Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 17
Информация к новости
  • Просмотров: 1517
  • Автор: admin
  • Дата: 17-12-2022, 05:13
17-12-2022, 05:13

ФИРЕБГАРӢ, ИФРОТГАРОӢ, ДУРУҒГӮӢ ВА БАДХОҲӢ АМАЛҲОИ ҲАМАРӮЗАИ НАҲЗАТИЁН АСТ

Категория: Маълумот

Аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар тули фаъолияти худ танҳо бо роҳи фиреб одамони муайянро ба доми худ ҷалб намуда, онҳоро дар амалигардонии ҳадафҳои ғаразноки худ истифода намудаанд. Бояд қайд намуд, ки ин сенария ё тарҳ имрӯз низ аз ҷониби наҳзатиён амалӣ гардида истодааст, ки дар поён атрофи он муфассал бо факту далелҳои раднопазир андешаҳои худро баён менамоем. Аммо дар инҷо мехоҳем, манзараи умумии доми тазвири наҳзатиёнро тасвир намоем, то хонандаи арҷманд огоҳ бошад, ки наҳзатиён бо кадом методҳо ва аз кадом арзишҳо истифода намуда, одамонро сӯиистифода менамоянд. Дар робита ба тарзи фаъолияти саркардагони наҳзатӣ ва портрети умумии доми онҳо қайд намудани ду нукта муҳим аст, ки дар фаъолияти ифротии онҳо афзалият дорад.

 

1. Истифода аз эътиқоду рӯҳияи динии омма. Саркардагони наҳзатӣ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ кӯшиш менамуданд, ки бо истифода аз таъсиррасонӣ ба руҳияи эътиқодиву динии мардуми оддӣ ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи тоҷикистонӣ васеъ ва мустаҳкам намоянд. Давраи авҷи истифодаи ин метод дар фаъолияти наҳзатиён аз солҳои 90-ум асри гузашта оғоз гардида, ҳудудан то солҳои 2013 идома кардааст. Дар ин давра роҳбарони наҳзатӣ ва  хоҷагони онҳо бо истифода аз методоти таъсиррасонӣ ба эътиқодӣ динии мардум чандин мақсадҳои нопоки худро амалӣ намудаанд. Вобаста ба ин масъала мисолҳои мушаххас хеле бисёранд. Вале ба андешаи инҷониб овардани як мисол дар ин маврид кифоя аст, ки хонандаи ҳушманд моҳияти мавзӯро пурра дарк намояд. Ин ҳам бошад лоиҳаи роҳандозии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби наҳзатиёни ифротгаро. Оинаи таърих тамоми раванд ва ҳодисоти ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар кишварро сабт намудааст.

 

 Шиорпардозиҳоии динии наҳзатиён ба хиёбонҳо кашидани одамони бегуноҳ ва қатлу террори онҳо аз ҷониби аъзоёни наҳзат намунаи барҷастаи ваҳшонияти ташкилоти террористии ҲНИ аст. 

Таъкид намудан зарур аст, ки имрӯз низ ин методи фиреби мардум аз ҷониби наҳзатиён истифода мегардад. Вале пас аз он, ки дар олам як қатор ташкилотҳои ифрогароии динӣ аз қабили ДИИШ, Толибон ва ғайра ошкор гардиданд, наҳзатиёни ифротӣ талош кардан, шакли зоҳирии фаъолияти каме тағйир диҳанд. Яъне, онҳо каме ба дунявият рӯ оварданд. 

 

2. “Ҳуқуқи башар”, “Озодии баён” “демократия” ва “мушкилотҳои хурд” методҳои нави фаъолияти ифротии ТТЭ ҲНИ. Тули чанд соли охир мушоҳида мегардад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо истифода аз ҳуқуқи башар, озодии баёну демократия ва дигар мушкилотҳои хурд кӯшиш доранд, фаъолияти ифротиву террористии худро ба натиҷа расонанд. Гарчанде, ки дар Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат ва таъмин аст, мабуотҳои мустақил фаъолият менамоянд, аммо наҳзатиён талош менамоянд, бо паҳни маълумоти ғаразнок ва дуруғҳои сиёсии худ мардуми оддиро ба доми фиреби худ гирифтор намоянд. Табиист, ки вақте афрод фирефтаи идеяҳои ғаразноку ифротии наҳзат мегарданд, ногузир ба иҷрои амалҳое мегарданд, ки онҳоро наҳзат дастурашон медиҳад. Дар чунин ҳолат барои афроди фиребхурда тамоми муқаддасот арзише надорад. Онҳо ба модару падар, ба наздикон ва ба Ватани худ хиёнат менамоянд, ки ин ҳам ба худи шахси фиребхурда ва ҳам ба суботи ҷамъият таъсири манфии худро мегузорад. 

 

Ин ду намунае аз фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ аст, ки кӯшиш менамоян бо ин роҳҳо мардуми оддиро ба доми худ кашанд. Яъне, манзараи умумии доми ТТЭ ҲНИ-ро чунин хулоса намудан мумкин аст. Бо истифода аз эътиқоду рӯҳияи динӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи башару озодии баён одамони мушаххасро ба доми худ гирифтор менамоянд ва дар ниҳоят онҳоро барои амлигардонии мақсадҳои ниҳоии худ сафарбар менамоянд.

 

Бояд дар хотир дошта бошем, ки барои наҳзат амнияту саломатии ҳеҷ як нафар муҳим нест. ТТЭ ҲНИ дар оянда низ аз ин амалҳои худ даст кашиданӣ нест. Эҳтимол дорад, боз одамони дигарро бо роҳи фиребу найранг ба доми худ гирифтор намуда, қурбонии мақсадҳои худ намояд. Албатта, дар чунин ҳолат ҳам шахси фиребхурда зарари ҷиддӣ мебинад. Ҷиояташ ошкор мегардад ва барои хиёнат ба ватану миллат ба гушаи зиндон меравад, зеро сазои ҳар ҷинояту хиёнат ба миллат зиндони якумра аст.

 

 Ҳар як фардро зарур аст, ки аз доми найранги ТТЭ ҲНИ боэҳтиёт бошад. Чун аъзоёни ин ташкилот бо истифода аз воситаҳои гуногун талош менамоянд, одамони содаро ба доми худ кашанд. Бо ваъдаи маблағҳои бисёр, бо ваъдаи биҳишт ва бо дигар ваъдаҳои пур аз фитна наҳзатиён одамони муайянро ба доми худ кашидан мехоҳанд. 

 

Имрӯз бояд ҳар як шаҳрванд огоҳ бошад, ки душман дар камин аст. Мо бояд ба ҳеҷ ваҷҳ ба дуруғҳои наҳзатиён бовар накунем. Сарнавишти садҳо қурбониёни дирӯзу имрӯзи доми наҳзат бояд барои ҳар як фард дарси ибрат бошад.  

 

Сайф Девонсолор, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Информация к новости
  • Просмотров: 1221
  • Автор: admin
  • Дата: 15-12-2022, 20:02
15-12-2022, 20:02

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Категория: Хабар

ОИД БА СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2025 АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ПУШТИБОНӢ ЁФТ**

 

*4 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. *

 

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

> **Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:**

> ***— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;***

> ***— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;***

> ***-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;***

> ***— Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ш.Душанбе.***

 

Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

 

Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1188
  • Автор: admin
  • Дата: 14-12-2022, 08:07
14-12-2022, 08:07

**ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ОМОДАИ ҲИФЗИ ҚАЛАМРАВУ МАРЗИ ХУД МЕБОШАД**

Категория: Хабар

(Дар ҳошияи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ Адуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)*

 

***Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шаклгирии сифатан нави муносибатҳои байналмилалии муосир замина гузошта, ҳар як давлатро водор менамояд, ки ҷиҳати таъмини амнияти давлатӣ ва рушди давлатдори миллии худ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.***

 

Ташвишовар он аст, ки дар натиҷаи рушди босуръати илмию техникӣ ва нанотехнологияи сермаҳсул дар ҷаҳон байни давлатҳо оид ба имконоти азхуд намудани сарватҳои табиӣ, неъматҳои моддӣ ва болоравии арзиши онҳо нобаробарӣ ба миён меояд. Мушоҳида мешавад, ки ин раванд боиси бо суръати баланд сарватмандшавии қисми давлатҳо ва баръакс бемайлон қашшоқшавии гурӯҳи дигари давлатҳо ва халқу миллатҳо гаштааст.

 

Ҳалли ин масоили муҳимми рӯз барои ҳар як давлат, вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, зарурияти нигоҳи навинро дар рушд ва таъмини бехатарии давлатдории миллӣ ба миён овардааст.

 

Дар раванди тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва таъмини амният нақши муҳим доранд ва татбиқи ин ҷанбаҳо дар сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама ба пешбурди сиёсати сарҳадии давлатҳо алоқамандӣ дорад. Аз як тараф, равандҳои ҷаҳонишавӣ мақоми сарҳади давлатиро дар муносибатҳои байналмилалӣ тағйир дод, зеро бо ташаккули созмонҳои ҳамгироӣ, таъсиси иттиҳодҳои гумрукӣ, ташаккули бозорҳои озоди минтақавӣ, соддагардонии реҷаи сарҳадӣ, озодии ҳаракати молу маҳсулот ва мусофирон омили сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳои алоҳида нақши калидиро иҷро менамояд.

 

Бо дарназардошти ин равандҳо, гуногуншаклии ҳамкориҳо дар соҳаи сарҳадӣ, имкониятҳои муайянро барои рушди алоқаҳои ҳамшарикӣ ва дӯстона миёни давлатҳои ҳамсарҳад ба вуҷуд меоранд.

 

Мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёри байналмилалӣ муайян мекунад.

 

Сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ҳадафи ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайри муҷозотиро дорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад».

 

Бо назардошти андешаҳои болозикр, муаллифи мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” коршиноси масоили сиёсӣ, доктори  илмҳои сиёсатшиносӣ – Абдуллоҳи Раҳнамо қайд менамояд, ки: «Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст».

 

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

 

Нигаронии муаллифи мақолаи мазкур дар он аст, ки дар масъалаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ва ё дахолати қувваи сеюм боиси мураккабшавии вазъият мегардад.

 

Аз ин рӯ, муаллиф қайд менамояд, ки: «таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст».

 

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва ваҳдат дар минтақа ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии осоишта ва рушди иқтисодии кишварҳост ҳавасманд мебошад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳифзи қаламраву марзҳои худ буда, кӯшиш мекунад, ки худро аз ҳама хатарҳои муосир ҳифз намояд.

 

**Фаридун ИСМАТУЛЛОЗОДА,

Информация к новости
  • Просмотров: 1320
  • Автор: admin
  • Дата: 7-12-2022, 21:23
7-12-2022, 21:23

Самтҳои асосии муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

Категория: Хабар

 1) Дар самти баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирии экстремизм ва терроризм:

. Васеъ намудани доманаи фаъолияти профилактикӣ, такмили чораҳои пешгирӣ дар асоси таҳлилӣ самаранокии онҳо;

. Ошкор ва бартараф намудани сабабҳои асосӣ ва омилҳои ҳаракатдиҳандаи экстремизм ва терроризм;

.Ҷалби фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон ба иқдомот доир ба пешгирии экстремизм;...

Информация к новости
  • Просмотров: 1923
  • Автор: admin
  • Дата: 6-12-2022, 09:06
6-12-2022, 09:06

МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?

Категория: Маълумот

(Шарҳи коршиносӣ бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон)

 ***

Чӣ миқдор замини қонунии Тоҷикистон ҳоло дар ихтиёри Қирғизистон қарор дорад? 145 000, 211 000 га ё 420 000 га? Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон ба кадом асос ва ҳуҷҷатҳо такя мекунад? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1932» чист ва чаро онҳо асоси ягонаанд? Маънои «ҳуҷҷатҳои солҳои 1958-59» ва моҳияти «ҳуҷҷатҳои соли 1989» чист? Ҳуҷҷатҳои ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кадоманд ва қурби ҳуқуқии онҳо чист? Конститутсияи СССР сарҳадҳои байн ин ду ҷумҳуриро чӣ тавр тақсим карда буд? Заминҳои Тоҷикистон дар асоси кадом ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифтаанд? Кадом раиси вилоят ва раиси шаҳри Тоҷикистон заминҳоро ба кишвари ҳамсоя дода буд? «Минтақаҳои баҳсӣ» дақиқан кадом қитъаҳоро дар бар мегирад? Талоши посух ба ин саволҳо ё шарҳе мустанад бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзи бо Қирғизистон

Информация к новости
  • Просмотров: 1099
  • Автор: admin
  • Дата: 6-12-2022, 07:38
6-12-2022, 07:38

РОҲГУМЗАДАРО РОҲИ ДИГАР НЕСТ…

Категория: Маълумот

  Имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд. Мо ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки муқобили чунин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ фаъол бошем.

     

  Тавре воқеият нишон медиҳад, имрӯз низ баъзе гурӯҳҳои ифротиву террористӣ иддае аз ҷавонони сустиродаро ба доми худ ҷалб мекунанд, ба вижа он ҷавононе, ки таъриху гузаштаи худро хуб намедонанд. Чихеле, ки аҷнабиён ба сарзамини тоҷикон ҳуҷм карда миллат ва сарзамини моро ба хоку хун мубадал гардониданд, ин – гурӯҳҳои ифротиву террористӣ аз номи дин истифода бурда ҷавононро мағзшӯи мекунанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1232
  • Автор: admin
  • Дата: 1-12-2022, 20:44
1-12-2022, 20:44

САЛОМАТИИ ҲАР ЯК ШАХС ДАР ДАСТИ ХУДИ УСТ!

Категория: Хабар

      Вируси норасоии масунияти одамро (ВНМО) ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentivirus) дохил мекунанд.  Номи  Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Чунин номгузорӣ яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳи вирусҳоро инъикос мекунад, аз ҷумла — суръати суст ва нобаробари инкишофёбии раванди сироятшавӣ дар макроорганизм. Барои лентивирусҳо инчунин, давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО – аз ҳама вируси омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад. ВНМО ба системаи масуният осеб расонида, ҳуҷайраҳои масуниятро (CD4+, лимфоситҳо, макрофагҳо ва ғайра) хароб мекунад ва боиси сустшавии системаи назорату ҳифзи организм аз сироятҳо ва баъзе намудҳои бемории саратон мегардад. Вирус ба организм роҳ ёфта, вирус ба афзоиши фаъол шурӯъ мекунад, ҳуҷайраҳо ба фоидаи вирус «кор» мекунанд, бинобар ин дар шахсони сироятшуда тадриҷан (оҳиста-оҳиста) норасоии масуният инкишоф меёбад. Ин ҳолат ба ҳассосияти барзиёда нисбат ба силсилаи васеи сироятҳо ва бемориҳо оварда мерасонад, ки ба онҳо танҳо шахсони дорои масунияти солим муқовиматпазиранд.

Информация к новости
  • Просмотров: 3643
  • Автор: admin
  • Дата: 29-11-2022, 19:05
29-11-2022, 19:05

НИМИ НОН РОҲАТИ ҶОН.

Категория: Маълумот

Фасод (ришвахӯрӣ)яке аз масъалаҳои душвору ҳалталаб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳамагон хуб медонанд, ки коррупсия ҳамчун омили зишт рушди умумидавлатӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад ва бовариро аз давлат дур месозад, умедро ба оянда аз наврасону ҷавонон пароканда мегардонад. Агар таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дарк месозем, ки амалҳои коррупсионӣ тафаккури моро табоҳ сохтааст. Ин бузургтарин хатарест, ки мо бо он рӯ ба рӯ ҳастем. Тафаккур сармояи пурарзиштарини башар аст, агар он осеб бинад, соҳибаш ҳақиқат ва шарофату каромати хешро аз даст медиҳад. Яъне, фасод дар ниҳоят метавонад худшиносиро аз мо бигирад, зиндагиро ба шоми сияҳ мубаддал созад.

 

Имрӯз фасод ва фасодкорӣ воқеан барои миллати мо масъалаи ҷиддӣ аст. Он озодиҳои инсонро маҳдуд месозад, монеи роҳи рушди умумимиллӣ мегардад. Дар зиндагӣ ҳар амале аксуламал дорад. Нек кардӣ, некӣ мебинӣ, бад кардӣ ҳатман посухи бадиятро мегирӣ. Коррупсия низ аксуламал дорад. Чун бузургон гуфтаанд, ки «Ними нон роҳати ҷон». Бинобар ҳамин кулли шаҳрвандони моро зарур аст, аз меҳнати ҳалоли худ рӯз гузаронанд(ем), фарзанднро бо нони ҳалол ба воя расонанд (ем), дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд (ем), то ки онҳо дар оянда ба корҳои зишту амалҳои номатлуб аз қабили гирифтани пора даст назананд. Баҳри решакан намудани коррупсия бояд аз ҳама имкониятҳо истифода кард ва барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тамоми саъю кӯшишро дар ҳама сатҳ ба кор бояд бурд.

 

Баҳодурова Ҷавоҳирхон

Информация к новости
  • Просмотров: 3159
  • Автор: admin
  • Дата: 29-11-2022, 18:58
29-11-2022, 18:58

ВОХӮРИИ САРДОРИ ШВКД ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРИХОСОР

Категория: Хабар

Имрӯз дар толори Ҷамоати деҳоти Сарихосор вохӯрии сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон подполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб бо масъулон ва фаъолони Ҷамоат баргузор гардид. Ҷумъазода Ҳабиб иброз доштанд, ҳадаф аз ташкили вохӯрии мазкур пеш аз ҳама риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Ёдрас шуданд, ки тағйиротҳои мунтазам ва пурталотуми ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷаҳонишавии босуръат, андаке дар канор мондани арзишҳои миллию фарҳангӣ ба ҳайси омилҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии муносибатҳои ҷамъиятӣ боиси бозсозии фаъоли равандҳои маънавии вобаста ба тасаввури шахсият нисбат ба нақши худ дар ҷомеа, андешаи шахсӣ нисбат ба ватан, нисбат ба арзишҳо  ва амсоли инҳо гардиданд. Арзиши воқеии ватандӯстӣ, садоқат, пос доштани марзу буми ватан, ғурури миллӣ ҳамчун омили ҳамбастагии рағбатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ,   одатан, ҳангоми ҳолатҳои душвору мушкил дар ҳаёти ҷомеа, ҳангоми таҳдиди хатарҳои сиёсӣ, табиӣ ва ғайра бештар дарк ва эҳсос мегардад. Ҳол он ки меҳри Ватан ва ифтихор аз миллату фарҳанг ва ҳифзи сарзамини хеш омили асосии пешгирикунандаи чунин хатарҳо, бахусус, хатарҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Муносибат нисбат ба ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ҳамчун арзиши олӣ, ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолати ногувори ҳаёти ҷамъиятӣ бояд аҳамияти худро гум накунад ва баръакс, шахсият ва ҷамъиятро ҷиҳати бартараф намудани ҳамагуна мушкилоту санҷишҳои таърих раҳнамун созад.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 3191
  • Автор: admin
  • Дата: 28-11-2022, 20:41
28-11-2022, 20:41

ВАТАН САОДАТИ МОСТ!

Категория: Маълумот

Ватан мояи ифтихори мост. Аз тамоми муқаддасот танҳо Модар ва Ватан ивазнашавандааст. Меҳри Ватан бо шири модар дар замири мо ҷо гирифта, бидуни он хушбахт будан ғайри имкон аст.

Муҳаббат ба Ватан аз домони модар ибтидо мегураду, бо шири модар қалбҳоро тасхир менамояд. Сулҳ дар Ватан мисли офтоб дар замин аст. Пойдории Сулҳ аз тарбияи фарзандони баору номус ва ватанпарвар вобастагии калон дошта, тарбияи чунин фарзандон аввал аз оғуши модар, баъдан аз дабистон оғоз мегардад. Меҳри ватандустиро аз модар ва меҳри ватарпарвариро аз мураббӣ ва аз омӯзгор омухта мешавад. 

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (2)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^