Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки мегӯянд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар як сокини сайёра аст”.
Имрӯзҳо баъзе аз давлатҳои аҷнабӣ идеология ва амалҳои зишту касифи ташкилотҳои террористии байналмилалиро дастгирӣ ва пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳамчун “олот” барои ноил шудан ба ҳадафҳои геопалитики ва нопоки худ истифода мебаранд, ки вазъиятро боз ҳам тезу тунд мегардонад. Дар ин асно пайдо гардидани ҷавонони тоҷик низ кам нестанд, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон бо мақсади ба дастовардани маблағ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сиёсати кунунии давлати мо туҳмату буҳтонҳо зада мехоҳанд, бо ин амалҳои зишту разилонаи худ боз ба сари ин миллати тамаддунофару сулҳхоҳ солҳои ҷанги шаҳрвандиро биёранду ба ин восита ба сари қукдрат биёянд.
Теъдоди зиёди мардуми мусалмонтабор, ки аз фарҳангу маданияти исломӣ хуб воқиф нестанд ба идеяҳои хайёлии таҳрифшудаи ҷосусони аҷнабӣ дар роҳи ташкил кардани “хилофоти исломӣ” фирефта шуда, бо дасти худ мардуми мусалмонро ба қатл расонида, манфиатҳои пардапӯши душманони дини мубини Исломро ҳимоят менамоянд, ки мо ҷавонони равшанфикри тоҷикро зарур аст, ки ба гуфтаҳои ин ашхоси палиду разил дода нашуда, зираки сиёсиро аз даст надиҳему бо қадамҳои устувор барои пешрафт ва ба як давлати тараққи кардаи дунё табдилдодани Тоҷикистони азиз аз тамоми роҳу васила истифода намуда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони худ ҷамъоем.
Нигина Ватанова