Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 21
Информация к новости
  • Просмотров: 885
  • Автор: admin
  • Дата: 10-11-2022, 13:30
10-11-2022, 13:30

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БА МАРДУМИ САРБАЛАНДУ НОМДОРИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

БО ШИОРИ “БИЁЕД БО ҲАМ САРЗАМИНИ БОСТОНИИ БАЛҶУВОНРО БА ДИЁРИ ҲАМЕШАБАҲОР ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ”

 

    Ҳамдиёрони азиз!

    Ноҳияи зархезу файзбори Балҷувон бо захираҳои бузурги табиӣ ва дастовардҳои шоёнаш дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун минтақаи куҳию аграрӣ ва меваҷоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сатҳи ҷумҳурӣ мавқеи намоёнро касб кардааст. Ҳамаи ин нуфузу эътиборро кишоварзони Балҷувон тӯли даҳсолаҳо бо заҳмати садоқатмандонаю софдилона ва бо назардошти иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд. 

    Ёдовар шудан ба маврид аст, ки вилояти Хатлон яке аз таъминкунандагони асосии бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ниёзи аввал ба ҳисоб меравад ва дастранҷи кишоварзони ноҳия низ дар ин мавқеъ назаррас аст. Ин аст, ки ҳамасола раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи кишоварии вилоятро самти афзалиятнок ва пурмаҳсул арзёбӣ намуда, тамоми захираю имкониятҳоро ба ин самт равона намуда, ҳадафу вазифаҳоро муайян менамоянд. 

     Барои ҳар як сокини ноҳияи Балҷувон боиси ифтихору сарфарозист, ки бо дастгирию ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Балҷувони бостонӣ ба макони бузурги созандагию бунёдкорӣ мубаддал гардида, сол аз сол ободу зебою назаррабо шуда истодааст, ки ин ҳама самараи Истиқлол ва Ваҳдати сартосарии миллати тоҷик мебошад.

    Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доман паҳн кардани ақидаҳои ифротгаро хатари болоравии нархи маҳсулоти аввалия дар сартосари ҷаҳон таҳдид намуда истодааст ва ин нуқтаро борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гаштаю баргашта таъкид менамоянд. Аз ин рӯ, таъкидҳои асосноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи дусолаи маводи озуқа амри зарурӣ буда, даъват менамоем, ки дар якҷоягӣ, аз ҷумла кишоварзон, боғдорон ва ҳар як хонаводаи ноҳия то фаро расидани фасли сармои зимистон ва эмин паси сар намудани сардиҳо ҷиҳати вусъат баъхшидан ба корҳои саҳроӣ, саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили маҳсулот ва бо истифода аз усулҳои мухталиф захира намудани маҳсулоти ғизоӣ фаъол бошем.

    Ҷойи шубҳа нест, ки соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи корӣ ва даромади аҳоливу буҷет мебошад. Моро мебояд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Балҷувон ҳамеша анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи меҳнати босубот ва бунёдкориву созандагӣ ҳифз намуда, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид барои рушди Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми хешро дареғ нахоҳанд дошт.

    Сокинони шарафманди ноҳияи Балҷувон аз азал бо маърифати баланди экологӣ, муносибати ғамхорона ба муҳити зист, парастишу ҳифозати табиати бешабеҳи диёрамон номоваранд.

Гузаштагони мо дар боғдорию ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як ваҷаб замин таҷрибаи ғанӣ доштанд, ки дар баробари самар бардоштан аз боғҳо, инчунин бо гулу гиёҳҳои табиӣ ба дарди ранҷурон дармон мебахшиданд.

     Мардуми Балҷувон ин рисолати бузургро имрӯз низ ифтихормандона идома дода, бо ободкорию созандагии худ дар сарсабзу хуррам гардонидани деҳаю маҳалла, кӯчаю ҳавлӣ ва дар маҷмӯъ, дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист саҳми муносиб мегузоранд. Зебою озода кардани ҳар як гӯшаву канор, деҳаю маҳалла, гирду атрофи идораю ташкилот ва манзили зист, шинонидани дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, гулҳои гуногуни мавсимӣ, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию рӯҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, аз масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар як сокини ноҳия дарак медиҳад.

     Дар урфият аз гузаштагони номдору некноми мо “Аз некон боғ” мегӯянд. Ҳадафи асосӣ аз ин ободкориҳо эҳё намудани анъанаҳои хуҷастаи ниёгон дар самти зебоиофарӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани завқу муҳаббати насли наврасу ҷавон ба ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо, гулпарварӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.

     Моро лозим аст, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ, махсусан истиқбол аз ҷашни бузурги миллати тоҷик - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонаю манзили худ шурӯъ карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвандем ва дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, ободу зебо гардонидани манзилу атрофи он, гулгашту хиёбонҳо бо ҳисси баланди ватандорӣ, завқи зебоипарастӣ масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро намоем, ватани азизамонро ба диёри сабзу хуррам ва ҳамешабаҳор табдил диҳем.

Тибқи арзёбии мутахассисон, шинонидани дарахтон ба солимгардонии муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, илова бар ин, ҳусни кӯчаву деҳаҳоро меафзояд ва ба инсон рӯҳия мебахшад.      Яке аз ченакҳои арзёбии сатҳи зиндагии инсон муҳити тоза ва сарсабзии зист маҳсуб гардида, муҳити зисти инсон агар аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад.

Аҷдодони мо дар ҳар давру замон талош меварзиданд, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодиамон макони зисти худро обод кунанд, боғу гулгашт бунёд намоянд, зеро сабзкорию ниҳолшинонӣ на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад. Бо мақсади идомабахшии суннати ободкории аҷдодон ва бо дарки он ки муҳити баландсифати экологии диёрамон кафили саломатӣ ва бақои миллати мо мебошад, аз ин рузҳои офтобӣ самараноку мақсаднок ва бо руҳияи ифтихор аз давлату миллати хеш шабонарӯзӣ заҳмат кашем. 

    Замин, об, офтоб, ки аз унсурҳои муайянкунандаи асоси ҳастии одамонанд, дар Тоҷикистони биҳиштосои мо фаровонанду бо баракату сифати хосашон дар ақсои ҷаҳон назир надоранд. Имрӯз мардуми ҷаҳон иқрор мекунанд, ки табиат, обу ҳавои пок, зебоиву тароватҳои кӯҳистон, хуҷастагиҳои табиии Тоҷикистони мо беҳамтоянд ва ҳар як шаҳрванди соҳибватану баномуси диёрро мебояд ин сарватҳои табииро на танҳо ҳифз намояд, балки дар вусъати корҳои ободонӣ саҳми бевосита гузорад.

Тавре ки ҳамагон шоҳидем, даҳҳо ҳазор гектар боғҳое, ки бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидаанд, на танҳо муҳити экологии шаҳру навоҳии Тоҷикистонро беҳтар намуданд, балки бозорҳои Тоҷикистонро дар чаҳор фасли сол бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ баландсифат таъмин мекунанд.

     Бо дарназардошти ин, аз тамоми мардуми баору номуси ноҳия даъват мекунам, ки бо дастгирии сиёсати экологии Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам равнақ бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва хурраму назаррабо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Балҷувонзамин бо дасту дили пок саҳми шоистаи худро гузоранд.

     Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус ноҳияи Балҷувон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

     Мутмаинам, ки мардуми шарафманди Балҷувон дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якҷоягӣ ба рӯзу рӯзгори шоиста ва бо шиори “БИЁЕД БО ҲАМ САРЗАМИНИ БОСТОНИИ БАЛҶУВОНРО БА ДИЁРИ ҲАМЕШАБАҲОР ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ” садоқатмандонаю поквиҷдонона ҷидду ҷаҳд менамоянд.

    Дар ин росто, ба ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз барои иҷрои бомувафаққонаи ҳадафҳои гузошташуда масъулияти баланди ватандорӣ ва рӯзгори пурсаодату дастархони пур аз нозу неъматро таманно менамоям. 

    Сиҳатманду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз. 

Информация к новости
  • Просмотров: 785
  • Автор: admin
  • Дата: 10-11-2022, 12:51
10-11-2022, 12:51

Паёми табрикии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бахшида ба «Рӯзи милитсия»

Категория: Хабар

      Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ!

      Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонад. Баъди ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани хаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд. Махсусан таъкид карданиам, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва ягона вобаста аст. 

Ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-ум ва ҷанги фалокатбори таҳмилӣ пешорӯи шарафу мардонагӣ ва садоқату шуҷоатмандии милитсияи тоҷик имтиҳони навбатиро гузоштанд. Дар ин ҷода мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат аз қувваҳои ҷинояткор фидокорона дар набард шуданд, ки дар ҷараёни он садҳо нафар кормандони милитсия ҷони худро аз даст доданд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ бараъло эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро менамуданд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 865
  • Автор: admin
  • Дата: 9-11-2022, 22:10
9-11-2022, 22:10

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ "РӮЗИ МИЛИТСИЯ" ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бахшида ба "Рӯзи милитсия" дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр, роҳбарият ва кормандони шуъбаи Вазорати  корҳои дохилӣ дар ноҳия, нафақахӯрони ин ниҳоди қудратӣ, оилаҳои хизматчиёни зимни адои хизмат ҳалокгашта, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон ва ҷавонон иштирок доштанд. Саравал сардори ШВКД дар ноҳия - подполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб суханронӣ намуда, тамоми аҳли нишастро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод гуфтанд. Сипас раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр бо матни табрикотӣ баромад намуда, ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дар шахсияти онҳо тамоми иштирокчиёнро бахшида ба "Рӯзи милитсия" табрик гуфта, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки хизмати софдилонаю садоқатмандонаи кормандони милитсия дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ бениҳоят назаррас аст. 

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони ин ниҳоди қудратӣ аз номи раиси ноҳия ва сардори ШВКД дар ноҳия сипосномаҳо дода шуд. Дар қисмати фарҳангӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз ватандӯстию ифтихор аз давлати соҳибистиқлол хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1081
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 21:19
6-11-2022, 21:19

КОНСТИТУТСИЯ САРЧАШМАИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МЕБОШАД.

Категория: Маълумот

          Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсиву ҳуқуқиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ, ибтидои оғози тамоми дастовардҳои бузурги миллӣ ва ширкати озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии  мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд.

           Конститутсияро бо ибораи дигар ҳамчун бахтномаи миллат ва сарчашмаи тамоми  қонунҳои  асосии дигар  номидан мумкин аст ва он тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. 

          Ин санади муҳимми тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар радифи  панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо номбар шудааст.

        Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Қаҳрамони замони муосир дар пешрафт ва рушди давлатории тоҷикон нақши басо бузург гузоштааст, ки  дар қисмати муқаддимавии Конститутсия дарҷ гардидааст, ки “Тоҷикистон  давлати  иҷтимоӣ  буда,  барои ҳар як шаҳрванд зиндагии шостаро таъмин месозад” ва  мо имрӯзро ҳамагон дидем ва Роҳбари олии мамлакат барои мардуми заҳматкаши тоҷик дар ҳақиқат зиндагии шоистаро фароҳам овард.

           Қайд кардан ба маврид аст, ки қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари азизамон рӯйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувор гардид.  

        Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Бори нахуст кишвари азизи мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ дониста, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 767
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 13:55
6-11-2022, 13:55

НАҚШИ ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР ДАР ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Маълумот

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади муҳимми тақдирсоз дониста мешавад, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад. Зеро, Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.

 

Аз нигоҳи таърих 30-сол барои рушди давлату давлатдории навин чандон муҳлати тӯлонӣ нест, вале ба Тоҷикистони озоду демократӣ ба шарофати таҳкими заминаҳои ҳуқуқии давлату ҷомеа муяссар гардид, ки дар тӯли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш ҳамчун давлати воҳид дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ пазируфта шавад.

Информация к новости
  • Просмотров: 742
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 13:52
6-11-2022, 13:52

КОНСТИТУТСИЯ - ВОЛОҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

Категория: Маълумот

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 6 ноябри соли 1994 таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардум санади тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Мӯҷиби фахр аст, ки имрӯз Конститутсияи кишвари мо ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардидааст, зеро дар 10 боб ва 100 моддаи он тамоми паҳлуҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд инъикос гардида, вобаста ба рушди давлатдории миллӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

Дарвоқеъ, қонуни асосии кишвар аз конститутсияҳои пешинаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби парламент қабул мешуданд, ба кулли фарқ мекунад. Конститутсия меҳнат карданро ҳамчун ҳуқуқ эътироф намуд, сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистонро дар худ таҷассум кард, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ эътироф гардида, истифодаи самараноки он ба манфиати халқи Тоҷикистон кафолат дода шуд. Вобаста ба таҳаввулот ва пешрафту дигаргуниҳо се маротиба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 3 феврали соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардида, меъёрҳои он такмил дода шуданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 740
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 13:50
6-11-2022, 13:50

КОНСТИТУТСИЯ -РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Категория: Хабар

Таърих собит месозад, ки замони таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як давраи бисёр ҳассос буда, қатъи назар аз таъсири унсурҳои манфӣ ба раванди таҳия ва қабули он халқи Тоҷикистон тавонист, ин санади муҳими сиёсӣ ва барномавии худро қабул, муаррифӣ ва ҳифз намояд.

 

Ҳар давлату миллате, ки истиқлоли хешро ба даст меорад, барои ӯ шиносномае зарур аст, ки дар он кафолати озодии шаҳрванд, ҳимояи арзишҳои инсонӣ дарҷ гардад. Бо ҳамин мақсад имрӯзҳо ҳама гуна давлати соҳибистиқлол дорои санади олии ҳуқуқии хеш мебошад, то ки манфиатҳои давлату миллатро дар сатҳи байналмилалӣ ҳифзу муаррифӣ намояд.

Информация к новости
  • Просмотров: 830
  • Автор: admin
  • Дата: 6-11-2022, 13:48
6-11-2022, 13:48

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

Категория: Хабар

06.11.2022

http://www.president.tj/node/29523

 

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, самимона табрик мегӯям.

 

Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба мо зарур буд, ки Конститутсия, яъне қонуни асосии давлати соҳибихтиёри худро таҳия ва қабул намоем.

 

Пеш аз ҳама, лозим буд, ки давлати соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонуни асосӣ эълон ва расмӣ гардонида, мақсаду мароми мардуми он - бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар ин санади тақдирсоз дарҷ карда шавад.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо қабули ин санади раҳнамо бо майлу иродаи худ маҳз чунин сохти давлатиро интихоб намуданд.

 

Имрӯз бо ифтихор изҳор медорем, ки Тоҷикистон бо эълони созмон додани чунин ҷомеа ва давлат ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардид ва дар ин роҳ ҳамчун қисми ҷудоинопазири ҷаҳони муосир ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи мутамаддини башарӣ бо қадамҳои устувор пеш рафта истодааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 725
  • Автор: admin
  • Дата: 5-11-2022, 19:21
5-11-2022, 19:21

КОНСТИТУТСИЯ – МУАЙЯНКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ ДАВЛАТ

Категория: Хабар

Конститутсия асосҳои системаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муайян мекунад. Конститутсия ҳуҷҷати расмии давлат буда, ҳадафҳои асосии бунёди давлатро муқаррар месозад.

 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дарбаргирандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар аксарияти кишварҳо Конститутсия аз ҷониби халқ бо тариқи раъйпурсӣ қабул карда мешавад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонагии ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва бавоситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд Конститутсияи худро бо тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул намуд. 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2 352 554 нафар ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 696
  • Автор: admin
  • Дата: 5-11-2022, 18:58
5-11-2022, 18:58

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР БАЛАНДБАРДОРИИ ХУҚУҚИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

Барои ҳар як давлату миллат ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузургтарин мебошад. Мафҳуми "Истиқлолият" низ бениҳоят арзишманд аст. Вақте сухан дар бораи истиқлолият меравад, пеши рӯи ҳар як инсон эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва соҳибватанӣ меояд. Вале сад афсус, ки барои давлату миллати тоҷик рӯзҳои аввали соҳиб гардидан ба ин дастоварди муҳимми таърихӣ давраи мушкилтарини таърихӣ буд. Дар он шабу рӯз ба ҷои тую сури соҳибистиқлолӣ аз ҳар гӯшаву канори мамлакат овози тиру туфанг, фарёди кӯдакон, оҳу фиғони модарон ба гӯш мерасид. Оромӣ на шаб буду на рӯз. Мардум пароканда, мақсадҳо гуногун.

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^