Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 12 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 6758
  • Автор: admin
  • Дата: 25-11-2022, 07:04
25-11-2022, 07:04

ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

Дирӯз дар ноҳияи Балҷувон чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкилу гузаронида шуд. Нахуст бо иштироки зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандон раҳпаймоӣ ташкил карда шуда, иштирокдорон дар даст бо парчамҳо ҳамчун эҳтиром ба яке аз муқаддасоти миллӣ суи базмгоҳ раҳсипор шуданд. Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии сиёсй ташкил гардида, раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр ҳозиринро бахшида ба ин рӯзи фархунда табрик намуданд. Зикр намуданд,  ки дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба бунёди давлати навини худ иқдом намуд, Парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва иттиҳоду сарҷамъии кулли сокинони мамлакат нақши ниҳоят муҳиму таърихӣ бозид.

Оини парчамдорӣ дар тамаддуни деринаву оламшумули мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллиамон маҳсуб мешавад. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, парчами ӯ рамзи як давлати неруманди замонаш дониста мешуд. Ливои Коваи бузург бошад, нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ маънидод мегардад. Рангу аломатҳои Парчами миллии мо таҷассумгари масири таърихии мавҷудияти халқи тоҷик – муборизаву ҷоннисориҳо баҳри озодӣ ва истиқлол, фурӯзон нигоҳ доштани шуълаи умеду орзу ва расидан ба бахту саодат, сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ мебошад.

Пaрчaми дaвлaтӣ дaр бaробaри Нишон вa Суруди миллӣ яке aз муқaддaсоти миллӣ вa рукнҳои муҳимми дaвлaтдорӣ мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, он дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ҷо намудааст.

Aз қaдим зери Пaрчaм мaрдони сaдоқaтмaнд, бебок вa ростқaвлу бaномус гирд омaдa, бaрои ҳaмзистии осоиштa, ҳaмоиши неруҳои aқлонӣ, сaфaрбaркунӣ бa корзор ҷaдaл менaмудaнд. Пaрчaм дaр тӯли сaдсолaҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузaштaгони мо бa шумор рaфтa, дaр қaтори рaмзу aркони дaвлaтдорӣ мaқому мaнзaлaти пурaрҷро доро буд.

       Дар қисмати дигари чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли нишастро бо сурудҳои тараннумгари истиқлолу озодӣ шод намуданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 4698
  • Автор: admin
  • Дата: 23-11-2022, 21:26
23-11-2022, 21:26

ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Категория: Хабар

Рӯзи 21 ноябри соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон вохӯрии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия подполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб бо омузгорони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Ҳадаф аз ташкили вохӯрии мазкур пеш аз ҳама риояи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии қонунвайронкуниҳо аз тарафи наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, мустаҳкам намудани робитаи масъулини муассисаҳои таълимӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас ба ҳисоб рафта, дар ин доира Ҷумъазода Ҳабиб суханронӣ намуданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ сардори ШВКД дар ноҳия Ҷумъазода Ҳабиб аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод гуфта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки барои парафшонии ҷовидонаи Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми масъулияти шаҳрвандиро иҷро намоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 4590
  • Автор: admin
  • Дата: 23-11-2022, 21:21
23-11-2022, 21:21

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ХУШБАХТИИ МОСТ

Категория: Хабар

       Ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

       Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

        Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Бояд қайд намуд, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии  Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шурои Олӣ 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 4650
  • Автор: admin
  • Дата: 23-11-2022, 06:27
23-11-2022, 06:27

ҶАМЪИ КӮЧАКАТОН ПАРЕШОН БОД, ХОИНОНИ ВАТАН..!

Категория: Хабар

     Аслан, сагбачаҳои гӯйё тоҷиктаборе чун Кабириву Муҳаммадиқбол ва дигарон, ки бо хоҷагони хориҷии худ дар Аврупо никоҳи ғайришаръӣ (мард ба мард) кардаву худро мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуданд ва бо ин роҳ ҳаққи иқомати муваққатӣ дар он гӯшаи дунёро пайдо кардаанд, барои миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳеҷ зараре расонида наметавонанд. Инро бо боварии комил мегӯям ва дар гуфтаам ҳеҷ шакке нест!

 

Дар таърих халқи тоҷик ҳамеша ватандӯстдор ва ҳимоягари марзу буми Ватанаш буд. Дар ҳама давру замон халқи тоҷик пойбанди қонун, итоаткунандаи роҳбар буданд ва роҳбарон бошанд, ҳамфикру ҳамақида бо халқ ва дастгиру дар бари мардум буданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 4655
  • Автор: admin
  • Дата: 22-11-2022, 14:39
22-11-2022, 14:39

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Категория: Хабар

    Таърих гувоҳ аст, ки мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба муқаддасот ва мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, ҳамзамон дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамониҳои фарзандони давлатсозу ватандӯст ва далеру ғаюрро  сабт намуда симои барҷастаи онҳоро пайваста ситоиш менамоянд.**

      Яке аз чунин муқаддасоти миллӣ ва мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, Парчами давлатӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки ин муқаддасот бо мазмуни баландӣ башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Ҳамзамон, ин рамзи миллӣ омили нангу номуси ватандорӣ буда, мардуми  моро муттаҳид карда, аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Тоҷикон тавонистанд дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ ба ҷаҳониён симои хешро бори дигар муаррифӣ карда, наслҳои наву созандаи миллатроба ҷодаи аз худ кардани таърих ва осори гузаштаи халқамон раҳнамоӣ ва ҳидоят намоянд.**

Информация к новости
  • Просмотров: 1191
  • Автор: admin
  • Дата: 22-11-2022, 03:11
22-11-2022, 03:11

ТУЛУИ ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ

Категория: Хабар

     Боиси хушнудист, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ таҷлил намуданд. Бешубҳа, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйдодҳои фараҳбахшу сарнавиштсози миллати куҳанбунёду давлати соҳибихтиёри мо маҳсуб ёфта, моҳиятан тулуи Офтоби бахти тоҷику тоҷикистониён аст. 

Он ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғози устувор бахшида, заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро дар давраи ҷанги таҳмилӣ фароҳам овард.

Бо гузашти сӣ сол метавон гуфт, ки бидуни баргузории Иҷлосияи мазкур пойдории сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳифзи тамомияти марзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, рӯзгори пурсаодати мардум, ободиву бунёдкориҳои беназир, муаррифии шоистаи он дар арсаи байналмилалӣ ғайриимкон буд.

Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида шуда, боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид. Ин ҳама появу рукнҳо ва асос­ҳои давлатдориро фалаҷ гардонда, дар кишвар беқонунӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.

Дар он вазъияти бениҳоят шиддатноки сиёсию ҷамъиятӣ ягона умеди баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии  хунрезӣ  ба  таъҷилан даъват намудани иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста буд, зеро дар он айём Шурои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар чунин шароити душвори сиёсӣ, ба хотири барқарорӣ ва пойдории асосҳои давлатдорӣ, таҳкими шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризояти миллӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба кор оғоз кард.

Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 идома ёфт ва новобаста ба ҳассосияти замон, шиддатнокии вазъ ва мавҷуд будани баҳсҳои тулонӣ, дар ҷараёни он қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул карда шуданд. Қатъи бетаъхири ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, аз вартаи нобудӣ наҷот додани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, барқарор кардани иқтисодиёти бар асари ҷанг зарардида ҳадафҳои асосии он буданд. 

Он замон Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро бо дурнамои рушди ояндаи он дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ муайян намуд ва роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. 

Иштирокдорони Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олӣ бо дарки масъулияти олии созандагӣ ба он ноил шуда тавонистанд, ки зимни қабули қарорҳо манфиати умумимиллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошта шавад. 

Яке аз муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл гардидани масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷти­моии кишвар, ки ба таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии Ватан равона гардида буданд, ба шумор меравад. 

Ба шарофати роҳи муайянкардаи Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ихтиёр карда, бори нахуст дар таърихи давлатдории навин  Конститутсияи нави мамлакатро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

Эътироф бояд кард, ки он замон нафаре пайдо нашуд то зимоми идораи давлатро ба дӯш гирифта, оташи ҷангро, ки рӯз  то  рӯз аланга мезад, хомӯш намояд, истиқлолияти аздастрафтаистодаро ҳифз кунад ва умеди барбодрафтаи мардумро ба сулҳу якпорчагии Ватан эҳё созад. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рисолати таърихиро ба зиммаи фарзанди фарзонаи миллат, шахси ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошт. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ он аст, ки дар марҳилаи навини таърихӣ абармарди дунёи сиёсат, шахсияти миллию мардумӣ – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид гардид. 

Бо зуҳури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсӣ ҳамон раванди оштӣ, ки боиси таҳаввулоти амиқ дар Тоҷикистон гардид, оғоз ёфт. Маҳз қобилияти беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ёфтани роҳҳои дуруст, пайдо кардани мувофиқа байни одамони дорои эътиқод ва ақидаҳои комилан мухталиф, таҳаммулпазирӣ ва иродаи қавӣ омили асосии таъмину ақидаҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар нахустин савганде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ёд карданд, қавл доданд, ки: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». 

Бо сипарӣ шудани 30 сол собит гардид, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ мебошанд. Дили соф, нияти нек ва иродаи хастагинопазири Роҳбари ҷавони меҳанпараст боис шуд, ки дар иҷрои рисолати таърихӣ комёб гарданд. 

Дар ҳамон вазъияти барои миллату давлат фоҷиабор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоати хос ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ ворид гардида, бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар ин масири ноҳамвори сиёсӣ қадамҳои устувор гузоштанд. 

Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, Сарвари давлат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо ­ пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузоштанд.

Ҳукумати навтаъсиси мамлакат таҳти сарварии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, аксарияти мутлақи гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанд, сохтори фалаҷгардидаи  ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис диҳад.

Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар чунин лаҳзаи ҳассостарини таърихӣ роҳбари боэътимоду ғамхор пайдо кард, зеро ин шахсияти бузург бо фаъолияти ҳамарӯзаи созанда собит намуд, ки боварии мардумро сазовор аст. Ӯ сулҳу оромиро ба кишвар бозгардонд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.

Саъю талошҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эъмори сулҳ ва давлатсозии миллӣ аз он Иҷлосияи таърихӣ маншаъ мегирад, зеро аз ин баъд  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба  сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ - комёб гардид.

Мардуми шарифи тоҷик хуб дарк менамоянд, ки ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвари мо дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бахусус, раванди ноил гардидан ба ризояти миллӣ дар таърихи миллати тоҷик ҳодисаи беназир маҳсуб меёбад, ки дар он саҳми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. 

Тули сӣ соли заҳмати пуршараф Пешвои муаззами миллат  тавонистанд, ки ғояҳои олии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар амал татбиқ намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ободу пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ созанд. 

Дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули миллат, осебнопазир нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати иҷтимоӣ, соҳиб­ихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кори саҳлу сода нест. Зиндагии босаодати мардуми кишвар далели бебаҳси он аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолатро бо сарбаландӣ ва шуҷоати нотакрор иҷро карда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияи таърихиро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян карданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард. 

Бешубҳа, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун ҳодисаи нодиру сарнавиштсоз, падидаи ҳалкунанда ва бунёдгузор, сарчашма ва ибтидои сулҳу амонӣ ва ҳифзи давлатдории тоҷикон бо сатрҳои заррин сабт гардида, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Хулоса, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ моро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули миллату давлат такони ҷиддӣ бахшид. Ғояҳои сулҳу оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ паёмҳое буданд, ки аввалин бор дар ҳамон Иҷлосия садо дода, минбаъд онҳо баҳри таъмини зиндагии пурсаодати тоҷику тоҷикистониён таҳрик бахшиданд. Насли имрӯзаи кишвар бояд дарк кунанд, ки маҳз ҳамон Иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон роҳнамоӣ кард.

 

Рустами ЭМОМАЛӢ, 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  

Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе

 

 

Санаи нашр: 21.11.2022    №: 223

Информация к новости
  • Просмотров: 1034
  • Автор: admin
  • Дата: 22-11-2022, 01:47
22-11-2022, 01:47

ХУШХАБАР

Категория: Хабар

      Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 феврали соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  эълон гардида, ҳадафи аслии он пеш аз ҳама рушди соҳаи фарҳанг ва дар ин замина ҷалби тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобхонӣ ба ҳисоб меравад. 

        Боиси ифтихори тамоми мардуми сарбаланди Балҷувон аст, ки Абдуллоҳиён МУҲАММАД (Муҳаммади Шоҳ) дар даври вилоятии озмун соҳиби ҷойи дуюм ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявии Озмуни мазкур гирифт. Ин тӯҳфаи арзишмандро ба тамоми сокинон шодбош гуфта, ба Абдуллоҳиён МУҲАММАД дар даври минбаъда барору комёбӣ хоҳонем.

Информация к новости
  • Просмотров: 1058
  • Автор: admin
  • Дата: 22-11-2022, 01:39
22-11-2022, 01:39

НАҲЗАТИҲО АЗ АСЛИ ХУД ДАСТ НАМЕКАШАНД!

Категория: Хабар

      Дар солҳои пеш роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҳизби наҳзат ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъҳои гуногуни мубориза бо миллати тоҷикро истифода бурдаанд. Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар солҳои аввали ташкилшавии ин ҳаракати террористӣ пайравони онҳо дар байни одамон суханронӣ каррда, гӯиё ташвиқот мебурданд. Имрӯз низ чӣ тавре мебинем, роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ ҳама дору даста ва муридони беимонашро дар шабакаҳои интернетӣ ҷамъ оварда, бо роҳу воситаҳои дурӯғбофӣ ва маълумотҳои сохта ба зеҳни мардуми тоҷик кинаву адоватро корида истодаанд. Аз ин амалиёти экстремистиии наҳзатиҳо муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, эмин нахоҳанд монд.

Андаке ба таърих назар афканем, мебинем, ки фаъолияти аъзоёни ҳизби наҳзат дар ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шуравӣ чигуна буд. Бисёр кору фаъолияти террористии наҳзатиҳо ба амалиётҳои даҳшатофари гурӯҳи Толибону ДИИШ монандии чуқур доранд. Наҳзатиҳо дар солҳои 90-ум ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа амалиёти терористӣ анҷом дода буданд. Баъд аз итмоми намози ҷумъа, ғайричашмдошт пайравони наҳзатӣ аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми намозгузор дар масҷид ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба ҳизби наҳзат тасдиқ карданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1397
  • Автор: admin
  • Дата: 18-11-2022, 10:42
18-11-2022, 10:42

ДИДБОНГОҲҲОИ САРҲАДӢ ЗЕРИ ТАВАҶҶӮҲИ ХОСАИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД

Категория: Хабар

   Дирӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати дастгирии моддию маънавии хизматчиёни ҳарбӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр аз Дидбонгоҳи сарҳадии #4 воқеъ дар ноҳияи Фархор дидан намуда, бо шароитҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо муҳайёгардида аз наздик шинос шуда, бо хизматчиёни ҳарбӣ суҳбат намуданд. Зикр намуданд, ки хизмати садоқатмандонаи Шумо дар роҳи ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамчун фарзандони баору номуси Ватан дар саҳифаҳои таърих сабт гардида, барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо, ки онро ном ҳисси баланди ватандӯстӣ аст, боқӣ мемонад. 

Дар идома аз ҷониби раиси ноҳия ба хизматчиёни ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, ба онҳо зиёфат дода шуд. Инчунин як қатор маводхои ғизоӣ ба хизматчиёни Дидбонгоҳ дастрас гардид. 

      Ҳамчунин раиси ноҳия иброз доштанд, ки минбаъд низ раванди вохуриҳои мо бо шумо идома ёфта, барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми имкониятҳоро истифода мебарем.

Информация к новости
  • Просмотров: 1154
  • Автор: admin
  • Дата: 16-11-2022, 21:42
16-11-2022, 21:42

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ

Категория: Хабар

Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 - юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб” 

 16.11.2022

http://www.president.tj/node/29699

 

16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Дар чорабинии бошукуҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхуҷа Урунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мардум мебошад, табрику таҳният гуфтанд. 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^