Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 5
Информация к новости
  • Просмотров: 1809
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:22
5-10-2023, 22:22

Терроризм, экстремизм ва хатари он ба ҷаҳони муосир

Категория: Маълумот, Хабар

Террор яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Информация к новости
  • Просмотров: 1788
  • Автор: admin
  • Дата: 5-10-2023, 22:19
5-10-2023, 22:19

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШГИРИИ ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ

Категория: Маълумот

  Таҳлилҳои олимону коршиносони соҳаи сиёсатшиносӣ ва авзои  сиёсии ҷомеаи  ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки айни замон терроризм ва эктремизм аз зуҳуроти номатлубтарин ба шумор мераванд ва манбаи асосии ба миён омадани оқибатҳои нохуши иҷтимоиву сиёсӣ, таҳдиду истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳиву ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти осудаи аҳли ҷомеа, барангехтани бенизомӣ, талошу кӯшиш баҳри тағйирдиҳии сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангезиши низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидаанд.***

 

Маҳз бо назардошти сар назадани чунин оқибатҳои фалокатбор бар асари амалҳои номатлуби ин ду зуҳурот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори он, масъалаи мубрами рӯз – пешгирии саривақтии паҳншавии терроризм ва экстремизм дар меҳвари сиёсати инсонпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони Истиқлоли давлатӣ то кунун масъалаи мубрами рӯз – пешгирии терроризм ва экстремизмро бо назардошти афзоиши таҳдидҳои ин ду зуҳуроти номатлуб дар сархати сиёсати давлатӣ ҷой додаанд. Зеро ҳамчун шахсияти соҳибхирад ва дурандеш раванди афзояндаи таҳдиди экстремизм ва терроризм ба амнияти миллиро амиқан дарк мекунанд.

 

Воқеан ҳам, созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияти худро тавассути паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар байни аҳли ҷомеа, ба сафҳои худ шомил намудани ҷавонон ва содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ идома дода, қасди тағйир додани сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ доранд.

 

Вобаста ба зуҳуроти ин ду падидаи номатлуб Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки: “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

 

Дар ин радиф метавон сар задани ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми қарни гузаштаро мисол овард, ки бар асари он харобиҳову талафоти зиёди ҷонӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

 

Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ибтидои фаъолияти сарварии хеш дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм татбиқи чорабиниҳои маҷмӯии бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии ин ду зуҳуротро роҳандозӣ намуданд.

 

Табиист, ки коҳишёбии сатҳи зиндагӣ ва муҳтоҷии сартосарӣ аз як тараф ва дилмондагии қишри осебпазири ҷомеа аз равшанфикрону зиёиён аз тарафи дигар, барои фаъолияти ифротгароёну даҳшатафканон имкони мусоид фароҳам овард ва онҳо барои манофеи сиёсӣ ва иқтисодии шахсии худ фазои холимондаи ғоявӣ ва фарҳангиро бо мафкураи бинишҳои хурофотӣ ва таассубӣ пур карданӣ шуданд.

 

Ҳамзамон, дар масири мазкур омили асосии дигар - авзои муосири ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои манофеи давлатҳои абарқудрат тақвиятбахши зуҳуроти номатлуб гардид. Зеро давлатҳои абарқудрат барои ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои худ ҷомеаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ заифу дастнигар ва дар гирдоби хурофоту таассубмондаро интихоб менамоянд. Аҷибаш он ҳаст, ки абарқудратон ҳамаи инро зери пардаи “кумакҳои холисона” анҷом медиҳанд.

 

Аз ин лиҳоз, роҳи самарабахши кӯтаҳ кардани дасти неруҳо ва ашхоси ифротгаро аз диди Пешвои миллат, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дастгирии табақаи осебпазири ҷомеа маҳсуб меёфт.

 

Дар ин ҷода Пешвои миллат иҷрои вазифаҳои зеринро ба миён гузоштанд:

 

- фаъол гардондани омили инсонӣ;

 

- рушди инноватсионии нерӯи кадрии низоми иҷтимоию иқтисодӣ;

 

- ташаккул додани бозори сармояи инсонӣ;

 

- танзими бозори меҳнати ҷумҳурӣ;

 

- таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ;

 

- муассир гардондани нақши мушоракати иҷтимоӣ дар танзими муносибатҳои меҳнатии байни корфармо ва корманд;

 

- дастгирии шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ;

 

- такмил додани низоми идоракунии меҳнат:

 

Мутаассифона, дар он айёми нобасомон ва пурихтилоф, ки ба дӯши давлат вазифаи мубрами рӯз – тинҷу ором кардани авзои ҷомеа ва таъмини сулҳу салоҳ меистод, имкони амалӣ намудани тадбирҳои зикргардида набуд.

 

Марҳалаи дигари таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сарфи раванди баргардондани беш аз як миллион нафар гуреза ва барқарор намудани рукнҳои иқтисоди бар асари ҷанги таҳмилӣ харобгардидаву ба маблағи беш аз 10 миллиард зарардида гардид. Тавре маълуми ҳамагон аст, ҷанги шаҳрвандии ба сари хурду бузурги ҷумҳурӣ овардаи ифротгароёну даҳшатафканон 150 ҳазор шаҳрванди кушташуда, 55 ҳазор нафар кӯдаки ятим ва 25 ҳазор зани бешавҳармондаро бар ҷой гузошта буд.

 

Стратегияи миллии муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо  экстремизм”, аз 2 январи соли 2020, №1655, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, аз 23 декабри соли 2021, №1808 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта, ки мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоқикистонро дар соҳаи пешгирии терроризм ва экстремизми байналмилалӣ ва пешгирии маблағгузории он муайян менамоянд, мавриди татбиқ қарор доранд.

 

Ҷоизи таъкиди махсус аст, ки дар рафти баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои номбурда дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадаф, вазифаҳо ва муҳлати иҷрои онҳо мушаххастар гардонида мешаванд.

 

Дар ҷодаи мазкур бо дастури Пешвои миллат принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм муайян карда шудаанд, ки дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм” дарҷ гардидаанд:

 

1) таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

 

2) қонуният;

 

3) афзалияти чораҳои пешгирии терроризм;

 

4) муҳофизати ҳаёт, саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсоне, ки дучори хатари террористӣ гардидаанд;

 

5) ногузирии ҷазо барои амал ва фаъолияти террористӣ;

 

6) низомнокӣ ва истифодаи маҷмуии чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, махсус ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм;

 

7)  роҳ надодан ба гузашткуниҳои сиёсӣ ба террористон;

 

8) яккасардорӣ дар роҳбарӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;

 

9) ошкор насохтани ҳайати иштирокчиён, воситаҳои махсус ва  тарзҳои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ;

 

10) ҳамбастагии тарзҳои ошкоро ва ғайриошкорои муқовимат ба терроризм;

 

11) мутобиқати чораҳои муқовимат ба терроризм ба хусусият ва дараҷаи таҳдидҳои террористӣ;

 

12) то ҳадди камтарин расонидан ва (ё) бартараф намудани оқибатҳои амал ва фаъолияти террористӣ;

 

13) ҳамкории давлат бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин, бо шаҳрвандон дар муқовимат ба терроризм;

 

14) кафолати ҳимояи ҳуқуқи шахсоне, ки дар муқовимат ба терроризм мусоидат ва ҳамкорӣ менамоянд.

 

Дар ин радиф, маҳз бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳадафҳои зерини Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020 муайян карда шуданд:

 

- таҳлили омилҳо ва тамоюли экстремизм ва тундгароии ба терроризм баранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 

- муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ;

 

- такмил додани заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ, инчунин амалияи муқовимат бо тундгароӣ, экстремизм ва терроризм;

 

- мусоидат ба ташаккули меъёрҳои тафаккур ва рафтори таҳаммулгароёна, ҳамдигарфаҳмии динӣ ва байнимазҳабӣ дар ҷомеа;

 

- муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ доир ба пешгирӣ намудани паҳншавии ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ;

 

- баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм, терроризм, нашъаҷаллобӣ, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ки барои маблағгузории экстремизм ва терроризм хизмат мекунанд;

 

- такмил додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм

 

Тавре аз натиҷа тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат дар самти таъмини суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, айни замон таъсири омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба раванди гароиши аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон, ба терроризму экстремизм ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки омилҳои хатарзои ин раванд батамом аз байн бардошта шудаанд. Имрӯз ифротгароёну даҳшатафканони шикастхӯрдаву ниқорталаб бо истифода аз имконоти технологияи муосири иттилоотӣ минбарҳои фатвоҳои интернетии фитнаангези худро бунёд намудаанд.

 

Ҳамин тариқ, бо саъю талоши Пешвои миллат ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ эътироф менамояд ва ин ташаббусҳо бевосита ба шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногустанӣ доранд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2583
  • Автор: admin
  • Дата: 4-09-2023, 12:52
4-09-2023, 12:52

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ЗУҲУРОТИ ХАТАРЗОИ ЗАМОН

Категория: Хабар

"Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст."

 

***Эмомалӣ Раҳмон***

 

Истилоҳи “террор” ё “терроризм” (аз калимаи лотинии “tеrrоr”) буда, маънои “тарсонидан, ваҳмангезӣ ва даҳшатафканро дорад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ин зуҳурот барои ҷомеаи муосир сахт ташвишовар аст. Коршиносон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян кардаанд.

 

Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ва халалдор намудани амнияти миллӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Онҳо мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ақидаҳои зишти худро ба дигарон, хусусан бо истифода аз ҷавонони худноогоҳу хештенношинос, талқин ва таҳмил намоянд.

 

Террористон мехоҳанд мақсади худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Амалҳои террористӣ – бевосита бо содир намудани ҷинояти дорои хислати террористӣ дошта, монанди таркиш, садама, истифодаи силоҳҳои ядроӣ, химиявӣ ва биологӣ, содир намудани дигар амалҳое, ки боиси хавфи ҳалокати одамон аст, содир карда мешавад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1и Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст. Бинобар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо, ин мубориза бар зидди терроризм мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши амалҳои террористӣ ва дигар масоили глобалӣ изҳори нигаронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуданд. Ҳамзамон, Сардори давлат, аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда, мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро вазифаи аввалиндараҷа номиданд.

 

Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва читавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Терроризм ва ифротгароӣ дин, мазҳаб ва миллат надорад” ва набояд фирефтаи он гашт. Сулҳи мо нодиртарин ва қиматтарин неъмат, деринтизортарин орзую ормон ва пурарзиштарин дастоварди миллӣ ва падида сиёсӣ буда, мо бояд онро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама дар муқовимат ба афкори террористию экстремистӣ муборизаи оштинопазир барем.

 

**Муҳаммадиршод АТОЕВ

Информация к новости
  • Просмотров: 2214
  • Автор: admin
  • Дата: 30-08-2023, 13:04
30-08-2023, 13:04

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ МАНФИИ ҶОМЕА

Категория: Хабар

      Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад.***

 

Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳо ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2097
  • Автор: admin
  • Дата: 27-08-2023, 21:28
27-08-2023, 21:28

БАРГУЗОРИИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Категория: Хабар

      Имрӯз дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи кӯдакони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангиву фароғатии мардуми сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Балҷувон дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

      Аз маҳсули ҳунари мардуми ноҳияи бостонии Балҷувон гуруҳи меҳмонон, аз ҷумла Насриддинзода Эмомалӣ – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раҳимзода Толиб Карим – муовини раиси шаҳри Душанбе, Шарифзода Наргис Достӣ – муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар шахсони расмӣ дидан намуда, ба ҳунару маҳорати ҳунармандону кишоварзони ноҳияи Балҷувон баҳои баланд доданд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2349
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:39
16-08-2023, 22:39

ТЕРРОРИЗМ-ОМИЛИ ХАТАРАФЗОИ ЗАМОНИ МУОСИР

Категория: Хабар

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст ва дар натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёд, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил ёфтаанд. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида, дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтида истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ба таври равшантар худро ҳамчун шакли хавфноки рафтори шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ зоҳир сохт, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунад, вазъияти тақобули шиддатнокро барпо намуда, рафти ҳаёти ҷомеаро халалдору пуртазод мегардонад. Дар робита бо ин, ҳолати мазкур аз ҷомеаи тоҷик қабули чораҳои амалиро оид ба муқобала ва қаблан огоҳонидани фаъолияти террористӣ исроркорона тақозо менамояд. Ин ҳама парастиши зӯровариро устувор намуда, ба пурзӯр шудани ҳисси нобоварии шаҳрвандон барои амнияти худ мусоидат мекунад.

Терроризми муосир ин системаи истифодаи зӯроварӣ барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ тавассути маҷбурсозии мақомотҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ё гурӯҳҳои алоҳида ба содир кардани амалҳо ба фоидаи террористон мебошад. Мафҳумҳои «террор» ва «терроризм» ба таркиби луғавии сиёсӣ тақрибан 200 сол пештар ворид гаштаанд, вале чунин зуҳурот дар давраҳои қадим низ арзи вуҷуд доштанд. Зӯроварӣ ҳамаи таърихи инсониятро ҳамроҳӣ мекард, аз он ҷумла дар шаклҳое, ки имрӯз чун терроризм тавсиф карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Сабабу омилҳои гароишии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазмун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз терроризм бо ниятҳои нопоки худ ва бо хусусиятҳои нави худ бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад.

Дар сурате ки имрӯз вазъи сиёсати кабир мураккаб гардидаасту аз як тараф, бархӯрди манфиатҳои геопалитикӣ қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ ва аз ҷониби дигар, неруҳои террористӣ амал менамоянду кишварҳои рӯ ба инкишофи оламро ба харобазор табдил медиҳанд, пас мебояд ҳушёрии сиёсиро истифода бурду худро аз ин туфони аср эмин нигоҳ дошт, зеро давлату миллате, ки дар ин раванди мураккаби сиёсӣ ҳушёрии сиёсиро аз даст медиҳад, худро қурбони манфиатҳои дигарон месозад, дар ин раванд оромию амниятро дар давлат ва ҷомеа нигоҳ доштан нишонаи хирадмандӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронӣ аз он дорад, ки ин падидаи номатлуби муосир доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Чунки мақсаду мароми худро онҳо бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм, содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта дар шакли таркиш, пахши одамон тавассути мошинҳо, истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, химиявӣ ва дигар амалҳое, ки боиси ҳалокати одамон мегардад, амалӣ месозанд. Дар маҷмӯъ, мақсади асосии террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст.

Ҳамин тавр, моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Ин зуҳуроти номатлубро аз маҳкум намуда, ба ҷаҳониён миллату давлати худро ҳамчун як миллати сулҳпарвар, ободкор, меҳнатдӯст ва ҳамчун як миллати дорои абармардони бузург муаррифӣ намоем. Чунки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст. Дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон кишварҳои ИДМ бояд саҳм гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнӣ на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то ҳудудҳои Чину Русия ва Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад.

Чунончи фоҷеаҳои охире, ки дар моҳи сентябри соли 2015 ва июли соли 2018 дар ҷумҳуриамон ба вуқӯъ пайваст аҳли ҷамоатчигии ҷумҳуриро ба ташвиш овард, аз ҷумла миллати тоҷик бори дигар бовар бар он кард, ки дар паси пардаҳои сиёсӣ ҳастанд гурӯҳҳои ҳасудхӯре, ки тараққиёт ва пешравии баъзе давлату миллатро нахоста, мехоҳанд бо дасти фарзандони бесавод ва камандешаи ҳамон давлату миллат бар иқтисодиёт ва пешрафти он давлат халал ворид карда, бар он миллат доғ оранд ва баъд аз он боз он давлату миллатро ба давлат ё миллати беҳунару бесавод ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2181
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:36
16-08-2023, 22:36

ТЕРРОРИЗМ-ПАДИДАИ ХАТАРНОК ВА МАНФӢ ДАР ҶОМЕАИ КУНУНӢ

Категория: Хабар

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври мӯътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Мутаассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2160
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:19
16-08-2023, 22:19

ХАТАРҲОИ ЭКСТРЕМИЗМИ ИТТИЛООТӢ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Категория: Хабар

Интернет фазоест, ки барои муошират ва мубодилаи иттилоот имкониятҳои бепоён фароҳам меорад. Аммо, ин ҷаҳони иттилоотӣ аз хатарҳо, аз ҷумла экстремизм маҳрум нест. Экстремизм дар интернет вақтҳои охир васеъ паҳн шуда, ба амният ва суботи бисёр кишварҳо таҳдид кардааст.

 

Сомонаҳои экстремистӣ, форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо имрӯз фазои асосии электронӣ барои муошират ва ҳамоҳангсозии гурӯҳҳои экстремистӣ мебошанд. Интернет воситаи муҳим барои таблиғ ва ҷалби аъзои нав гардид. Он махсусан дар байни ҷавононе маъмул аст, ки аксар вақт дар ҷустуҷӯи ҷои худ дар зиндагӣ ҳастанд ва омодаанд ба таблиғ дода шаванд.

 

Яке аз хатарҳои экстремизм дар дар интернет дар он аст, ки он метавонад ба зӯроварӣ оварда расонад. Одамони радикалӣ аксар вақт таҷовузкор, террорист ва аъзои созмонҳои динӣ ё мазҳабӣ мешаванд. Онҳо метавонанд ба муҳити зист зарар расонанд ва инчунин амалҳои террористии оммавӣ ва инфиродиро ба вуҷуд оранд. Хатари дигар, ин шикастани ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ғояҳои экстремистӣ метавонанд боиси ихтилофи байни ҷамоатҳои гуногун шаванд ва ҷомеаро ба қисмҳо тақсим кунанд.

 

Баъзе шахсиятҳои ҷамъиятӣ метавонанд кӯшиш кунанд, ки тавассути шабакаи интернет ба ҳукумат таъсир расонанд. Онҳо форумҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳоро барои паҳн кардани ақидаҳо ва фаъолиятҳои худ истифода мебаранд. Ин метавонад эътирозҳо ё танқиди оммавии ҳукумат бошад. Ҳамин тариқ, экстремизм дар интернет метавонад ба амнияти миллӣ таҳдид кунад ва инчунин боиси ноустуворӣ ва нобоварӣ дар ҷомеа гардад.

 

Чӣ гуна шумо метавонед бо экстремизм дар интернет мубориза баред? Муҳим аст, ки ҳукумат ва дигар муассисаҳо барои таҳлили таҳдидҳо ва таҳияи стратегияи муассири мубориза бо экстремизм дар интернет андеша, таҷриба ва машварати мутахассисонро ҷустуҷӯ кунанд. Барои беҳтар фаҳмидани он, ки экосистемаҳои экстремистӣ дар интернет чӣ гуна кор мекунанд ва усулҳои таблиғ ва ҷалби онҳо кадомҳоянд, таҳқиқот гузаронидан лозим аст.

Инчунин, ҳамкории васоити ахбори иҷтимоӣ барои дастгирии истифодаи бехатар ва самараноки интернет низ муҳим аст. Бисер платформаҳо ва хидматҳо, ба монанди YouTube, Facebook, Twitter ва Instagram, барои пешгирии экстремизм чораҳо меандешанд. Онҳо технология ва алгоритмҳои навро барои ошкор кардани мундариҷаи мустақиман бо экстремизм алоқаманд ва бастани он истифода мебаранд.

 

Дар маҷмӯъ, экстремизм дар интернет таҳдиди ҷиддӣ аст, ки бояд бо кори ҳар як давлати ҷаҳон таъмин карда шавад. Кӯшишҳо бояд якҷоя карда шаванд, стандартҳои умумии мушкилот муқаррар карда шаванд ва нақшаи мубориза бар зидди экстремизм дар интернет омода карда шавад. Ҷаҳон бояд амнияти худро нигоҳ дорад ва инро танҳо тавассути омӯзиши мушкилот ва чораҳои ҳамаҷониба барои таҳкими амнияти ҷаҳонӣ дар интернет ба даст овардан мумкин аст.

  

Информация к новости
  • Просмотров: 2155
  • Автор: admin
  • Дата: 16-08-2023, 22:15
16-08-2023, 22:15

ДУНЁ БЕ ТЕРРОРИЗМ:

Категория: Хабар

Имрӯз, мутаассифона, терроризм яке аз масъалаҳои мубрам ва глобалӣ боқӣ мондааст. Ҳамлаҳо, терактҳо ва қурбониёни марг байни одамони тамоми ҷаҳон тарсу ҳаросро ба вуҷуд меорад. Бо вуҷуди ин, бисёре аз олимони ҷаҳон тавонистанд баъзе ғояҳо ва равишҳоро барои ҳалли ин масъала пешниҳод кунанд. 

 

Баъзе одамон боварӣ доранд, ки ҷаҳони бидуни терроризм танҳо орзуст, яъне ҳадафи дастнорас аст. Ин аз он сабаб аст, ки террористон аксар вақт аз давлатҳо кӯмак намегиранд ва аз ин рӯ пешгӯии макон ва вақти амали онҳо душвор аст. Гузашта аз ин, барои созмонҳои террористӣ барои сохтани ҳуҷайраҳои нав дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон монеаи назаррас вуҷуд надорад.

 

Аммо бо вуҷуди ҳама мушкилот, роҳҳои мубориза бо терроризм вуҷуд доранд. Аввалан, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд манфиати шахсии худро ба манфиати амнияти шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қурбон кунад. Давлатҳо бояд кӯшишҳои худро муттаҳид кунанд ва бар зидди терроризм муборизаи мақсаднок баранд.

 

Дуюм, ба баъзе халқҳо беэътиноӣ кардан лозим аст. Ихтилофоти динӣ ва миллӣ яке аз сабабҳои асосии терроризм мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як давлат бояд арзиши баробари ҳамаи халқҳоро эътироф кунад ва инчунин ҳуқуқи онҳоро ба озодии сухан, имон ва фарҳанг эҳтиром кунад.

 

Ғайр аз ин, маориф дар мубориза бо терроризм нақши калон дорад. Дар одамон эҳтиром ба халқҳо ва динҳои гуногунро тарбия кардан ва ба онҳо фаҳмондани он, ки амалҳои террористӣ ба ҳалли мушкилот оварда намерасонанд, зарур аст. 

 

Ниҳоят, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба таъмини суботи ҷаҳонӣ ва устувории минтақаҳои гуногуни ҷаҳон диққати махсус диҳанд. Ин кори самараноки дипломатӣ, расонидани кӯмаки иқтисодӣ дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ва инчунин ҳимояи ҳуқуқии ҷаҳонро дар назар дорад.

 

Барои ноил шудан ба ин ҳадаф саъю кӯшиши умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ, андешидани чораҳои мушаххас ва қатъият дар мубориза бо ин таҳдид зарур аст. Агар мо ба оянда умед ва боварӣ дошта бошем, пас мо метавонем сулҳро бидуни терроризм ба даст орем.

 

Информация к новости
  • Просмотров: 4534
  • Автор: admin
  • Дата: 10-08-2023, 22:54
10-08-2023, 22:54

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН МУҲТАРАМ САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Категория: Хабар

     “Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

        Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

      Варзиш дар байни табақаҳои васеи ҷомеа омили муҳими солимгардонӣ ба ҳисоб рафта, ҷузъи таркибӣ ва пурарзиши рушди миллату давлат гардидааст. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон, хусусан ба наврасону ҷавонон тарзи ҳаёти солимро талқин менамоянд.

       Аз ин ҷост, ки машғул шудан бо варзиш, оммавияти варзиш дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа, барномаҳои маърифатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти соли танҳо бо як Рӯзи варзишгарон маҳдуд намешавад. Ин раванд ҳамарӯза идома дода шавад.

 

       Варзиш дар ҳаёти ҳар инсон ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро марбут ба асоси мавҷудияти инсон- саломатист. Имрӯзҳо низ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар сафи пеш меистад, зеро на фақат аҳамияти тандурустӣ дорад, балки дар қатори ҷиддитарин масъалаҳои сиёсӣ: мисли давлатдорӣ, бехатарӣ,экологӣ ва ғайра мақом пайдо кардааст, то ҷойе, ки пирӯзии як дастаи миллӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ чун пирӯзии сиёсии як кишвар ва баъзан бештар аз он таъсиргузор ба ҷомеа мебошад. Ва дар баъзе мавридҳо варзиш ва дастовардҳои варзишӣ ба эътибору обрӯи байналмилалии кишварҳо, маъруфияти онҳо бе таъсир нест ва дар қатори дастовардҳои миллии як халқ, як кишвар он миллату кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Пирӯзии варзишии намояндагони ин ва ё он кишвар дар мусобиқоти ҷаҳонӣ эътибор, шарафу шаъни он миллат, ном ва парчами миллии ӯро боло мебардорад. Яъне варзиш имрӯз як тобиши сиёсӣ касб кардааст.

        Хушбахтона, ба шарафи дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва дахолати бевостаи Пешвои миллатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ин ҷода низ торафт симо ва ҳузури дурахшони худро падидор месозад. Пайваста хабари пирӯзиҳои варзишгарони мо, чи хурду чи бузург, ба гӯш мерасад.Имрӯзҳо теъдоди наврасон ва ҷавононе, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ пайваста бо медалҳои тило, нуқраву биринҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо обрӯи шоиста боз мегарданд, меафзояд.

Сиёсати стратегии Ҳукумати Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва зиндагии аҳолии кишвар буда, дар қатори муҳимтарин соҳаҳои маънавиёт: илму маориф, тандурустӣ ва адабиёт баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, бунёди варзишгоҳҳову толорҳои варзишӣ, тарбияи ҷавонон дар соҳаи варзиш низ мебошад.

Ҳадафҳои баланде, ки варзиши миллӣ пайгирӣ мекунад, яке агар таъмини саломатӣ ва солимии ҷомеа бошад, дигаре воситаи зуҳури як миллат дар майдони пирӯзиҳост. Як варзишгари номдор ва муваффақ метавонад бо пирӯзии худ симои миллатеро дар саҳнаҳои намоёни дунё дурахшон созад, муҳаббат, таваҷҷуҳ, эҳтирому эътиқоди халқи дигарро нисбат ба миллати худ бедор намояд аз ин рӯ варзишгари асил ва ватандӯст шиносномаи миллати хеш аст.

       Дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзиш ва варзишгарон имконият медиҳад, ки кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мақом ва манзалати хоса касб намояд. Мо аз он ифтихор менамоем, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳои сатҳи ҷаҳонӣ, осиёӣ ва байналмилалӣ бо маҳорати баланд қувваозмоӣ намуда, парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар мебардоранд.

       Бо истифода аз фурсат, бори дигар ҳамаи Шумо - варзишгарони ноҳияи азизамонро бо иди касбӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи варзишӣ ва фатҳи куллаҳои баланд дастоварду комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Тегхо

Анбори хабархо

Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
^