Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 10 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 4589
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:15
30-12-2022, 13:15

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Категория: Хабар

    Бо таваҷҷӯҳ ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои пулию молӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, расонида мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гуруҳи кории мақомот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло ба тарбиятгирандагони интернати вилоятии наздимактабии деҳаи Шаидон тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ба онҳо хони идона ороста шуд. Толибилмони ин боргоҳ, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои ниёзманд ва бесаробонмонда мебошанд, аз ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расониданд. 

    Инчунин раиси ноҳия ба аёдати якчанд нафар маъюбону барҷомондагони деҳоти Сари Хосор рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои пулӣ расониданд. Зимни тақдими тӯҳфаҳо дар интернат ва хонаи ниёзмандон раиси ноҳия бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор додааст ва онҳоро ваъда доданд, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 4639
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:14
30-12-2022, 13:14

ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОН - ҒАМХОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ!

Категория: Хабар

   Дирӯз раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 дидан намуда, ба зиёда аз 20 нафар хонандагони ятиму бепарастор ва ниёзманд тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Ин ташаббуси раиси ноҳия аз сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, асоси мантиқии онро таъмини зиндагии шоиста ва таҳти ғамхорӣ қарор доштани наврасони ниёзманд, ташкил медиҳад. Хайру саховат ба ин ашхос беҳтарин хислати инсонист.

Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, ки дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад хам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд. ... 

     Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушхолианд. Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳат ва афсурдагӣ вохурем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд.

    Ҳамзамон раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр дар муассисаи мазкур дар чорабинии соати тарбиявӣ вобаста ба хатми китоби Алифбо иштирок намуда, ба дуструякон китоби нави таълимӣ, яъне Забони модариро супориданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 4382
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:13
30-12-2022, 13:13

АЁДАТ ВА РАСОНИДАНИ КУМАКҲО БА ҶАВОНОНИ МАЪЮБУ ЯТИМ

Категория: Хабар

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсондустонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ниёзманд доимо зери сарпарастӣ ва дастгирии сохторҳои дахлдор қарор доранд.  Бо мақсади амалисозии иқдомҳои ғамхоронаи Сарвари давлат санаи 28 декабри соли равон бахшида ба Соли нави мелодӣ аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба 8 нафар ҷавонони ятиму ниёзманд тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Информация к новости
  • Просмотров: 4396
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:12
30-12-2022, 13:12

ИНСОНИ НЕК ПАЙВАСТА ДӮСТДОРИ ХАЛҚ АСТ!

Категория: Хабар

     Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ Раиси ноҳияи Балҷувон узви фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳия бо пайрави аз сиёсати ободкоронаву инсондӯстона ва ғамхоронаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як иду ҷашнҳо бо ташаббусҳои неку инсондӯстонаи хеш дили ҳазорон ятимону беҷорагон ва ниёзмандонро шод мегардонад, ки ин аз фазилати баланди инсонӣ ва роҳбари ғамхору нексиришт буданаш дарак медиҳад.

  Баҳри ободиву пешрафти диёр саҳми шоиста гузошта, дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояш таъкид месозад, ки ҳамчун фарзандони бо нангу ори Тоҷикистони азиз бояд мо аз мактаби созандагиву сулҳҷуёнаи Пешвои миллат панд гирифта, саҳмгузори меҳани аҷдодии хеш бошем.

Информация к новости
  • Просмотров: 4648
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:11
30-12-2022, 13:11

ПАЁМ РОҲКУШОИ МО ҶАВОНОН

Категория: Хабар

     Аз Паём то Паём дар дили ҳар яки мо нисбат ба пешравиву ободии мамлакати азизамон меҳру муҳҳабат бисёр гардида, ободии Ватан қарзи имониву ҷонии мо хосатан ҷавонон аст.

 

    Паём роҳкушои ҷавонон ва маҳаки далериву шуҷоатмандии мост!

      

        Паёми навбатии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ,  ки санаи  23 декабри  соли 2022 доир  гардид, барои мардуми шарафманди кишварамон роҳнамоест, ки  барои давом додани фаъолияту ташаббуси ҳар як шаҳрванд баҳри ободкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. 

        Дар  Паёми худ Роҳбари давлат ба  Маҷлиси Олӣ ва аҳли зиёи кишвар қайд намуданд, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 4617
  • Автор: admin
  • Дата: 29-12-2022, 01:37
29-12-2022, 01:37

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Категория: Хабар

Бо таваҷҷӯҳ ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои пулию молӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, расонида мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гуруҳи кории мақомот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло ба тарбиятгирандагони интернати вилоятии наздимактабии деҳаи Шаидон тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ба онҳо хони идона ороста шуд. Толибилмони ин боргоҳ, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои ниёзманд ва бесаробонмонда мебошанд, аз ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расониданд. 

    Инчунин раиси ноҳия ба аёдати якчанд нафар маъюбону барҷомондагони деҳоти Сари Хосор рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои пулӣ расониданд. Зимни тақдими тӯҳфаҳо дар интернат ва хонаи ниёзмандон раиси ноҳия бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор додааст ва онҳоро ваъда доданд, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 4455
  • Автор: admin
  • Дата: 27-12-2022, 19:45
27-12-2022, 19:45

ЗАХМЕ, КИ БАР ҶИСМИ ВАТАН МЕРАСАД, БАР ДИЛИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Категория: Хабар

Вокуниш:Мо мардуми шарифи тоҷик, ки ватандӯсту меҳанпараст ҳастем, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми кишвари азизамон омода ҳастем. Гузаштагони мо устодон Садриддини Айни, Бобоҷон  Ғафур ва ҳазорҳо мисли онҳо родмардони Ватан баҳри ҳар як пораи кишвар хун рехта, миллату давлати худро ҳимоя намудаанд ва ҷонбозиҳои онҳо барои мо намунаи ибрат мебошад.

Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилии марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, ки ин 211 000 гектар замин ва баҳси ҳуҷҷатҳост. Моҳият ва аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд то мавзӯи гуфтугӯҳо мушахас гашта, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта ва роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд.  

Аммо ҷониби Қирғизистон  аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият  манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани  ин заминҳоро исбот мекунад.  Бо ин кор Қирғизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёрдоштаи худро расмияти ҳуқуқи бахшад.           

Мардуми Шарифи Тоҷикистон даъвоҳои  беасоси давлати ҳамсоя- Қирғизистонро дар масъалаи гирифтану соҳиб шудан ба  маҳалли Ворухи Тоҷикистон, мо мардуми бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯз Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Аз ватандорию ватандӯстии миллати тоҷик аз азал тамоми ҷаҳониён дар ҳайрат буданд ва дар ҳайрат хоҳанд монд. Чунки барои мо – меҳанпарастӣ  аз ҳифзи ҳар як ваҷаби кишварамон оғоз ёфта, то сарсабзу  обод намудани он давом меёбад. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар хуни мо ҷорӣ аст!

Ҳар як санги кишвар, ҳар як ваҷаби он барои мо азизу мӯътабар аст! Мо ҳамаи онҳоеро, ки бо иқдом ва нияти нек ба кишварамон назар меафкананд, бо меҳрубонӣ қабул менамоем, аммо онҳое, ки бо ниятҳои нопок дастдарозӣ карданӣ мешаванд, дасташонро кӯтоҳ менамоем!

Шодиева Нозанин 

Информация к новости
  • Просмотров: 4731
  • Автор: admin
  • Дата: 24-12-2022, 00:30
24-12-2022, 00:30

ВАТАНДӮСТӢ ВАСИЛАИ МУҲИММИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ АЗ ХАТАРУ ТАҲДИДҲО.

Категория: Хабар

Чанд нукта дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 Чун анъана имрӯз 23 декабри соли 2022 Паёми Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми навбатии Президенти кишвар дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карда истодаанд. Вобаста ба ин дар Паёми Пешвои миллат махсус зикр гардид, ки “Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”. 

 

 Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат дар баробари он, ки дастовардҳои ҳама соҳаҳо ва вазъи онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ҳамзамон яке аз самтҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт, ин таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳад ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷаҳони муосирро мураккаб арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ суботу оромӣ ва амнияти ҷаҳонро халалдор намуда истодааст. Тавре дар Паём зикр гардид: “Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд”. 

Информация к новости
  • Просмотров: 4576
  • Автор: admin
  • Дата: 22-12-2022, 20:32
22-12-2022, 20:32

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Категория: Хабар

Вокуниш. Вобаста ба вазъияте, ки  имрӯз  дар ҷаҳон ба  амал  омадааст, яке аз самтҳои  афзалиятноки  сиёсати сарони давлатҳо, ин  мубориза  бар зидди  экстремизм  ва  терроризм  мебошад.

  Бинобар  ин  таҳқиқ  ва баррасии  экстремизм   зинаи аввали  инкишофи гурӯҳҳои  канориро ташкил менамояд. Қурбони терроризм  дар  ин  ё он  минтақа асосан ҷавонон мебошанд.

Чуноне, ки таҷрибаи  мамлакатҳои гуногуни  олам нишон медиҳанд  дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат  кӯшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба этиқоди  динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ  бар зидди ақидаҳои диннии онҳост. Дар олами муосир  хатари терроризм  ва гурӯҳҳои ифратгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.  Экстремизми  сиёсӣ аслан аз ғояи фаъоляти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавасути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад.  Аз ин рӯ  ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гурӯҳҳои терроризмро  биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти  кишвар  ҳифз  гардад. Ақидаи мазкур хусусан  дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хело расмӣ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд.

Ифратгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъоляти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Ба мо ҳамагон лозим аст, ки кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем.  

 

Аджикова Шоҳсанам

Информация к новости
  • Просмотров: 1410
  • Автор: admin
  • Дата: 20-12-2022, 20:38
20-12-2022, 20:38

Амалҳои нангини ТЭТ ҲНИ маҳкум месозем!

Категория: Хабар

Вокуниш: Имрузҳо мо дар шабакаи иттилоотии ҷаҳонии интернет ба воқеаҳое ва амалҳои нангине дучор меоем, ки боиси нафрат ва нигаронии ҷомеа мегардад. Чун мафҳуми ягонаи терроризм ва экстремизмро ягон нафар олим, сиёсатмадор пурра шарҳ надодааст. Агарчанде 120 намуди шарҳи ин падидаҳо аз тарафи муҳуқиқону сиёсатмадорон пешбинӣ шуда бошад, аммо то ҳол таърифи дурусту ягонаи онҳо муаян нашудааст. Чун мегуянд, терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Мафҳуми “Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад” ба мақсад бисёр наздик аст.

 Шахсан маро амали аъзои террористию экстремистии ҲНИ- Ҳусейн Ашуров, ки зан модари тоҷикро дар баромади онлайнии худ суханҳои таҳқиромезу дашном мекунад, ором намегузорад. Эй марг бар ту номард барои чунин рафторат. Худро росткору ҳак ва муборизи роҳи Ҳақ мегирӣ аз номи поки Ислом сухан мегуйӣ маҳз ту барин мунофиқон бар исломи пок доғ овардаанд. 

Бузурге мегӯяд: 

Ислом дар зоти худ надорад аёбе,

Ҳар айбе, ки ҳаст дар мусалмонии мост. 

Маҳз ту мунофиқ шарм надоштӣ, ки модари тоҷик, зани тоҷикро дар минбари баланд, ки чандин ҳазор одамон тамошо доранд дашном додӣ. Куҷост росгӯи ва ҳақҷуйии ту?  Боз ҳама ҷавонон нишаста тамошо доранду ҳарфе намезананд. Нидо ба нафароне, ки хоки Ватан, Модар  ва чигарбандонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, барояшон азизу муқаддас аст, ин хоинони наҳзатӣ ягон заррае барои миллату давлат ва зиёда аз 9 миллиард нафароне дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад барояшон арзише надоранд. Исботи ин суханҳоро дар амалашон, гуфторашон ва ҳаракатҳое, ки ин бадхоҳони миллат нишон медиҳанд, ҳар нафари бо хираде дарк карда метавонад. Ман пайвандҳое, ки дар ин вокуниши худ гузоштам, заррае аз амали онҳо, ки натанҳо нисбати паст задани шаъну шарафи коҳбарияти кишвар, балки касе садди роҳи онҳо мешавад, дар умум миллати тоҷик аст. Агар заррае дилашон бар миллати тоҷик, ҷавонон, ки ин бо айби ин хоинони наҳзатӣ аз бефаҳмӣ ба дуруғҳои ин палидон бовар кардаву “як лайке”, “як сунане” ва як ҳаракати ноҷое нисбати сиёсати давлат мегуянд ва ҳаёти хулро бар бод медиҳанд. Аммр ин ба наҳзатиҳо писанд аст, ва аслан онҳо ҳаминро мехоҳанд, ки ҳазорон ҷавонони бегуноҳ дар зиндонҳо. 

Бояд қайд намоям дар байни ҷавонон ҳастанд нафароне, ки дониши хуб доранд ва ин масъаларо хуб дарк мекунанд. Ҳатто ба ин гуноҳашон ҳамон хоинони наҳзати махсусан Шарофиддин Гадоев посух дода наметавонад. Инчунин, якравии онҳоро дар болои саволи додааш боз мушоҳида кунед? Дигар намемонанд сухан гӯйи баъд, ки зурашон омад суҳбати телефониро қатъ мекунад. Магар ҳамин аст, мубориза, донишдорию росткорӣ ва диндорӣ? Оё хамин нишонаи ватандӯстию миллатдӯстӣ аст? Оё ин эҳтиромӣ баланд нисбати халқ аст! 

Аз надоштани барномаи асосӣ ҳар як воқеае, ки дар дохил ва хориҷи кишвар, ки доғи рӯз аст “Аз пашша фил сохта” мардумро ноором сохта,  дар ҷомеа иғвою дасиса меандозанд. Муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи Ворух тамом нашуда, боз воқеаи санаи 25.11.2021 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дар сари мардум бор кардаанд. Ин номардон мо бехабар, бо маблағгузории хоҷагонашон, ки онҳоро хуб муҳофизат мекунанд ва боз аз ана ҳамон баромадҳояшон тариқи шабакаи интернетӣ  воҳимаю дасисаандозию бадгуйи карда, маблағ ба даст оварда ба ивази ин миллатро ба ҷангу хунрезӣ даъват мекунанд. Масъала хар чи бошад дар асоси адолати қонун ҳалу фасл карда мешавад. На инки аз нафарони худхоҳу гуруҳсоз, ки ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва конунҳои кишварро поймол мекунанд, химоя кард. Маҳз аз ин воқеаҳо душманони миллат истифода бурда, сухани баромадҳои сохта ва иғвоангезонаашон мардумро ба ҷангу нооромӣ даъват мекунанд. Мо ҷавонони сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар махсусан, ҷавонони дигар минтақаи кишварамон хоҳиш менамоем, ки ба гуфтаҳои ин номардони аслӣ, бадхоҳони миллат бовар накунед, бо зиракии балади сиёсӣ хоинонро хуб шиносед ва кушиш кунед, ки мақсади чунин ватанфурӯшони бадхоҳ, ки барои маҳви миллати тоҷик равона гарддааст дарк карда тавонед ва муборизаро алайҳи ин хоинон фаромуш насозед.

 

Одинаи Саидмурод

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^