Соҳаи сиёсат, ки бо тақсимоти нобаробари захираҳои ҳокимият дар байни гуруҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ғайра хос аст, аз рӯйи табиати худ ҳамеша ин ё он тарз бо пайдоиши ҳолатҳои низоъангез алоқаманд аст. Ихтилофҳои сиёсии институтсионалӣ, ҳамчун қисми таркибии ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҳуқуқии демократӣ, одатан, ҳамчун падидаи муқаррарии иҷтимоӣ, вобаста ба тавлиди маҷмўи қонунҳо ва меъёрҳо барои ҳалли онҳо қабул карда мешаванд.***
Воқеаҳои фоҷиавие, ки дар охири асри XX дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, бо ягон сабаб, бо амалиёти ягон табақа ё гуруҳи иҷтимоӣ шарҳ додан мумкин нест. Чунин ба назар мерасад, ки шарҳи як сабаби пайдоиш ва динамикаи инкишофи воқеаҳои бузурги таърихӣ равиши якҷониба ва маҳдуд аст, ки таҳлили воқеияти мураккабро хеле суст мекунад. Маҷмӯи пурраи сабабу омилҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардид. Ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистонро наметавон як муноқишаи сирф дохилитоҷикӣ донист. Пайдоиши он бо таъсири бевоситаи ду омили асосӣ - берунӣ ва дохилӣ алоқаманд аст. Илова бар ин, ин мушкил ба мавқеи ҷуғрофӣ, манобеи табиӣ, суннатҳои миллии тоҷикон ва ҳамчунин вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳаммарз рабт дорад. Дар баробари ин, табиати таркишҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди тоҷикон аз зуҳури таълимоти Зардуштия то имрӯз, ки бо анъанаҳои миллии мардум алоқаманд аст, решаҳои амиқи таърихӣ дорад.