Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/rss.class.php on line 51 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 8 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2057
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 22:02
16-03-2023, 22:02

ТАҚДИМИ 32000 НУСХА ҚУРЪОНИ КАРИМ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Хабар

Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон 32000 нусха китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ ба нашр расонида шуда, ба таври ройгон ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар тақдим гардид. Зимнан, дар гузашта низ ҳудуди 200 ҳазор нусха китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуда буд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2034
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 22:00
16-03-2023, 22:00

ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.

Категория: Хабар

Худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бедор намудани ҳиссиёти ифтихори таърихӣ ва ғурури миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод намуда, нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо баҳри истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Дар яке аз суханронияшон Роҳбари давлат гуфтаанд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Информация к новости
  • Просмотров: 2022
  • Автор: admin
  • Дата: 16-03-2023, 21:54
16-03-2023, 21:54

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР КУДАКИСТОНИ #1 БО НОМИ "ПАРАСТӮ"

Категория: Хабар

     Имрӯз дар кудакистони #1 ба номи "Парастӯ" чорабинии идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса ташкил карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхия низ дар чорабинӣ ширкат намуданд. Тифлакони дуструяки кудакистон зери роҳбарии мудири кудакистон Маҷидова Файзигул бо маҳорату малакаи наврасии худ меҳмононро истиқбол гирифтанд. Раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр зимни суханронӣ ёдрас шуданд, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаву мардумӣ ва рукни муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, яке аз ҷузъҳои арзишмандтарини фарҳангу маданияти миллӣ ба шумор меравад. Гузаштагони бошарафамон ин ҷашни миллиро ҳамчун ҷашни шодиву сурур, оғози фасли зебогиву бедорӣ ва рангорангии табиат, мавсими киштукори баҳорӣ ва фасли шукуфтанҳову рустанҳо таҷлил менамуданд. Боиси ифтихору сарфарозӣ ва болидагист тӯли солҳои соҳибистиқлолии меҳани аҷдодӣ бо талошу заҳмат ва меҳнатҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба худ хусусиятҳои нав ба нав касб намудааст ва аллакай нуфузи байналмилалиро соҳиб гашта ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба моҳияту мазмуни ин ҷашни бошукӯҳ аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мантиқу фалсафа ва моҳияту ҳикмати Наврӯз аз донишу хирад, меҳру муҳаббат, сулҳу субот ва шодиву нишот иборат буда, дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст. Зеро ин ҷашн ба қалби хурду бузург суруру шодӣ мебахшад, тамоми афроди ҷомеаро сарҷамъ месозад ва кулли мардумро ба дӯстиву самимият ва меҳру муҳаббати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар фаро мехонад”.

Воқеан ҳам, ҷавҳари таърихиву фарҳангии ҷашни Наврӯзро саодату пирӯзии аҳли башар ташкил дода, дар тӯли қарнҳои зиёд инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Аз ҳамин лиҳоз, ин падидаи асили фарҳанги миллӣ дар ягон давру замон куҳнашавиро напазируфта, ҳамқадаму ҳамқисмати мардуми мо боқӣ мондааст.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби кӯдакон ва аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ ташкил гардида, сурудҳо дар васфи баҳору наврӯз қироат карда шуданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2265
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 15:16
10-03-2023, 15:16

Freedom House (Хонаи Озодӣ) ташкилоти иғвогарон ва ҷангҷуён

Категория: Хабар

Дар шароити муосир агар баъзе созмонҳои байналмилалӣ барои таҳкими равобит ва ҳифзи сулҳу субот  давлатҳо талош ва фаъолият намоянд, дар ин миён баъзе созмонҳое мавҷуданд, ки барои роҳандозии бетартибиҳо, ташкили низоъҳо ва ба моҷаро кашидани давлатҳо кушиш мекунанд. Freedom House (Хонаи Озодӣ) аз ҷумлаи чунин ташкилотҳои маҷроҷуе аст, ки бо нашру пахши изҳорот ва хулосаҳои ҷаълӣ, беасос ва ғаразнок машғул ва машҳур аст. 

Информация к новости
  • Просмотров: 1927
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 12:11
10-03-2023, 12:11

ТАШАББУСҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА АҲАМИЯТИ ОН

Категория: Хабар

(Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла, 21-уми март – «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»)***

 

Бо назардошти зарурияти об барои ҳаёт дар тӯли таърих одамон барои об мубориза ва муноқишаҳои зиёд бурда, мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Ҳоло низ як қисми низоъҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, хусусан, манотиқи гармсер (тропикӣ) ба хотири дастрасӣ ба манобеи об мебошад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои беназири сарвати обӣ мебошад, вале масъалаи ҳифзи манобеи он, бахусус ҳифзи пиряхҳо аз обшавии ҷиддӣ ва ташвишовар мебошанд.

 

Масъалаи мавриди зикрро ба назар гирифта, бояд тазаккур дод, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёҳои дарозиашон аз 10 км зиёд, 1300 кӯл ва 11 обанборҳои калон, инчунин, мувофиқи арзёбии олимон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуд аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 1932
  • Автор: admin
  • Дата: 10-03-2023, 11:58
10-03-2023, 11:58

МУБАЛЛИҒОНИ ТЭТ НАҲЗАТ ЛУҚМАИ НОНАШОН АЗ ИНТИҚОДИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

Категория: Хабар

ТЭТ ҳизби наҳзат солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба фаъ-олият оғоз карда, сабаби ҷангу хунрезӣ гардид ва низоми сиёсию иқтисодии кишварро фалаҷ намуд. Қобили зикр аст, ки ин ташкилот аз бунёд зидди озодии инсон ва ҳуқуқи башар мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб чи дар даҳаи охири асри гузашта ва чи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати мо равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТТЭ ҲНИ тамғаи кофар зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст. Ҳамин буд, ки дар он солҳо гурӯҳҳои ҷангию террористии худро созмон дода, бо хашинтарин шеваҳо мардумро таҳқиру қатл ва ғорат намуданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2249
  • Автор: admin
  • Дата: 2-03-2023, 12:17
2-03-2023, 12:17

Э Ъ Л О Н

Категория: Хабар

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Балҷувон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

1. Мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1423 сомонӣ.

2. Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

3. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

4. Мутахассиси шуъбаи ташкили ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ.

5. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 871,50 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоркунии деҳоти ноҳия.

 1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон 1 ҷой маоши мансаби 1236,70 сомонӣ

2. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев 1 ҷой маоши мансаби 1236,70 сомонӣ. 

3. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Балҷувон 1 ҷой, маоши мансабӣ 1236,70 сомонӣ.

4. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Балҷувон 1 ҷой маоши мансабӣ 1062,40  сомонӣ.

 

      Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш (категорияи чорум):

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис (категорияи панҷум):

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассиси пешбар (категорияи шашум):

- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғолкунандаи мансаби мутахассис (категорияи ҳафтум):

- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатӣ таъмин карда метавонад.

 

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахси собиқаи меҳнатӣ надорад;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

- гувоҳнома рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 Индекс: 735327, ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Балҷувон, деҳаи Балҷувон, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ошёнаи 3, утоқи шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия.

                                                        

 Суроғаи почтаи электронӣ: info@baljuvon.tj, 

kadrho.baljuvon@khatlon.tj, 

shavkatjon.00@mail.ru.

 

 Телефон: : (8-33-57) 2-12-25,  факс 2-12-74, +992934404341, +992904404142

 

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон то 21 рўз муҳлат дорад.

ЭЗОҲ:  Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1991
  • Автор: admin
  • Дата: 1-03-2023, 06:48
1-03-2023, 06:48

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Категория: Хабар

БЕТАРАФ НАБОШЕД БА ҲАМА ПАҲН КУНЕД ТО КИ ҶАВОНОНИ ИМРУЗАИ МО ФИРЕФТАИ ЧУНИН ТАШКИЛОТҲО НАШАВАНД. БАРОИ ПЕШГИРӢ КАРДАН САҲМГУЗОР БОШЕД!!!

 

Р Ў Й Х А Т И

ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОЕ, КИ БИНОБАР БА АМАЛ БАРОВАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРАМИСТӢ БО ҚАРОРҲОИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ТОҶИКИСТОН ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО МАНЪ КАРДА ШУДААСТ.

 

 1. Ташкилоти «Ал-қоида» 30.03.2006

 2. «Ҳаракати Исломии Туркистони шарқӣ» 30.03.2006

 3. «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати Исломии Ўзбекистон), 30.03.2006

 4. «Ҳаракати Толибон», 30.03.2006

 5. Ташкилоти «Бародарони мусулмон», 30.03.2006

 6. Ташкилоти «Лашкари тайиба», 30.03.2006

 7. Гурўҳи исломии «Ҷамъияти исломии Покистон», 30.03.2006

 8. «Ҷамъияти Таблиғ», 30.03.2006

 9. Ташкилоти динии миссионерии «Созмони таблиғот», (Даъват ба ислом) 30.03.2006

 10. Тоҷикистони озод  30.03.2006

 11. Ҳизб-ут-таҳрир 11.03.2008

 Ҷамоати (ҷамъияти Ансоруллоҳ) 03.05.2012

 12. Ҳаракати ҷамъиятии «Гурўҳи 24» 09.10.2014

 13. Равияи динии «Салафия» 08.12.2014

 15. Ташкилоти «Давлати исломӣ (давлати исломии Ироқу Шом) 14.04.2015

 16. Ташкилоти «Ҷабҳату-н-Нусра (Ҷабҳат ан Нусра) 14.04.2015

 17. Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон  29.09.2015

 18. Ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон 15.08.2019

 19. Ҷанги муқаддас (Ал-ҷиҳод, Ҷиҳоди исломии Мисрӣ, Священная война) 14.05.2020

 20. Ҷамъияти ислоҳоти иҷтимоӣ (Ҷамъият-ал-Ислоҳ ал-Иҷтимоӣ) Общество социальных реформ) 14.05.2020

 21. Ҷамъияти эҳёи мероси исломӣ (Ҷамъият Ихё ат-Тураз ал-Исломӣ) 14.05.2020

 22. Хонаи ду зиёратгоҳ (Ал-харамайн) Дом двух свитых 14.05.2020

 23. Ҷунд-аш Шом (Артиши Шом Бузург, Войско Великой Сирии) 14.05.2020

 24. Ҷиҳоди исломӣ, Ҷамоати муҷоҳидин 14.05.2020

 25. Иттиҳоди экстрамистӣ «Шоҳидони Яҳво» Свидетели Исговы) 19.03.2021   

 

                      О Г О Ҳ   Б О Ш Е Д!!!

 

ҲАМА ГУННА ҲАМКОРӢ, КЎМАК, АЪЗО ШУДАН БА ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРАМИСТИИ ЗИКРШУДА, ТАРАФДОРӢ КАРДАН Ё ҲАҚ ШУМОРИДАНИ ҒОЯВУ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО ҚАТЪИЯН МАНЪ АСТ!

БАРОИ ҲАМКОРӢ, КЎМАК, АЪЗО ШУДАН БА ТАШКИЛОТУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРАМИСТИИ ЗИКРШУДА, ТАРАФДОРӢ КАРДАН Ё ҲАҚ ШУМОРИДАНИ ҒОЯВУ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО ТИБҚИ КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ ПЕШБИНӢ ШУДААСТ.

Информация к новости
  • Просмотров: 2660
  • Автор: admin
  • Дата: 25-02-2023, 18:38
25-02-2023, 18:38

ВОХУРИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ШАҲРВАНДОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ САФАР АМИРШОЕВ

Категория: Хабар

     Имруз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев дар деҳаи Навбаҳор доир гардид. Дар вохурии мазкур роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, масъулини Ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони бунгоҳу марказҳои саломатӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон иштирок доштанд. 

     Раиси ноҳия Сафарзода Б.Ғ. вохуриро оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили вохурии имруза пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 баён доштанд, инчунин андешидани тадбирҳо ва самаранок намудани кори аҳли ҷамоатчигӣ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии тарғиби фарҳанги либоси бегона, падидаҳои номатлуб, аз ҷумлу худкушию худсузӣ, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, қонуншиканиҳо аз тарафи наврасону ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, иборат мебошад. 

    Сафарзода Б. иброз доштанд, ки бо назардошти авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки барои пойдории сулҳу субот, нигоҳдории истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва содиқонаю софдилона заҳмат кашида, дар ин доира бо таваҷҷуҳ ба дастурҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

     Ҳамзамон масъулини Ҷамоат ва фаъолонро муваззаф сохтанд, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид раванди кишту кори баҳориро вусъат бахшида, дар ин доира ба масъалаи шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо, тозагии кучаю маҳаллаҳо, рангу бор ва таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳои иҷтимоию хизматрасонӣ, таваҷҷуҳи махсус равона намоянд. Инчунин онҳоро вазифадор сохтанд, ки барои бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои ҷалби соҳибкорон ва дигар сармоягузорон ҷиҳати бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоию хизматрасонӣ ва саноатию истеҳсолӣ, масъулиятро ҷиддӣ ба роҳ монанд. 

     Дар доираи вохурии мазкур ҳамзамон қабули шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев аз тарафи раиси ноҳия гузаронида шуд. Шаҳрвандон вобаста ба мавзуъҳои гуногун муроҷиатҳои худро пешниҳод намуда, аз тарафи раиси ноҳия барои ҳалли саривақтии онҳо ба сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳо дода шуд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 3105
  • Автор: admin
  • Дата: 15-02-2023, 11:55
15-02-2023, 11:55

ОСЕБШИНОСИИ МАКТАБИ МИЛЛӢ  (Эҳсоси масъулият ва буҳрони бекифоятӣ)

Категория: Хабар

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (2)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^