Имрӯз мо дар ҷаҳон доираи бесобиқаи зуҳуроти экстремистӣ ва террористиро мушоҳида менамоем. Тавассути технологияи итттилоотӣ – коммуникатсионӣ ғояҳои радикалӣ дар тамоми сайёра паҳн мегарданд, ба ҳар хонадон дар мекӯбанд, кӯшиш мекунанд, ки ба шуури ҳар як ҷавон ворид шаванд. Терроризм дар қарни ХХ маризии сахтест, ки барои тамоми инсоният хатари умумӣ - глобалии рақами 1 ба шумор меравад. Вобаста ба ин, омўзиши ҳолатҳои пайдоиши ин беморӣ масъалаи хеле муҳим аст, ки дар натиҷаи ин омӯзиш раванди тарбияи зиддиэкстремистии ҷавонон, махсусан дар муассисаҳои олии таълимӣ самаранок хоҳад буд.
Дар шароити кунунии ҷомеа саъю талошро асосан ба пешгирии терроризм равона кардан зарур аст, ки таркиби муҳими ин ҳадафро муқовимат ба ғояҳои терроризм ташкил медиҳад. Имрӯз зуҳуроти экстремистӣ яке аз омилҳои асосии барангезандаи таҳдид ба амнияти миллии кишвар маҳсуб меёбад. Мубориза алайҳи экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар марҳилаи кунунӣ ба шумор меравад. Муқовимат ба экстремизм чораҳои самаранок оид ба муқовимат ва пешгирии онро талаб мекунад, ки барои амалӣ гаштани онҳо мавҷудияти заминаҳои дахлдори ғоявӣ зарур аст.