Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд
Информация к новости
  • Просмотров: 8219
  • Автор: admin
  • Дата: 15-07-2018, 09:27
15-07-2018, 09:27

ТАРКИШ: амали террористие, ки баъди 22 сол ошкор шуд

Бахш: Хабар

Амали террористӣ ҷиноятест, ки бар зидди асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти шахс, ҷомеа ва давлат равона мешавад. Мақсади асосии тарҳрезони он аз байн бурдани оромию субот, мураккаб сохтани вазъият, заиф намудани сохторҳои қонунии идораи давлатӣ мебошад.

Маъмулан, актҳои террористӣ аз тарафи душман ба таври хеле махфӣ ва айёрона тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷа, таҳқиқу ошкор намудани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашидани унсурҳои ҷинояткор ва супоришдиҳандагони бевоситаи онҳо дар аксари ҳолатҳо даҳсолаҳо тӯл мекашад.

Ба туфайли нишон додани масъулияти баланди тахассусӣ, аз тарафи ниҳодҳои тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гиреҳи як акти террористӣ боз карда шуд, ки ҳанӯз дар соли 1996 аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ амалӣ карда шудааст.

Барои касе пӯшида нест, ки солҳои 90-уми асри гузашта давлати ҷавон ва тоза ба истиқлолиятрасидаи Тоҷикистон дар ҳоли эъмори пояҳои нахустини давлатдорӣ қарор дошт ва ҳамзамон барои хомӯш намудани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ талош мекард.

Аз ин вазъият истифода бурда, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, бо дастур, роҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони маълуми хориҷии худ, ба ҳар гуна амалҳои даҳшатноки террористӣ даст мезаданд. Онҳо мақсад доштанд вазъиятро ноором созанд, дар қалби сокинони ҷумҳурӣ тарс ва ҳисси нобовариро нисбат ба сохторҳои давлатӣ бедор намоянд.

18 июни соли 1996 дар хиёбони И.Сомонии шаҳри Душанбе, автобуси ҳарбии тамғаи «Урал»,  рақами давлатиаш 02-07 БС, ки ба қисми ҳарбии 07009-и Вазорати мудофиаи ҶТ тааллуқ дошт, аз тарафи шахсони номаълум мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Дар натиҷа, хизматчиёни қисми ҳарбии зикршуда Меҳмон Ҳисочаев, Абдулазиз Абдулҳамидович Шукуров, Частухин Георгий Вячеславович, Ишанова Наталя Борисовна, Шутов Георгий Григоревич, Григорчук Василий Семёнович, Капланов Алӣ Суннатович, Престурякова С., Овчинникова В., Зайниева Л. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ишанова Наталя Борисовна бар асари захмҳои бардоштааш ба ҳалокат расид.

Дар робита бо қазияи мазкур аз тарафи мақомоти тафтишотӣ, бо дастрасии моддаҳои 15-63 қисми 1-и КҶ ҶТ (сӯиқасд ба акти террористӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардиданд.

Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ муайян шуд, ки сокинони маҳаллаи 102-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Сафро Сиддиқова, Сиддиқов Ҷамшед Таварбекович ва Азимова Фотима Рашидовна ду нафар аз ашхоси мусаллаҳи ба автобуси ҳарбӣ ҳамланамударо бо чашми худ дидаанд ва яке аз онҳо Раҷабов Хуршед Аҳтамович, соли таваллудаш соли 1970, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  мебошад.

Дар асоси нишондоди шоҳидон, 30 июни соли 1996 гумонбаршуда Раҷабов Хуршед Аҳтамович боздошт ва бо дастрасии моддаи 83-и КМҶ ҶТ нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда мешавад.

Аммо Раҷабов Хуршед ва шарикони ҷиноятии ӯ шоҳидон Сафро Сиддиқова, Ҷамшед Сиддиқов ва Фотима Азимоваро бо зӯри силоҳи оташфишон ва таҳдиди нест намудани аҳли хонаводаашон маҷбур месозанд, ки нишондодҳои қаблан додаи худро инкор намоянд. Фотима Азимова аз тарс манзили зисташро фурӯхта, бо аҳли оилааш барои истиқомати доимӣ ба Федератсияи Россия мекӯчад. Дар натиҷа, Хуршед Раҷабов бо тағйир додани чораи пешгирӣ, яъне гирифтани забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат, аз ҳабси пешакӣ озод карда мешавад.

Аз фурсат истифода бурда, ҷинояткор Хуршед Раҷабов аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор мекунад ва дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ пинҳон мешавад.

Ҷинояткор гумон дошт, ки бо сипарӣ шудани муддати дуру дароз амали ҷиноятиаш аз ёдҳо фаромӯш мешавад.

Вале қонун ҳаргиз дар муқобили ҷинояту ҷинояткор беамалиро ихтиёр намекунад. Раҷабов Хуршед Аҳтамович муддати 22 сол дар кофтукови ҷиноятӣ қарор дошт ва чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбаташ гузаронида мешуданд.

26 июни соли соли 2018 Хуршед Раҷабов ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ному насаби дигар, аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуд.

Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, пурсиши такрории шоҳидони қаблӣ сурат гирифт.

Дар нишондоди худ Хуршед Раҷабов зикр менамояд, ки ӯ солҳои 1993-1994, бо се нафар аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо номҳои Алишер, Абдулло ва Шамик (номҳои дигараш Шамил ва Шамс), истиқоматкунандагони маҳаллаҳои “Автобазаи 3-юм”, “Док” ва кӯчаи Чехови шаҳри Душанбе шинос шуд ва онҳо ӯро ба гурӯҳи ҷиноятии худ ворид намуданд. Сарварии гурӯҳро Алишер ба уҳда дошт. Онҳо ҳамеша бо худ силоҳ доштанд. Узви ҳизби наҳзати исломӣ буданашонро пинҳон намекарданд ва Хуршед Раҷабовро низ моил сохтанд, ки узвияти ин ҳизбро бипазирад.

Тибқи гуфтаи Хуршед Раҷабов, ин се нафар пайваста дар бораи наздикиашон ба Абдуҳалим Назарзода, ё ба гуфти худи онҳо «Ҳоҷӣ Ҳалим» нақл мекарданд. Алишер ҳамеша ба назди Ҳоҷӣ Халим мерафт ва супоришҳои махсуси ӯро ба аъзоёни гурӯҳ мерасонид.

Дар робита бо сӯиқасд ба ҷони низомиён, Хуршед Раҷабов, тавассути Алишер, супориши Ҳоҷӣ Ҳалимро мегирад, ки муддати ду шабонарӯз хатсайри автобуси хизматчиёни ҳарбиро омӯхта, самт, соату дақиқаи ҳаракати онро дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе муайян созад ва нақшаи онро ба Алишер диҳад.

Баъди анҷом додани ин дастур, Алишер ба Раҷабов Хуршед 300 доллари амрикоӣ дода, ваъда медиҳад, ки ӯро дар назди «Ҳоҷӣ Ҳалим» бо кор таъмин мекунад.

Сипас, тибқи дастури навбатии  Абдуҳалим Назарзода, Хуршед Раҷабов бо ҳаммаслакони ҷиноятиаш рӯзи 18 июни соли 1996 ҳамлаи мусаллаҳонаро ба автобуси низомиёни Вазорати мудофиа анҷом медиҳанд. Ҳангоми тирпарронӣ ва гурехтан аз ҷои ҳодиса, шоҳидони воқеӣ Хуршед Раҷабовро бо дигар шарики ҷиноятиаш мебинанд.

Айни замон, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нисбат ба дигар ҷинояткорони дар ин амали террористӣ дастдошта идома доранд.

Даст доштани роҳбарон, аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ дар тарҳрезию амалӣ намудани актҳои даҳшатноки террористӣ бори дигар собит гардид. Бо вуҷуди ин, роҳбарони фирории ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони ғаразҷӯи хориҷиашон ҳанӯз аз ниятҳои аҳримании худ даст кашиданӣ нестанд.

Вале онҳо бояд бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ хиёнату ҷиноятҳои содиркардаашон пӯшида намемонанд. Чуноне, ки амали қотилонаи 22-сол пеш анҷомдодаашон, имрӯз ошкор карда шуд.

***

Ронандаи автобуси «Урал»-и қисми низомии 01009-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Капланов Алӣ Суннатович:

— Ман дар қисми низомии № 01009-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ронанда кор мекардам. Субҳи 18 июли соли 1996 барои хизматчиёни ҳарбӣ ба тарафи шаҳр равона шудам. Аз гардиши назди Таваллудхонаи №3 мошинро гардондам ва дар истгоҳ истодам. Дар ин замон бояд якчанд нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ба мошини ман савор мешуданд. Онҳо ба саворшавӣ сар карда буданд, ки дар ин ҳолат як таркиши сахт ба вуҷуд омад. Дар ин ҳолат ман ба ин тараф он тараф нигоҳ кардам. Аз тарафи чапи ман, наздикии маҳаллаи Қозоқон як дуди ғализ баромад, ки ман ҳайрон шудам аз чӣ бошад? Дар ин ҳолат боз норинҷак партофтанд. Аз тарафи рост ду кас фаромад аз бари ман ва ман аз пушти онҳо фаромадам, ки таркиш ба вуҷуд омад. Баъди таркиш тавассути силоҳи оташфишони Автомат ба тарафи автобус паронданд. Дар натиҷа як нафар ҳалок гардида, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Нафақахӯри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Сулаймон Сафарович:

— Рӯзи 18 июли соли 1996 тақрибан соатҳои 07:00 — 07:10 дар истгоҳи Маркази ташхисӣ ман ба мошини хизматӣ савор шудаму то истгоҳи Таваллудхонаи №3-и наздикии маҳаллаи «Қазоқон» ҳозир шудем. Вақте ки мо дар назди ин Таваллудхона истодем. Дар вақти саворшавии онҳое, ки ҳамроҳии мо ба маҳалли хизматӣ мерафтанд, тире бо садои даҳшатноки ҳуштакдор ба болои мошин дар баландии ним ё як метр гузашт. Он тарафи роҳ нигоҳ кардем, ки аз ҳавлӣ чангу дуд ба ҳаво хест. Дар назди мошини мо низ норинчак таркид, ки дар натиҷа мошини вазнин қариб буд чаппа шавад. Баъди ин боз садои таркиши баландтар шунида шуду ҷониби мошин тирпаронӣ сурат гирифт.

Нафақахӯри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукуров Абдулазиз Абдулҳамидович:

— 18 июли соли 1996 ба маҳали хизмат рафта истода будам, ки дар назди Таваллудхонаи №3-и маҳаллаи 103-юи микрорайон аз тарафи шахсони номаълум ба ҷониби мо ҳамла сурат гирифт. Садои таркиши гранатаминёт шунида шуд. Дар таги автобус норинҷак таркид. Афтобус баъди 40-45 сония мавриди тирборон қарор гирифт, ки дар нитиҷаи он 1 нафар ҳалок ва 9 нафари дигар захмӣ гардиданд. Шахсан ман аз се ҷойи баданам ярадор шудам. Ҳоло ҳам захми пораҳои норинҷак дар дастам аёнанд. Ана инҷо онҷо ва инҷо.

Шоҳид Сафро Сиддиқова:

— 18 июли соли 1996, пагоҳирӯзӣ вақте ки аз хоб хестам, тахминан соати 07:00 буд, ки садои баланди тирпаронӣ шунида шуд. Мо фикр кардем, ки боз ҷанг сар шуд. Баъди ин садо ду нафар, ки дар дасти яке пистолету дар дасти дигарӣ автомат буд, аз назди мо давида ба болои девор парида, ба хонаи ҳамсоя даромаданд. Ман яктои онҳоро шинохтам, ки ӯ Хуршед Раҷабов буд. Ҳамсоя ҳам омада гуфт, ки он ҷавони силоҳдор Хуршед буд ва маро бо силоҳ таҳдид кард, ки агар садо баланд кунӣ туро мепаронам. Вақте ки Хуршед аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардиду корҳои тафтишотӣ сар шуд, наздикони Хуршед ба хонаи мо омада маро таҳдид карданд, ки ба ин шоҳидӣ надиҳам.

Шоҳид Сиддиқов Ҷамшед Таварбекович:

— 18 июли соли 1996 ман аз хоб хеста дар кӯча ду шахсро дидам,ки яке зардинаи қоматбаланд бо куртаи сафед ва дуюми худи Хуршед Раҷабов бо пероҳани сиёҳ буд. Курта сафед маро бозпурсӣ карду Хуршед аз поён назора дошт. Дар ҳамин ҳангом Хуршед фарёд зад, ки «омаданд». Дигар ин ҳамроҳаш ба ман эътибор надода, ҷониби Хуршед давида рафт. Онҳо як гранатаминётро ҳамон ҷониб холӣ карданду ду норинҷакро  ҳам ҳаво доданд. Баъд тавассути автомат тир холӣ карданд. Модарам, ки дар ҳавлӣ буд онҳоро дид. Аз зери назари модарам бо болои девор парида, хонаи ҳамсоя гурехтанд. Пас аз дастгир гардидани Хуршед Раҷабов шариконаш омада бо силоҳ модарамро таҳдид карданд, ки агар шоҳидӣ диҳед ҳама аҳли оилаатонро мепаронем.

Боздоштшуда Раҷабов Хуршед Аҳтамович:

— Соли 1996 ман дар Пивозаводи маҳаллаи Чехов кор мекардам. Ба наздам Шамак омад, ки ӯ сокини маҳаллаи Чехов аст. Баъди аҳволпурсӣ ӯ ваъда кард, ки ба наздикӣ бароят кори хубе пайдо мекунам. Баъди якчанд рӯз ду нафар дар мошини тамғаи жигулӣ 06 ба назди ман омада шинос шуданд, ки номи яке Алишеру исми дигарӣ Абдулло буд. Онҳо гуфтанд, ки мо аз ту кори зиёд талаб надорем. Танҳо ба мо гӯй, ки автобуси  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати чанд меояд ва соати чанд меравад? Ман гуфтам ҳама медонад инро. Онҳо гуфтанд барои мо аниқу даққиқаш дар нақшаи алоҳида лозим, ки бо кадом роҳ чӣ гуна меоянду чӣ тавр мераванд. Як рӯз баъд боз бо ҳамон мошин Алишеру Абдулло омаданд. Шамак набуд. Дар дохили мошин нақшаи омаду рафти автобуси Вазорати мудофиаро аз ҷайб бароварда, фаҳмондам, ки автобус аз гардиши маҳаллаи 82 тоб хӯрда, тарафи маҳаллаи 102 ҳаракат мекунад. Аз назди гардиши Таваллудхонаи № 3 ҷониби поён то Мактаб меравад. Онҳо нақшаро гирифта, ба ман 300 доллари амрикоӣ дода, гуфтанд, ки аъзоёни Ҳизби наҳзати исломем. Командирамон Ҳоҷи Ҳалим мебошад. Ту аз ҳеҷ чиз натарс. Қумандони мо  шахси буқувват аст.

https://www.youtube.com/watch?v=j_7s4y0OIy8

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^