Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 13
Информация к новости
  • Просмотров: 1610
  • Автор: admin
  • Дата: 5-01-2023, 18:22
5-01-2023, 18:22

НАҲЗАТУ БИСТУЧОР ДАР СОЛИ НАВ ПАЙИ ГРАНТУ КӮМАКҲОИ ХОҶАГОНАШОН АФТОДААНД!

Категория: Хабар

Ҷомеа сохтори мураккаб ва душвор идорашаванда аст, зеро аз унсурҳои мухталифи сиёсиву ҷамъятӣ иборат буда, онҳо мақсадҳои гуногун дошта, барои ноил шудан аз усулу воситаҳои мухталиф истифода мебаранд.

Муқовимат бо экстремизму терроризм барои тамоми кишварҳои пасошӯравӣ аҳамияти фавқуллодаю муҳим дорад ва аз ин рӯ, як самти муҳимми ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ва пешгирии ифротгароиву даҳшатафканӣ аз сатҳи омодагии ин давлатҳо вобаста аст. Тоҷикистон дар доираи СММ, ИДМ, СААД ва СҲШ бо аксари ин мамлакатҳо ҳамкории пайваста дошта, тақвияти он барои таҳкими суботу амният метавонад таъсири мусбат расонад.

Мувофиқи маълумотҳои махсуси Маркази зиддитеррористии ИДМ ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар қаламрави кишварҳои ИДМ мамнӯъ чунин аст: дар Федератсияи Русия беш аз 31созмони террористӣ ва 73 ифротӣ, дар кишвари Қазоқистон 17 созмони террористӣ ва 6 ифротӣ, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 20 созмони  террористӣ ва экстремистӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ташкилоти террористиву экстремистӣ ва (39 сомонаи интернетӣ, ки ба онҳо хизмат мерасонанд) ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 адад созмони террористиву ифротгароӣ мавҷуд мебошанд. Дар маҷмӯъ, танҳо аз 11 кишвари ИДМ дар 5 кишвари он 207 ҳизбу созмонҳо бо ҳалномаҳои судии кишварҳо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияташон дар қаламрави ин давлатҳо манъ карда шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷомеаи муосир дар радафи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ба сулҳу амнияти ҳуқуқбунёди Тоҷикистони азизи мо терроризму экстремизм мебошад. Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дин аз ҷониби афроди ҷиноятпеша рӯйпуш шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 3333
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 22:29
30-12-2022, 22:29

САРНАВИШТИ ҲЕҶ ФАРД БАРОИ ТТЭ ҲНИ МУҲИМ НЕСТ!

Категория: Маълумот

ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТИ ТТЭ ҲНИ ПУР АЗ ДАҲШАТАФКАНИВУ ХИЁНАТ БА ИНСОНИЯТ АСТ. 

 

Таърихи фаъолияти ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом нишон медиҳад, ки ин созмони ифротӣ то имрӯз ҳамеша дар пайи фиреби одамон буда, ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худро бо ин роҳ амалӣ намудааст. Дар ин раванд садҳо одоман қурбонии ин ҳадафҳо гардида, яке нобуд, дигаре ифротӣ, сеюмин зиндонӣ ва умуман ҳар кадоме аз онҳо ба балое гирифтор гардидааст. Аммо дар ҳамаи ин муддат барои наҳзатиён сарнавишти ояндаи фиребхурдагони қурбонишуда ҳеҷ аҳамияте надоштааст.

 

Аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар тули фаъолияти худ танҳо бо роҳи фиреб одамони муайянро ба доми худ ҷалб намуда, онҳоро дар амалигардонии ҳадафҳои ғаразноки худ истифода намудаанд. Бояд қайд намуд, ки ин сенария ё тарҳ имрӯз низ аз ҷониби наҳзатиён амалӣ гардида истодааст, ки дар поён атрофи он муфассал бо факту далелҳои раднопазир андешаҳои худро баён менамоем. Аммо дар инҷо мехоҳем, манзараи умумии доми тазвири наҳзатиёнро тасвир намоем, то хонандаи арҷманд огоҳ бошад, ки наҳзатиён бо кадом методҳо ва аз кадом арзишҳо истифода намуда, одамонро сӯиистифода менамоянд. Дар робита ба тарзи фаъолияти саркардагони наҳзатӣ ва портрети умумии доми онҳо қайд намудани ду нукта муҳим аст, ки дар фаъолияти ифротии онҳо афзалият дорад.

Тули чанд соли охир мушоҳида мегардад, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо истифода аз ҳуқуқи башар, озодии баёну демократия ва дигар мушкилотҳои хурд кӯшиш доранд, фаъолияти ифротиву террористии худро ба натиҷа расонанд. Гарчанде, ки дар Тоҷикистон тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат ва таъмин аст, мабуотҳои мустақил фаъолият менамоянд, аммо наҳзатиён талош менамоянд, бо паҳни маълумоти ғаразнок ва дуруғҳои сиёсии худ мардуми оддиро ба доми фиреби худ гирифтор намоянд. Табиист, ки вақте афрод фирефтаи идеяҳои ғаразноку ифротии наҳзат мегарданд, ногузир ба иҷрои амалҳое мегарданд, ки онҳоро наҳзат дастурашон медиҳад. Дар чунин ҳолат барои афроди фиребхурда тамоми муқаддасот арзише надорад. Онҳо ба модару падар, ба наздикон ва ба Ватани худ хиёнат менамоянд, ки ин ҳам ба худи шахси фиребхурда ва ҳам ба суботи ҷамъият таъсири манфии худро мегузорад. 

Ин ду намунае аз фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ аст, ки кӯшиш менамоян бо ин роҳҳо мардуми оддиро ба доми худ кашанд. Яъне, манзараи умумии доми ТТЭ ҲНИ-ро чунин хулоса намудан мумкин аст. Бо истифода аз эътиқоду рӯҳияи динӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи башару озодии баён одамони мушаххасро ба доми худ гирифтор менамоянд ва дар ниҳоят онҳоро барои амлигардонии мақсадҳои ниҳоии худ сафарбар менамоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2197
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:15
30-12-2022, 13:15

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Категория: Хабар

    Бо таваҷҷӯҳ ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои пулию молӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, расонида мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гуруҳи кории мақомот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло ба тарбиятгирандагони интернати вилоятии наздимактабии деҳаи Шаидон тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ба онҳо хони идона ороста шуд. Толибилмони ин боргоҳ, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои ниёзманд ва бесаробонмонда мебошанд, аз ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расониданд. 

    Инчунин раиси ноҳия ба аёдати якчанд нафар маъюбону барҷомондагони деҳоти Сари Хосор рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои пулӣ расониданд. Зимни тақдими тӯҳфаҳо дар интернат ва хонаи ниёзмандон раиси ноҳия бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор додааст ва онҳоро ваъда доданд, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2283
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:14
30-12-2022, 13:14

ҒАМХОРӢ БА ЯТИМОН - ҒАМХОРӢ БА ОЯНДАИ МИЛЛАТ!

Категория: Хабар

   Дирӯз раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 дидан намуда, ба зиёда аз 20 нафар хонандагони ятиму бепарастор ва ниёзманд тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Ин ташаббуси раиси ноҳия аз сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, асоси мантиқии онро таъмини зиндагии шоиста ва таҳти ғамхорӣ қарор доштани наврасони ниёзманд, ташкил медиҳад. Хайру саховат ба ин ашхос беҳтарин хислати инсонист.

Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, ки дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад хам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд. ... 

     Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушхолианд. Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳат ва афсурдагӣ вохурем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд.

    Ҳамзамон раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр дар муассисаи мазкур дар чорабинии соати тарбиявӣ вобаста ба хатми китоби Алифбо иштирок намуда, ба дуструякон китоби нави таълимӣ, яъне Забони модариро супориданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2116
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:13
30-12-2022, 13:13

АЁДАТ ВА РАСОНИДАНИ КУМАКҲО БА ҶАВОНОНИ МАЪЮБУ ЯТИМ

Категория: Хабар

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои инсондустонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони ниёзманд доимо зери сарпарастӣ ва дастгирии сохторҳои дахлдор қарор доранд.  Бо мақсади амалисозии иқдомҳои ғамхоронаи Сарвари давлат санаи 28 декабри соли равон бахшида ба Соли нави мелодӣ аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба 8 нафар ҷавонони ятиму ниёзманд тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2141
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:12
30-12-2022, 13:12

ИНСОНИ НЕК ПАЙВАСТА ДӮСТДОРИ ХАЛҚ АСТ!

Категория: Хабар

     Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ Раиси ноҳияи Балҷувон узви фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳия бо пайрави аз сиёсати ободкоронаву инсондӯстона ва ғамхоронаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як иду ҷашнҳо бо ташаббусҳои неку инсондӯстонаи хеш дили ҳазорон ятимону беҷорагон ва ниёзмандонро шод мегардонад, ки ин аз фазилати баланди инсонӣ ва роҳбари ғамхору нексиришт буданаш дарак медиҳад.

  Баҳри ободиву пешрафти диёр саҳми шоиста гузошта, дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояш таъкид месозад, ки ҳамчун фарзандони бо нангу ори Тоҷикистони азиз бояд мо аз мактаби созандагиву сулҳҷуёнаи Пешвои миллат панд гирифта, саҳмгузори меҳани аҷдодии хеш бошем.

Информация к новости
  • Просмотров: 2155
  • Автор: admin
  • Дата: 30-12-2022, 13:11
30-12-2022, 13:11

ПАЁМ РОҲКУШОИ МО ҶАВОНОН

Категория: Хабар

     Аз Паём то Паём дар дили ҳар яки мо нисбат ба пешравиву ободии мамлакати азизамон меҳру муҳҳабат бисёр гардида, ободии Ватан қарзи имониву ҷонии мо хосатан ҷавонон аст.

 

    Паём роҳкушои ҷавонон ва маҳаки далериву шуҷоатмандии мост!

      

        Паёми навбатии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ,  ки санаи  23 декабри  соли 2022 доир  гардид, барои мардуми шарафманди кишварамон роҳнамоест, ки  барои давом додани фаъолияту ташаббуси ҳар як шаҳрванд баҳри ободкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол. 

        Дар  Паёми худ Роҳбари давлат ба  Маҷлиси Олӣ ва аҳли зиёи кишвар қайд намуданд, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2214
  • Автор: admin
  • Дата: 29-12-2022, 01:37
29-12-2022, 01:37

ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

Категория: Хабар

Бо таваҷҷӯҳ ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба ятимону маъюбон ва дигар табақаи ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои пулию молӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, расонида мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар аз тарафи раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гуруҳи кории мақомот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло ба тарбиятгирандагони интернати вилоятии наздимактабии деҳаи Шаидон тӯҳфаҳои солинавӣ дастрас карда шуда, ҳамзамон ба онҳо хони идона ороста шуд. Толибилмони ин боргоҳ, ки аксарияти онҳо аз оилаҳои ниёзманд ва бесаробонмонда мебошанд, аз ин иқдоми наҷибу хайрхоҳона хушнуд гардида, миннатдории самимии худро ба Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расониданд. 

    Инчунин раиси ноҳия ба аёдати якчанд нафар маъюбону барҷомондагони деҳоти Сари Хосор рафта, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои пулӣ расониданд. Зимни тақдими тӯҳфаҳо дар интернат ва хонаи ниёзмандон раиси ноҳия бо онҳо суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеаро дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор додааст ва онҳоро ваъда доданд, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат доимо барои дастгирию ҳавасмандгардонии шумо тамоми тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2196
  • Автор: admin
  • Дата: 27-12-2022, 19:45
27-12-2022, 19:45

ЗАХМЕ, КИ БАР ҶИСМИ ВАТАН МЕРАСАД, БАР ДИЛИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Категория: Хабар

Вокуниш:Мо мардуми шарифи тоҷик, ки ватандӯсту меҳанпараст ҳастем, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми кишвари азизамон омода ҳастем. Гузаштагони мо устодон Садриддини Айни, Бобоҷон  Ғафур ва ҳазорҳо мисли онҳо родмардони Ватан баҳри ҳар як пораи кишвар хун рехта, миллату давлати худро ҳимоя намудаанд ва ҷонбозиҳои онҳо барои мо намунаи ибрат мебошад.

Яке аз печидатарин гиреҳҳое, ки дар мушкилии марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омадааст, ки ин 211 000 гектар замин ва баҳси ҳуҷҷатҳост. Моҳият ва аҳаммияти ин масъала дар он аст, ки маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд то мавзӯи гуфтугӯҳо мушахас гашта, ҷонибҳо мавқеи худро ба таври мушаххас, асоснок ва устувор шакл бидиҳанд. Маҳз ҳуҷҷатҳо имкон медиҳанд, ки ҳақиқати таърихӣ маълум шуда, дар музокирот рӯи санад ва хулосаи мушаххасе тавофуқ ҳосил гашта ва роҳи ҳалли мушаххасе ба даст ояд.  

Аммо ҷониби Қирғизистон  аз чунин гузоштани масъала ё эътирофи ин воқеият  манфиатдор нест, зеро маҳз ҳамин навъи гузориши масъала аз назари қонунӣ пурра ба Тоҷикистон тааллуқ доштани  ин заминҳоро исбот мекунад.  Бо ин кор Қирғизистон талош мекунад, ки заминҳои аз ҳисоби Тоҷикистон амалан дар ихтиёрдоштаи худро расмияти ҳуқуқи бахшад.           

Мардуми Шарифи Тоҷикистон даъвоҳои  беасоси давлати ҳамсоя- Қирғизистонро дар масъалаи гирифтану соҳиб шудан ба  маҳалли Ворухи Тоҷикистон, мо мардуми бонангу номусро бетараф гузошта наметавонад. Имрӯз Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастӣ мебошад. Аз ватандорию ватандӯстии миллати тоҷик аз азал тамоми ҷаҳониён дар ҳайрат буданд ва дар ҳайрат хоҳанд монд. Чунки барои мо – меҳанпарастӣ  аз ҳифзи ҳар як ваҷаби кишварамон оғоз ёфта, то сарсабзу  обод намудани он давом меёбад. Ватандӯстиву ватанпарастӣ дар хуни мо ҷорӣ аст!

Ҳар як санги кишвар, ҳар як ваҷаби он барои мо азизу мӯътабар аст! Мо ҳамаи онҳоеро, ки бо иқдом ва нияти нек ба кишварамон назар меафкананд, бо меҳрубонӣ қабул менамоем, аммо онҳое, ки бо ниятҳои нопок дастдарозӣ карданӣ мешаванд, дасташонро кӯтоҳ менамоем!

Шодиева Нозанин 

Информация к новости
  • Просмотров: 2350
  • Автор: admin
  • Дата: 24-12-2022, 00:30
24-12-2022, 00:30

ВАТАНДӮСТӢ ВАСИЛАИ МУҲИММИ ҲИФЗИ ДАВЛАТ АЗ ХАТАРУ ТАҲДИДҲО.

Категория: Хабар

Чанд нукта дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 Чун анъана имрӯз 23 декабри соли 2022 Паёми Президентти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Паёми навбатии Президенти кишвар дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карда истодаанд. Вобаста ба ин дар Паёми Пешвои миллат махсус зикр гардид, ки “Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”. 

 

 Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат дар баробари он, ки дастовардҳои ҳама соҳаҳо ва вазъи онҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ҳамзамон яке аз самтҳои дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт, ин таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи сарҳад ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷаҳони муосирро мураккаб арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ суботу оромӣ ва амнияти ҷаҳонро халалдор намуда истодааст. Тавре дар Паём зикр гардид: “Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид. Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд”. 

Тегхо

Анбори хабархо

Ноябрь 2023 (5)
Октябрь 2023 (16)
Сентябрь 2023 (2)
Август 2023 (13)
Июль 2023 (7)
Июнь 2023 (16)
^