Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 3
Информация к новости
  • Просмотров: 702
  • Автор: admin
  • Дата: 15-06-2023, 17:32
15-06-2023, 17:32

Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа

Категория: Хабар

Нақши худшиносӣ ва ифтихори миллиро дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун пойдевори бақои миллат муайян намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид менамояд «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккури ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Информация к новости
  • Просмотров: 683
  • Автор: admin
  • Дата: 15-06-2023, 10:35
15-06-2023, 10:35

ОМӮЗИШ ВА ИСТИФОДАИ ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ДАР МИҚЁСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Категория: Хабар

     Соҳаи сиёсат, ки бо тақсимоти нобаробари захираҳои ҳокимият дар байни гуруҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра хос аст, аз рӯйи табиати худ ҳамеша ин ё он тарз бо пайдоиши ҳолатҳои низоъангез алоқаманд аст. Ихтилофҳои сиёсии институтсионалӣ, ҳамчун қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҳуқуқии демократӣ, одатан, ҳамчун падидаи муқаррарии иҷтимоӣ, вобаста ба тавлиди маҷмўи қонунҳо ва меъёрҳо барои ҳалли онҳо қабул карда мешаванд.***

 

Воқеаҳои фоҷиавие, ки дар охири асри XX дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, бо ягон сабаб, бо амалиёти ягон табақа ё гуруҳи иҷтимоӣ шарҳ додан мумкин нест. Чунин ба назар мерасад, ки шарҳи як сабаби пайдоиш ва динамикаи инкишофи воқеаҳои бузурги таърихӣ равиши якҷониба ва маҳдуд аст, ки таҳлили воқеияти мураккабро хеле суст мекунад. Маҷмӯи пурраи сабабу омилҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид. Ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистонро наметавон як муноқишаи сирф дохилитоҷикӣ донист. Пайдоиши он бо таъсири бевоситаи ду омили асосӣ - берунӣ ва дохилӣ алоқаманд аст. Илова бар ин, ин мушкил ба мавқеи ҷуғрофӣ, манобеи табиӣ, суннатҳои миллии тоҷикон ва ҳамчунин вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳаммарз рабт дорад. Дар баробари ин, табиати таркишҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди тоҷикон аз зуҳури таълимоти Зардуштия то имрӯз, ки бо анъанаҳои миллии мардум алоқаманд аст, решаҳои амиқи таърихӣ дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 724
  • Автор: admin
  • Дата: 13-06-2023, 21:46
13-06-2023, 21:46

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН

Категория: Маълумот

Инсонҳои қавӣ, пешвоёни асил ва роҳбарони миллатдӯсту ватанпарвар асосан дар давраҳои душвори таърихии миллату халқи худ ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, чун анъана наҷотбахши дирӯзи имрӯз ва ояндаи халқи худ мегарданд. Дар Рим Юлий Сезар, дар Амрико Авраам Линколн, дар Чин Мао Сзедун аз амсоли чунин роҳбарон ва пешвоён ба шумор мераванд.

 

Хушбахтона, таърихи миллати тоҷбарсари тоҷик низ борҳо шоҳиди чунин сарварони соҳибхираду ояндабин ва ояндасоз ба мисли Курушу Доро, Спитамену Ардашер, Бузургмеҳру Деваштич ва Исмоили Сомонии номдор гаштааст. Ин бузургони арсаи сиёсат барои пойдории аркони давлатдории миллӣ ва нигоҳдошти сулҳу суботи том дар саросари мамлакати худ мубориза бурдаву қисмате аз онҳо дар ин роҳ ҷони ширини худро аз даст доданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 708
  • Автор: admin
  • Дата: 13-06-2023, 10:50
13-06-2023, 10:50

АЗ ВАҲДАТИ МО БОҒИ ВАТАН ТОЗАБАҲОР АСТ

Категория: Хабар

Ваҳдат - рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.***

 

***Эмомалӣ Раҳмон***

 

Мардуми тоҷик дар таърихи тӯлонии худ давраҳои бисёр сахту сангинеро сипарӣ намуда, бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёфтааст. Родмардони фидоӣ ва фарзандони фарзонаи ин мардум тавонистанд, ки истиқлолияту озодӣ ва асолату ҳуввияти миллиро бо ҷасорату матонат, зиракиву фаросат ва ҳусни тадбир ҳифз намуда, ба онҳо ҷило ва бақои тоза бахшанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 210
  • Автор: admin
  • Дата: 12-06-2023, 22:15
12-06-2023, 22:15

ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ.

Категория: Маълумот

     Тиҷорати маводи мухаддир барои ташкилоту гурӯҳҳои ифротиву террористӣ воситаи хеле мусоди барои ҷалб намудани маблағ буда дар натиҷаи он маблағи калон ҷамоварӣ мегардад. Миқёси маблағгузории фаъолияти террористӣ аз ҳисоби савдои ғайриқонунии маводи нашъаовар пас аз коҳиш ёфтани дастгирии молиявии давлатҳое, ки терроризмро ташвиқ медоданд, хеле афзуд. Чунин раванд боиси аз байн бурдани фарқияти миёни гурӯҳҳои террористӣ ва ташкилотҳои ҷиноии нашъаҷаллоб гардид.

Информация к новости
  • Просмотров: 770
  • Автор: admin
  • Дата: 9-06-2023, 14:47
9-06-2023, 14:47

ЧАНД ДАЛЕЛИ ҚАТЪӢ ДАР МАВРИДИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ БУДАНИ ТТЭ ҲНИ

Категория: Хабар

Ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз оғози пайдоиш то ба имрӯз дар фаъолияти тахрибкоронаи худ, ташкили бетартибӣ, ҷанг ва иҷрои амалҳои террористиро дар ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Даҳҳо далелҳои таърихӣ ва даҳҳо намунаи таҳлили коршиносони дохиливу хориҷӣ мавҷуданд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ будани Ҳизби наҳзати исломро собит намудаанд. Яке аз далелҳои равшан ва раднопазир, ин ташкили ҷанги шаҳрвандии соли 1992 дар  Тоҷикистон мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти террористии ТТЭ ҲНИ дар кишвар беш аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо иншоотҳои гуногуни таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо хароб гардиданд. Маврид ба ёдоварӣ аст, ки дар он вақт яке аз ҳадафҳои асосии ТТЭ ҲНИ ин аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ва пароканда кардани миллати тоҷик ташкил медод, ки хушбахтона бо ҷонфидоии фарзандони қаҳрамони миллати тоҷик давлати тозаистиқлол аз хатари ТТЭ ҲНИ ҳифз карда шуд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 730
  • Автор: admin
  • Дата: 8-06-2023, 14:28
8-06-2023, 14:28

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ

Категория: Хабар

     Эмомалӣ Раҳмон – бунёнгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва асосгузори дипломатияи об дар минтақа мебошад. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар, ривоҷдодани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ташаббусу ибтикорот, дарёфти ҷойгоҳи ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва дипломатия об фаромушнашаванда мебошад.***

 

Масъалаи оби тоза ва мушкилоти вобаста ба он аз зумраи он масоили мубраме мебошад, ки вобаста ба аҳамияти гуногунпаҳлӯи худ дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди назари доимии сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Информация к новости
  • Просмотров: 798
  • Автор: admin
  • Дата: 8-06-2023, 08:53
8-06-2023, 08:53

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА БАЪЗЕ РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Категория: Маълумот

Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуротҳои манфур ва харобиовар дар натиҷаи таъсири равандҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва технологӣ шаклҳои нави зуҳурёбиро ба худ касб намудааст, ки таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз он беш аз пеш мубрам ва мушкил гардидааст.***

 

Мушкилоти пешгирии ин зуҳурот асосан дар сатҳи пасти ҷаҳонбинӣ, илму дониш ва истифодаи ғайримақсадноки дастгоҳҳои техникӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби аҳолӣ, махсусан насли ҷавон ва наврас мебошад. Насли ҷавон такягоҳе мебошанд, ки фардои давлату миллат ва фарҳангу тамаддуни миллиро ба онҳо мерос гузошта, тақдири давлату миллатро ба дасти онҳо месупоранд. Ин аст, ки ҳадафи асосии гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароиро маҳз насли ҷавон ташкил медиҳад.

Информация к новости
  • Просмотров: 959
  • Автор: admin
  • Дата: 2-06-2023, 14:30
2-06-2023, 14:30

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Категория: Маълумот

Давлат, ки аз муҳимтарин ниҳодҳои ҷомеа арзёбӣ гардида ва он фарогири гурӯҳи муайяни инсонҳо аст, ваҳдати миллӣ ва ҳифзу нигоҳдории он барои мавҷудияти минбаъдаи он ҳадафи усулӣ ба ҳисоб меравад. Ин воқеиятест, ки аксарияти ҷомеашиносон  чунин назар доранд. Зеро дар шароити муосир соҳиб гардидан ба рушди устувори давлат дар ҳама соҳа ва рақобатпазир будан дар раванди бозиҳои сиёсӣ танҳо бо ваҳдату якдилӣ ва муттаҳидии қишрҳои ҷомеа имконпазир аст. Воқеияти сиёсӣ ва ҳақиқатҳои рӯзгор бозгӯйи онанд, ки ба василаи ваҳдати миллӣ давлатҳо муҳимтарину бузургтарин ормону ҳадафҳои миллии худро амалӣ гардонидаанд. Чунин воқеиятро таҷриба ва таърихи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқ собит намуда, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини пешрафти шахс, ҷомеа ва давлат мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 788
  • Автор: admin
  • Дата: 1-06-2023, 17:29
1-06-2023, 17:29

ХУРСАНДИИ КӮДАКОН ШОДИИ ДИЛИ МОСТ!

Категория: Хабар

Бо мақсади хубу хотирмон гузаштани Рӯзи иди байналмилалии кӯдакон, дар ноҳияи Балҷувон гашти идонаи кӯдакон баргузор гардид, ки дар ин сайру сайёҳати идона кӯдакон бо як чеҳраи саршор аз лутфу меҳрубонӣ, шодиву бозикунон аз майдончаи кӯдаконаи “Бону” дидан намуда, ҳар як нафари онҳо дар лаб шеъру тарона замзама менамуданд.

Кӯдакон замири бекинаву қалби соф дошта, дунёро бо рангорангияш дӯст медоранд, ки васфи он хело душвор аст.

Омӯзгорон низ бо ҳамроҳии кӯдакон дар ин гашти идона иштирок дошта, онҳоро ба зебогиҳои табиат аз наздик ошно месохтанд, ки ин панди омӯзгор роҳест барои худшиносиву масъулиятпарастии кӯдакон аз хӯрдӣ. Муҳимияти тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзу нигоҳдории олами наботот дар гашти имрӯза мавзуъест, ки баҳри ҳисси зебоипарастӣ ва дар рӯҳияи экологӣ тарбият ёфтани  кӯдакон.

Тегхо

^