Касе ки миллати хешро мефурӯшад лакаи доғи таърих мегардад, ки арзиши як партови роҳро надорад.
Инсони комилақлу, инсони соҳибдониш ҳеҷгоҳ миллати худро пеши дигарон намефурӯшад, зеро ки хиёнат ба миллат ин нобахшиданист!
Бисёре аз саркардаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханрони намуда, мағзи инсонҳоро шустушӯй менамоянд ва бо ин тариқа мехоҳанд, ки пайравони гурӯҳҳои террористию экстремистиро зиёд гардонанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки умри инсон кӯтоҳ ва зиндагӣ такрор нашаванда аст ва мо бояд фирефтаи ҳеҷ як гурӯҳои террористию экстремисти нашуда, баҳри ободию хуррамӣ ва осудагиву ҷовидонагӣ талош варзем ва фарзандони хешро низ дар масири дӯстдорию муҳаббат ва хештаншиносю худогоҳи тарбият намоем.