорои мустақилияти муайян аст. «Дасти шоҳ озод аст ҳам барои адолат ва ҳам барои ҷаҳолат ва ягон меъёр ӯро дар назди додгоҳи инсоният муттаҳам карда наметавонад» Хусусиятҳои сарвари аз нигоҳи  Ғазолӣ: ин шахси баргузидаи Худо аст, дар ҷомеаи инсонӣ бартарии дахлнопазирӣ дорад, тарафдори дини ҳақ аст, сарвари харизматик аст.

 

Ф.Нитсше низ дидгоҳи хоси худро дорад. Мақсади рушди инсониятро дар нажод, каста ва типи биологии инсони олӣ медонад. Маҳз таҳқиқоти минбаъдаи муҳаққиқон дар масъалаи сарварӣ хусусияти объективӣ касб менамояд.

 

Аз мутафакирони тоҷик Аҳмади Дониш (1875-1882) ба ин масъала диққати бештар дода, масъалаи сарвариро объективона баҳо медиҳад ва 10 шарти сарвариро муайян намудааст, ки дутои онҳо чунин омадааст:

 

1. Дар ҳукм сухан ба мадоро гӯяд ва бе мӯҷиб дуруштӣ накунад ва аз шунидани ҳуҷҷати бисёр малул нагардад. Ва аз сухан гуфтан бо заифону масокин нанг надорад.

 

2. Он ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад. Ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, ки бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард.

 

Ҳамин тариқ роҳбарият, менеҷмент – мафҳум ва ё феноменест, ки дар низоми муносибатҳоӣ расмӣ ҷой дорад. Сарварӣ бошад, феноменест, ки дар асоси муносибатҳои ғайрирасмӣ пайдо мегардад. Нақши менеҷер пешакӣ муайян шудааст. Доираи функсияҳои вазифавии ӯро амалисозанда муайян аст. Нақши сарвар бошад, вазъиятӣ буда, ногоҳ пайдо мешавад ва дар ҷадвали штатии корхона дарҷ нагаштааст.

 

Менеҷер ва ё роҳбари иттиҳодия аз берун аз тарафи роҳбарияти болоӣ таъйин шуда, ваколатҳои махсусро соҳиб мешавад ва дорои ҳуқуқи истифодаи муҷозот (ҳам созанда ва ҳам носозгор) аст. Сарвар бошад, аз тарафи одамони ӯро иҳотакарда, ки дар воқеият ҷойгоҳи ба ӯ баробар доранд (ва ё ақалан наздик ҳастанд), қабул мегардад.

 

Ҳам менеҷер ва ҳам сарвар воситаи муттаҳидсозанда, ташкилкунандаи муносибати аъзоёни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва воситаи идоракунии онҳо мебошанд. Ҳар ду ҳам раванди таъсири иҷтимоиро дар гурӯҳ амалӣ месозанд. Ҳамин тариқ, аксар вақт сарварӣ ба роҳбарӣ мегузарад. Дар замони мо роҳбари хуб – одамест, ки дар як вақт сарвар аст ва метавонад тобеони худро идора намояд. Менеҷер на ҳамеша сарвар аст. Сарвар ҳам менеҷер нест.

 

Ралф Стогдилл – психологи америкоӣ номгӯи сифатҳои сарвар-роҳбаладро чунин номбар кардааст:

 

*1) сифатҳои ҷисмонӣ - фаъол, ғаюр, солим, пурқувват;*

 

*2) сифатҳои шахсӣ – қобилияти мувофиқшавӣ, устуворӣ, муътамадӣ, кӯшиш ба мувофақият;*

 

*3) сифатҳои зеҳнӣ - ақл, маҳорати қабул кардани қарори зарурӣ, интуитивӣ, оғози эҷодӣ;*

 

*4) қобилиятӣ – ҳамкорӣ, муоширати озод, боодобӣ, дипломатӣ.*

 

Сарвар нисбат ба роҳбалад ҷиддитар аст. Дар қатори талқин ва боваркунонидан ӯро зарур меояд, ки ҳар замон таҷрибаи худро ташвиқ намояд.

 

Сарвари созанда тамоми кӯшиши худро ба он сарф мекунад, ки вазифаҳои ба зиммаи гурӯҳ гузошташуда иҷро карда шаванд.

 

Сарвари каммасъулият барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ, муқобили манфиатҳои гурӯҳ баромад мекунад, чунин мешуморад, ки танҳо роҳи пешниҳодкардаи ӯ ба муваффақият бурда расонида метавонад.

 

Услуби сарварӣ аз услуби роҳбарӣ фарқ мекунад. Дар зери услуби роҳбарӣ маҷмуи методҳои таъсирасонӣ ба зердастон, ки роҳбар барои тарз, одат, характери иҷрои ҳамин методҳо истифода мебарад, фаҳмида мешавад.

 

Дар айни замон намудҳои гуногуни роҳбарӣ мавҷуд аст, ки аз ҳама маъруфаш типологияи Курд Левин мебошад:  авторитарӣ, демократӣ, бетарафӣ (ё худсарӣ).

 

Ин услубҳо аз рӯи характери қабули қарор, дараҷаи ваколатдиҳӣ ба вакилон, шаклҳои назорат, маҷмуи муҷозотҳои истифодашуда ва ғайраҳо фарқ мекунанд. Вале фарқияти асосии он, ба ҳар ҳол, методҳои беҳтарини идоракунӣ: фармоишҳои афзалиятноки дастаҷамъона, мушоҳидавӣ, бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоию психологии идоракунӣ мебошад.

 

Аз ин рӯ, ҳама чиз ба вазъияти мушаххас вобаста аст, ки дар навбати худ, шароити фаъолияти гурӯҳ, характери вазифаи ҳалшаванда, тахассуси иҷрокунандагон, давомнокии ҳамкориҳоро муайян мекунад.

 

Ренсис Лайкерт чор низоми асосии роҳбариро ҷудо кардааст:

 

Низоми аввал (якум) – ба ин низом роҳбарони типи авторитарӣ-истисмориро дохил мекунанд, ки он маҷмуи сифатҳои фардии автократро дар бар мегирад.

 

Низоми дуюм – ин низом роҳбарони типи авторитарии хайрхоҳонаро дар бар мегирад, ки муносибатҳои авторитариро нисбат ба зертобеон тарафдоранд, вале ба онҳо иҷозат медиҳанд, ки баъзан дар қабули қарорҳо иштирок намоянд.

 

Низоми сеюм – роҳбароне, ки ба ин низом тааллуқ доранд, услуби машваратӣ-демократии роҳбариро истифода мебаранд. Бо эътимоди баланд, вале ба зердастон комилан бовар накарда, онҳо аз аъзоёни коллектив муносибати хубро интизор мешаванд ва ба пешниҳоди алтернативаҳои нав имкон медиҳанд.

 

Низоми чорум - ҳалли гурӯҳӣ ва иштироки фаъолонаи аъзоёни коллектив дар қабули қарорҳо мебошад. Роҳбарон комилан ба тобеони худ боварӣ дошта, бо онҳо дӯстона муносибат мекунанд ва пеш аз ҳама, дар идоракунии коллектив ба марказгурезӣ майл доранд.

 

Ба сифати услуби муосири роҳбарӣ, олимон услуби идоракунии шарикиро пешниҳод менамоянд, ки нишонаҳои асосии он чунин аст:

 

- *машваратҳои мунтазами роҳбар бо зердастон;*

 

*- самимият дар муносибати байни роҳбар ва тобеон;*

 

*- ҷалби зердастон дар таҳия ва қабули қарорҳои ташкилӣ;*

 

*Ин тип, дар ташкилотҳое инкишоф меёбад, ки коргарон дорои тахассуси баланди касбӣ буда, ба инноватсия рағбат доранд.*

 

Агар сарвар боз раҳбар ҳам бошад, пас ҳокимият расман ба ӯ мансуб аст. Дар ин ҳолат ҳокимият қонунӣ буда, ҳуқуқ дорад ба зердастон ҳангоми иҷрои вазифаҳои гуногун супориш диҳад ё барои ҳавасмандкунӣ ё ҷазо додан фармоишҳо содир намояд. Бинобар ин, коркарди мувофиқи идроки фармоишҳо, ин методи дурусти муошират байни тобеъон ва роҳбар мебошад.

 

Хусусиятҳои хоси тафаккурро, ки ба сарварон хос аст, ба чандирӣ-догматикӣ, сермаҳсулӣ, суръат ва таҳлили тафаккур ҷудо мекунанд.

 

Чандирӣ-догматикӣ. Барои сарвари догматикӣ анъана, расму қоида, принсипҳо ҳангоми идроки маълумоти нав ва ҳангоми қабули қарор бениҳоят муҳим аст. Сермаҳсулии тафаккур қобилиятҳои сарварро барои тавлиди ҳақиқати афкори инноватсионӣ ва асоснок инъикос менамояд. Чунки дар назди сарвар аксар вақт вазифаи зуд ва мустақилона қабул кардани қарор, таҳияи тарзи нави масъала, бе такя бар маслиҳатчиёну экспертон меистад.

 

Тафаккури таҳлилӣ. Агар дар сарвар майли вазъиятро таҳлил кардан набошаду, вале тамоюли рӯякии он ҳамчун маънои «хуб» ё «бад» дарк карда шавад, пас чунин сарвар мавқеи ҳокимии худро дер нигоҳ дошта наметавонад.

 

Сарварӣ – ин пеш аз ҳама, муносибати устод ва шогирд мебошад. Сарвар ба атрофиёни худ дониш ва арзишҳои ахлоқӣ медиҳад. Бинобар ин, дар комёбӣ ё нокомӣ симои ахлоқии ӯ нақши калидӣ дорад.

 

Сарварӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Худро бахшидан ба ободонии ватан, миллат ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он, тайёр кардани ворисони арзанда. Сарвари арзандаю аз чониби мардум (кормандон) мақбулшуморида – шахсе аст, ки корҳою фаъолияташро мардум қабул ва эҳтиром мекунанд.

> **Яке аз омилҳои асосии таъсиркунандаи сарвар ин эҳтироми фарҳанги миллӣ мебошад. Фазилатҳои сарварӣ дар мактаби давлатдории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ мисоли равшан ва босамари чунин аъмоли таърихист. Бе муҳобот метавон гуфт, ки эҳё ва ташаккули давлатдории навини тоҷикон маҳз ба шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллат ҳамбастагии хоса ва калидӣ дорад.**

 

Маҳз ҳамин Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон сабаб гашт, то миллати тоҷик дар майдони шинохти дигар миллатҳо қарор гирифта, аз тамаддуни волои худ ба ҷаҳониён дарак дод ва ҷойгоҳу мақоми худро чун як ҷузъи комил дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ пайдо намуд.

 

**Мирзотоҳир ОЛИМОВ,**

 

**магистранти “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”**

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^