Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 6
Информация к новости
  • Просмотров: 1662
  • Автор: admin
  • Дата: 10-08-2023, 22:53
10-08-2023, 22:53

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва варзишгарону собиқадорони соҳа баргузор гардид. Нахуст муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхиё аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи варзишгарон табрик гуфта, иброз доштанд, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд ёфта, мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боло рафт. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳа ва мутахассисони соҳа Сипосномаҳои раиси ноҳия ва тӯҳфаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Балҷувон дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2127
  • Автор: admin
  • Дата: 24-07-2023, 14:41
24-07-2023, 14:41

ТАЗОДҲО ВА МАСЪУЛИЯТ

Категория: Хабар

     Таърихи инсоният гувоҳи он аст, ки сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, дӯстиву рафоқат ва ҳусни тафоҳум асоси пешравии ҳамагуна давлату миллат аст. Баръакси ин ҷангу нооромӣ, ҷудоиандозиву парешонӣ, душманиву адоват ва нофаҳмиҳо боиси забун гардидани тамаддунҳо гардидаанд.

     Экстремизму терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрӯз буда, дар андоми инсоният чун маризи ҷонкоҳ аст. Воқеоти ҷаҳони имрӯз ошкор менамояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ худро гӯё “ғамхори мардум” вонамуд карда, дар асл бо ақидаҳои беасосу дурӯғин аҳли ҷомеаро ба гумроҳӣ мебаранд. Аксари маврид ин гуфтори дурӯғин ва бебунёдии фикрашон ба зудӣ ошкор мешавад.

       Дар гӯшаву канори олам ягон давлат ё миллате ба чашм намерасад, ки дар асоси ҷангу хунрезӣ арзи ҳастӣ намуда, мардумаш дар сулҳу осоиштагӣ бошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро бахусус ҷавононро зарур аст, ки ба суханҳо ва ваъдаҳои дурӯғини ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ фирефта нагардем. Барои ин тарбияи мукаммали наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ, меҳру шафқат ва дӯстиву рафоқат, меҳнатқаринӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба камол расонидани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

        Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа бояд худро дар талқин намудани насли навин ба роҳи дуруст, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва роҳи сулҳу дӯстӣ масъул шуморад ва аз эмин доштани ҷавонон аз ин падидаи номатлуб ҳиссагузор бошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2750
  • Автор: admin
  • Дата: 9-07-2023, 07:49
9-07-2023, 07:49

УСУЛИ МУАССИРИ ОЯНДАСОЗӢ.

Категория: Маълумот

БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОИ МИЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН

 

    18 июли соли 2016 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз таъсиси ин ниҳодро Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маънидод намуданд. 

    Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ кардани Шуро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Тавре ки Пешвои миллат дар ҷаласаи нахустини Шуро 27 майи соли 2016 таъкид намуданд: “Моро зарур аст, ки дар муносибат бо ҷавонон усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориро ҷорӣ намоем ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият бахшем”. 

     Дар асоси ин иқдоми бузурги Роҳбари давлат шуроҳои маҳаллии кор бо ҷавонон дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсис ёфта, аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ мешаванд. Ин раванд метавонад, ки насли ҷавонро дар масири ҳадафҳои олии давлату давлатдорӣ тарбият созад ва ояндаи боз ҳам дурахшонро замина гузорад.

      Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Дар давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

      Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян шуданд. Махсусан, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расондани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул гаштанд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.

Дар баробари дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон низ, тарбияи насли наврас ва ҷавононро рисолати азалии хеш дониста, баҳри пешгирӣ аз ҳамагуна ҳодисаҳои номатлуб ва доғи рӯз дар ҳамкорӣ бо ҷомеа иқдом мекунанд, зеро таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин буда метавонад.

 

Ҳабиб ҶУМЪАЗОДА, 

сардори ШВКД дар ноҳияи Балҷувон, 

подполковники милитсия

 

Бознашр аз рӯзномаи Ҷумҳурият аз 08.06.2023, #120 (24731)

Информация к новости
  • Просмотров: 2005
  • Автор: admin
  • Дата: 6-07-2023, 11:49
6-07-2023, 11:49

ИФРОТГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ОН

Категория: Маълумот

     Дар шароити кунунӣ хатари ифротароӣ торафт ба худ шакли ҷидӣ гирифта, натанҳо ба мингтақаҳои ҷудгона, балки саросари олам таҳдиди даҳшатбор ва ҳатто марговар ба худ гирифтааст. Ин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ, борҳо таъкид доштаанд.***

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ифротгароён танҳо як мақсад доранд: бо роҳи зӯрӣ ва роҳандозии ҷангу ҷидолҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар ин ё он кишвари олам аст. Дар ин маврид, аз нуқтаи назари коршиносон, вазъ дар минтақаи Осиёи марказӣ басо ҳассос ва хатарзо маънидод мегардад. Ин ҷо чанд сабаб аст: баъди он ки ҳаракати ифротгарои Толибон дар мулки ҷангзадаи афғон ҳокимиятро ғасб кард, таҳдиди ифротагроӣ ба минтақа дучанд зиёд гардид. Зеро худи ҳаракат моҳиятан ифротгаро буда, баҳри инкишоф ва тақвият ёфтани гурӯҳҳои дигари ифортгаро дар ин ҷо замина муҳайё кард. Ҳоло дар Афғонистон пасмондаҳои ДОИШ, ал–Қоида, боз чӣ қадар гурӯҳу ҳаракати тундгаро паноҳгоҳ ёфта, дар лаҳзаҳои лозима ва муҳайё гардидани шароити мусоид метавонанд ба минтақа сар халонанд.

 

Ҳоло гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро баҳри ҳар чи бештар афзоиш бахшидани сафҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хеле “пурмаҳсул” истифода мебаранд. Онҳо мекӯшанд ҷавонони ноогоҳ ва сатҳи донишашон пастро ба доми фиреби худ андохта, дар ҷомеа тухми низоъ ва нобоварӣ коранд.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки он ҷо вазифаи ҳар шаҳрванд дар муқобилаистӣ бо чунин падидаҳои номатлуб баён ёфта, ҳар шаҳравнд, махсусанро ҷавононро водор месозад, дар сафи пеши мубориза бо чунин гурӯҳу ҳаракатҳо қарор дошта бошанд.

 

Аз дигар ҷониб, ба мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва сохторҳои мартуба лозим аст, корҳои тағиботию тавшиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ ва моҳияту фаъолияти гурӯҳу ҳарактаҳои ифротиро ба аҳолӣ, махсусан насли наврас ба таври бояду шояд фаҳмонанд. Зеро илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ, гуфтаанд. Аммо сатҳи пасти зиндагӣ, бархурдор набудани ҷавонон аз маърифатҳои ҳуқуқӣ, ба таври бояду шояд надостани таърих, фарҳанги миллати хеш боиси ба доми фиреби намояндагони чунин гурӯҳҳо афтидани ҷавонони ноогоҳ мегардад.

 

Ҳамчунин, муҳити носолими оила сабабгори ба чунин гурӯҳҳо пайвастани аъзои ҷавони оила гардиданаш мумкин. Пас волидонро лозим аст, фарзандони худро беназорат нагузоранд. Нагузоранд, ки бо афроди ношинос, дур аз фарҳангу маърифат ошноӣ пайдо кунанд. Маҳз ин гуна шиносӣ бо афроди номаълум боиси ба роҳи хато рафтани фарзандон шуданаш мумкин.

 

Шукр, ки ҳол мардуми тоҷик дар шароити соҳибистиқлолӣ дар кишвари тинҷу осудаи худ, дур аз ҷангу ҷидолҳо оромона зист доранд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид медоранд, ба қадри тинҷу амонӣ, фазои ороми кишвар бояд расид ва баҳри пешрафти Ватани азизи худ ҳамагон саҳмгузор бошем.

 

Беҳрӯз КАРИМЗОДА

Информация к новости
  • Просмотров: 1916
  • Автор: admin
  • Дата: 4-07-2023, 23:42
4-07-2023, 23:42

ТЕРРОРИЗМ РОҲ БА СӮИ НОБУДӢ

Категория: Хабар

Яке аз омилҳои муҳиме, ки боиси хавфу хатарҳои мудҳиши ҷомеаи муосир гардидааст, ин ифротгароӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои динию террористӣ ба ҳисоб меравад. Бо рушди илму техника дар ҷомеа ташкилотҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ба ҳар роҳу восита барои ба даст овардани манфиатҳои худ мехоҳанд, ки бузургтарин ҳадаф ва нақшаҳои терористиашонро дар ҷомеа амалӣ созанд.

Вобаста ба ин мушкилот ҳоло мо шоҳиди даҳҳо амалҳои терористӣ аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳо мешавем, ки бо истифода аз динни мубини Ислом амалӣ гаштаанд.

Боиси қайд аст, ки мушкилии асосӣ имрӯз дар ҷомеа, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад ва мутаасифона, ин масъала дар тамоми кишварҳои сайёра ба чашм мерасад.

Доир ба масъалаи мазкур коршиносони умури сиёсӣ ба он назаранд, ки асосан қисме аз ҷавонон фаҳмиши аниқу дақиқ дар бораи гурӯҳҳои террористӣ надошта, ҳама маълумоти динние, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас мекунанд, намедонанд, ки худи паҳнкунандагони ин иттилоъ дар кадом дину равия қарор доранд.

 Таъкид ба он дошт, ки барои пешгирии ин мушкилот бояд пеш аз ҳама ба ҷавонон маълумоти дурусту дақиқ дод ва мақсади ин гурӯҳҳои террористиро ба онҳо фаҳмонд. Ба ин васила онҳо ҳама ҳодисаҳои дар ҷаҳон ба амал омадаро дарк намуда, огаҳ мешаванд, ки зери фишори кадом гурӯҳҳои ифротӣ қарор доранд.

 

Воқеан ҳам яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ин аз бепарвоӣ ва нодуруст истифода намудани шабакаҳои ичтимоӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот ҳазар кардани ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тарзи дуруст истифода намудани онро хуб дарк намоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1913
  • Автор: admin
  • Дата: 2-07-2023, 21:45
2-07-2023, 21:45

САБАБҲО ВА ОМИЛҲОИ МАЙЛ БА ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ

Категория: Хабар

Яке аз навъҳои ифротгароӣ – ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи асосӣ,  муайян намудани сарҳадоти ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯза, муҳаққиқони мухталиф, унсурҳо ва хусусиятҳои алоҳидаи ифротгароии диниро муайян намудаанд. Маҳз дар асоси чунин унсурҳо, доираи амал намудани ифротгароии динӣ, мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои хосси он ошкор карда мешаванд.

Мувофиқи таҳлилҳо ба ифротгароӣ ҷиҳатҳои зерини хусусиятҳои динӣ мебахшанд:

- шуури динии ҷамъиятӣ, агар ба он аломатҳои тоталитаризатсия ва гиперболизатсияи арзишҳои муайяни мухолифати ғояҳои динӣ бар зарари ғояҳои дигари динӣ ва дунявӣ хос бошад. Дар чунин ҳолат оид ба «нигилизм» (инкори маслаку мафкура, ҳулқу одоб ва сохти маъмули ҷамъият) ва «фанатизм» (таассубот) сухан меравад;

- идеологияи динӣ, ки худсарона «ҳақиқати мутлақ»-ро эълон менамояд, аҳамият ва мавқеи назароти дигарро рад менамояд ё нисбати онҳо беэътиноӣ зоҳир мекунад. Қайд намудан зарур аст, ки дар чунин ҳолат арзиш ва анъанаҳои «мусбии» худ, аз арзиш ва анъанаҳои «манфӣ» ҷудо карда мешаванд;

- фаъолияти динӣ, ки ба татбиқ намудани унсурҳои асосии дар идеология баёншуда равона карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин ҳолат методҳои мухталифи ҷисмонӣ ва зӯроварии психологӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд;

- фаъолияти созмонҳои динӣ, ки аз тибқи муқаррароти асноди ҳуқуқӣ, «созмонҳои ифротгароӣ» шуморида мешаванд.

Дар шароити имрӯза, масъалаи муайян намудани сабабҳо ва омилҳои ифротгароии динӣ, ба яке аз масъалаҳои муҳим мубаддал гардидааст, ки муаллифони зиёд ба он рӯй овардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар таҳқиқотҳо маҷмӯи муайяни омилҳо ва сабабҳои ифротгароии динӣ пешниҳод карда шудаанд. Сабабҳои ифротгароии динӣ дар ҷомеаро ба таври умумӣ, метавон чунин арзёбӣ намуд: буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, шаклдигаркунии сохторҳои давлатӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ, ҷабру зулми миллӣ, такаббур ва ҳавобаландии сарварони ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ, ки кӯшиш менамоянд ба амалӣ намудани вазифҳои пешниҳодшуда суръат бахшанд, фаъолияти мубаллиғони хориҷӣ, ки ба барангезиши мухолифатҳои мазҳабӣ равона гардидааст.

Дар доираи сабабҳои иқтисодӣ, метавон нобаробарии молумулкиро махсусан қайд намуд, ки ба қонеъ набудани қишрҳои бенаво ва бенасиб мусоидат менамояд. Дар чунин ҳолат, ин қишрҳои аҳолӣ, ба сиёсат ворид гардида, роҳу воситаҳои ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ҳолати тариқи осоишта ва қонунӣ ҳал нагардидани масъала, чунин қишрҳо ба методу воситаҳои иртиҷоӣ рӯй меоранд, ки ба инкишофи навъҳои гуногуни ифротгароӣ, аз он ҷумла, ифротгароии динӣ мусоидат менамояд.

Қайд намудан зарур аст, ки ифротгароии динӣ масъалаи нозук ва мураккаб ба ҳисоб меравад. Истифодаи методҳои маҷбурнамоӣ ва зӯроварӣ, ҳатто дар доираи қонунҳои амалкунанда, боиси рушд кардани он мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар мубориза бо ифротгароии динӣ, ба сабабҳои сиёсиву ҳуқуқии он диққати махсус равона карда шавад. Солҳои охир рушди ифротгароии динӣ нишон медиҳад, ки сабабҳои оилавӣ низ дар инкишофи он мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба омилҳои оилавии рушди ифротгароӣ, метавон ҷиҳатҳои зеринро ворид намуд: мувофиқ наомадани қисме аз арзишҳои оилавӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ бо маҷбуран ба роҳ мондани унсурҳои патриархалӣ; вобастагии молумулкӣ аз аъзоёни калонсоли оила; кӯшиши назорати пурра ва ҳаматарафа аз ҷониби волидайн; ноустувории алоқаҳои оилавӣ, ки ҷавононро маҷбур месозанд, ки доимо дар ҷустуҷӯи заминаи боэътимоди ҳаётӣ бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти ҳолатҳо, гузариши объективии дини расмӣ ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи давлатӣ бо мақсади истисмори фоиданоки талаботҳои динии аҳолӣ боиси рушд намудани ифротгароии динӣ мегардад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, дар ҳолати дастгирии сиёсати давлатӣ аз тарафи дини расмӣ бештар мушоҳида карда мешавад.

Дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ, метавон нотавонии объективии сардори оиларо нисбати таъмини баробари сарварии расмӣ ва маънавӣ дар тамоми ҳолатҳо ҳамчун омили муҳим баррасӣ намуд.

Ҳамин тариқ, ифротгароии динӣ дар заминаи сабабҳо ва омилҳои мухталиф пайдо мешавад. Дар мубориза бо ифротгароии динӣ ба инобат гирифтани ин сабабҳо ва омилҳо дорои аҳамияти бузург аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2074
  • Автор: admin
  • Дата: 1-07-2023, 14:31
1-07-2023, 14:31

МАҚОМ ВА ҶОЙГОҲИ ҶАВОНОН ДАР СИЁСАТИ ҲУКУМАТИ КИШВАР

Категория: Маълумот

Баъд аз соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки он, ки аксарияти аҳолии кишварро қишри ҷавон ташкил медиҳад, сиёсати худро бодарназардошти талаботу манфиатҳои қишри ҷавон таҳия намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо барномаву стратегияҳои бузургро амалӣ намуда истодааст. Агар ба таърихи 31 соли даврони соҳибистиқлолӣ назар намоем, маълум мегардад, ки дар самти дастгирии ҷавонон садҳо ашаббусҳое амалӣ гардидаанд, ки барои ршди ҷавонон мусоидат намудаанд. 

 

Аз ҷумла, қабули қонуну барномаву сратегияву кансепсияҳои гуногун дар соҳаи ҷавонон, доир намудани аксияву чорабиниҳои созанда бо ҷавонон, таъсиси кумитаи махсуси кор бо ҷавонон, эълон намудани соли ҷаонон ва садҳои дигар аз иқдомҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2021
  • Автор: admin
  • Дата: 26-06-2023, 12:27
26-06-2023, 12:27

КӮМАК БА ТАБАҚАИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ ИДИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИДИ ҚУРБОН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

     Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддию молӣ ба табақаи ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. 

    Имрӯз дар ноҳияи Балҷувон бо таваҷҷӯҳ ба татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шахсони саховатпеша ба ятимони кул, маъюбон, бепарасторон ва дигар оилаҳои эҳтиёҷманд дар доираи таҷлил аз ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ ва иди Қурбон кумакҳои молию пулӣ расонида шуд. 

     Кӯмакҳоро муовини раиси ноҳия Ҳақназарзода Балхиё, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Зоирзода Маърифат ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон Файзуллозода Файзиддин ва дигар шахсони масъул ба шахсони эҳтиёҷманд, расониданд. 

     Табақаи фарогир аз кӯмакҳои навбатӣ миннатдории хешро ба Роҳбарияти давлат, бевосита Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу дастгириҳои доимӣ расонида, барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон-Тоҷикистон, дасти дуо бардоштанд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2161
  • Автор: admin
  • Дата: 25-06-2023, 12:19
25-06-2023, 12:19

ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ ФАРОМИЛИСТ! ТЕРРОРИСТ МИЛЛАТ, ДИН ВА МАЗҲАБ НАДОРАД.

Категория: Маълумот

Аз солҳои 90 - уми асри ХХ оғоз карда то кунун Тоҷикистон ба объекти таҳдидҳою таъсиррасонии гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад. Маълум аст, ки ҳадафи гурӯҳҳои террористӣ аз байн бурдани тамомияти арзии, соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати маънавии мардуми тоҷик мебошад. Дар посух ба фаъолияти вайронкоронаи гурӯҳҳои динӣ террористӣ кишвари мо дар як муддати кутоҳи таърихӣ, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист як системаи ягона мукаммали зиддитеррористиро ба вуҷуд оварад ва зарари паҳншавии терроризмро коҳиш диҳад. Маълум аст, ки барои амалишавии ин ҳадафҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои калони молявӣ, инсонӣ, кадрӣ, давлатӣ ва ҷамъиятиро сафарбар намуд, то ки дар ин кор муваффақ шавад. Сиёсати зиддитеррористӣ ва системаи умумимиллии мубориза бо терроризм дар марҳилаи кунунӣ самтгирона амал карда истодааст ва натиҷаҳои назаррас меорад. Маҳз ба шарофати фаъолияти ҳамаҷонибаи сиёсати зиддитеррористӣ, шумораи амалҳои террористӣ ва паҳншавии гурӯҳҳои террористӣ коҳиш ёфта истодааст, ки гувоҳи фаъолияти хуби сохторҳои дахлдор м

Информация к новости
  • Просмотров: 5769
  • Автор: admin
  • Дата: 24-06-2023, 18:02
24-06-2023, 18:02

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТА АЗ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТҲО ДАР ДОИРАИ ИН ҶАШН ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

    Имрӯз дар маркази ноҳияи Балҷувон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шуд. Ҳамзамон меҳмонон аз сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ дар чорабинии мазкур ширкат варзиданд. Аз ҷумла Раҳимзода Абдусалом – муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини Роҳбари Гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Давлатзода Дилмурод – Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонзода Амирхон – муовини раиси вилояти Хатлон иштирок ва бо паёми табрикӣ суханронӣ намуданд. 

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^