Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон » Страница 14
Информация к новости
  • Просмотров: 4477
  • Автор: admin
  • Дата: 23-01-2023, 21:44
23-01-2023, 21:44

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Маълумот

    Мусаллам аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои созандаю бунёдкоронаро барои ояндаи дурахшони мардуми азизи Тоҷикистон муайяну мушаххас ва пешниҳод менамоянд. 

 

     Зимни ироаи Паёми навбатӣ низ Пешвои муаззами миллат  тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқро бо назардошти баҳогузории сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари вазифагузориҳо, ҳамзамон, як қатор имтиёзҳоро ба табақаҳои гуногуни ҷомеа муқаррар намуданд, ки ин тадбир аз сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи осебпазири мамлакат шаҳодат медиҳад. Бахусус, дар Паёми навбатӣ вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”. Амалӣ гардидани ин иқдомҳои пешгирифта ба баланд гардидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. 

     Ҳамзамон, дар Паёми имсола вобаста ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса равона гардида, имтиёзу ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа махсус таъкид гардид.  

Ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва рушддиҳандаи тамоми соҳаҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, тамоми захираю имкониятҳоро  барои  расидан  ба  ҳадафҳои  гузоштаи Сарвари давлат равона созем.

Дар  маҷмуъ, таҳлилу баррасиҳои Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ва маҷмуан 4 ҳадафи стратегии мамлакатро дар бар гирифта, асоси калидии онро таъмини зиндагии арзандаю шоиста ба сокинон, нигоҳдории истиқлолияти комили давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати Ватани азизамон – Тоҷикистон ташкил медиҳад. 

Мардуми сарбаланди ноҳияи бостонии Балҷувон ҳар як дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бо дилу нияти пок баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ талош менамоянд ва саҳми арзандаи худро дар ин росто мегузоранд. 

 

Бахтиёр САФАРЗОДА,  

раиси ноҳияи Балҷувон

 

Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 06.01.2023, #12

Информация к новости
  • Просмотров: 4434
  • Автор: admin
  • Дата: 21-01-2023, 11:27
21-01-2023, 11:27

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТУ БАШАРИЯТ АСТ

Категория: Маълумот

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.***

 

**Эмомалӣ Раҳмон**

 

Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонад ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳад дод.

 

Бояд бо ифтихор тазаккур диҳем, ки 14 декaбри соли 2022 Мaҷмaи Умумии Созмони Милaли Муттaҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо дaрнaзaрдошти оқибaтҳои вaзнини идомaи ин рaвaнд, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр ҷaлaсaи Пaнели сaтҳи бaлaнд вобaстa бa мaсъaлaҳои об вa иқлим пешниҳод нaмудaнд, ки соли 2025 “Соли бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо” эълон гaрдидa, сaнaи мушaххaси “Рӯзи ҷaҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқaррaр кaрдa шaвaд. Пешниҳоди дигaри ҷониби Тоҷикистон тaъсис додaни Бунёди мaхсуси бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо aст. Дaр ин қaтъномa ҳaм эълони Рӯзи бaйнaлмилaлӣ вa ҳaм Соли бaйнaлмилaлӣ дaрҷ гaрдидa, онро 153 кишвaри узви СММ пуштибонӣ нaмудaнд. Ҳaмчунин, дaр aсоси ин қaтъномa пешниҳодҳои ироaшудaи Пешвои миллaт вобaстa бa эълон гaрдидaни 21 мaрт ҳaмчун Рӯзи бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудaни соли 2025 ҳaмчун Соли бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо, дaр нaзди СММ тaъсис додaни Фонди бовaрии бaйнaлмилaлӣ бaрои сaҳмгузорӣ бa ҳифзи пиряхҳо вa дaр соли 2025 доир нaмудaни Конфронси бaйнaлмилaлӣ оид бa ҳифзи пиряхҳо дaр ш.Душaнбе aз ҷониби кишвaрҳои узви СММ дaстгирӣ ёфтaнд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2234
  • Автор: admin
  • Дата: 17-01-2023, 18:52
17-01-2023, 18:52

ОБ БОШАД ГАВҲАРИ КИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР!

Категория: Маълумот

Арҷгузории об аз замонҳои дур  дар боварҳои тоҷикони бостон ҷой доштааст ва ниёкони мо аз миёни ҳафт офаридаи Аҳурамаздо обро, пас аз Замин дуввумин офарида мепиндоштанд. Аноҳито (Аноҳид, ё Ноҳид) ро дар боварҳои митроӣ (садсолаи IX пеш аз мелод) ҳамчун эзадбону ва дар боварҳои зартуштӣ ҳамчун олиҳа, ё фариштаи нигаҳбони обҳо мешумориданд.

Ҳамон гуна ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, ки «Мардуми тоҷик “Обу ободӣ” ва “Об рушноӣ” мегӯянд. 

Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандин ҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд.»

Мардуми тоҷик обро бад – он сон муқаддас медонистанд, ки (ва ҳанӯз низ дар деҳот бархе аз он ойинҳо побарҷо мебошанд) бузургсолон хурдсолонро таълим медоданд, ки обро рост истода нӯшидан “убол” (вубол) аст. Бояд нишаста обро нӯшид ва пас аз нӯшидани об ибораи “худоро шукр” ро баён намуд. Яке аз ойинҳои ҷолиби дигар он аст, ки ба ҳангоми сафари касе аз аҳли хона, кадбонуи хона, одатан модар аз пушти писари ба роҳравӣ пардохтааш косаи оби соферо мепошад ва дуо медиҳад: “Сафарат бехатар, ташнагиро набинӣ.” Ойини дигари арҷгузорӣ ба об он аст, ки ба ҳангоми ақди никоҳ, ба арўсу домод косаи обро оварда менўшонанд ва он косаро косагардон карда, ба ҳар касе таоруф карда мегўянд, ки “шумо ҳам ба ҳамин мурод бирасед.”

Имрӯз ҳар як шахси солимандеша ва ба Меҳани азизамон Тоҷикистон содиқ, аз ташаббусҳои Пешвои миллат аз минбари Созмони Милли Муттаҳид, дар бораи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 ифтихор намуда, талош меварзад, ки дар ин тадбирҳои зиндагисоз саҳми худро гузорад.

 

Бояд ба таъкид ишора кард, ки ҳар як инсон барои нигоҳдошти замину обҳои кишвари худ масъулият дорад. Тақрибан 20-30 сол пеш мардуми мо аз оби ҷўйҳо истифода мебурданд. Дар бархе мавзеъҳои беоб  бошад,  оби истеъмолии мардумон аз аз оби  борон аст. Оё ҳама медонанд,ки арзиши обе, ки мо менӯшем чанд аст? Оё ҳама медонанд, ки арзиши оби табии нисбат ба обҳои нўшокие, ки аз мағозаҳо мехаранд гаронтар аст? Бояд аз худ ва ҳамвандон  пурсид, ки то чӣ андоза обро гиромӣ медорем!? Ончуноне ки шоир гуфтааст:

    Об бошад гавҳари кимматтар аз лаълу гуҳар,

    Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

 

Ҳама медонем, ки инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша онҳоро парвариш мекунанд, сарчашмаи рўишу сабзиш аст. Сабзиданҳову рўиданҳо, шукуфтанҳову бороварданҳо ҳама аз баракати хоку об аст. Мо, тоҷикон аз фаровонии обҳои кишвари азизамон ифтихор ва сипосгузорем. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, донистани арзиши ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург, барои ҳар як инсони хирадпешаву оқил ба сони қарз аст. Набояд ҳаргиз фаромуш кард, ки об ҳамчунон манбаи ободӣ, хазинаи нуру рўшноӣ ва мояи шодиҳои ҳастиии инсонҳост. Аммо мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша ва камхирад даст ба олуда кардани обҳои пок мебаранд.  Ба наҳрҳову рўдро партовҳои хонаву коргоҳро мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд ва намедонанд, ки захираҳои об беҳудуд намебошанд ва агар обҳоро поку беолоиш нигаҳ надоранд, ҳама ба бемориҳои вогир гирифтор мегарданд. Бузурге хеле андешамандона гуфтааст:

 

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

        Набояд фикандан дар он сангу хок.

 

​​​​​​​

Адабиёти истифода шуда:

1. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, 21-уми декабри соли 2016 , зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. Солҳои 2018 – 2028, “Ҷумҳурият”, № 68 (23 411), 6 04 2018-04-20 18

2. З. Мирзоён, “Тоҷикистон; Арҷгузорӣ ба об” № 70 (23 4132), 9 04 2018-04-20 18

3. «Авасто», тарҷумаи Ҳошим Разӣ, Т. 1378 (1999), Обон Яшт, бандиI

Информация к новости
  • Просмотров: 1652
  • Автор: admin
  • Дата: 17-01-2023, 18:46
17-01-2023, 18:46

ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

Масъалаи таъминоти оби тоза сол ба сол барои тамоми инсоният аҳамияти бештар пайдо менамояд. Он фарогири ҷанбаҳои гуногун, амсоли ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ буда, ба тамоми кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсиргузор аст. Ин масоили мубрам, ки дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳон аҳамияти хосса дорад, дар мадди назари доимии Ҳукумати кишвар ва пеш аз ҳама сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.***

 

Вобаста ба маҷмӯи масъалаҳое, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар иртибот ба коҳиши захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мушоҳида мегарданд, Президенти кишвар кӯшиш менамоянд таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созанд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи пешниҳодод ва ибтикороти дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва ҳамоишҳои мухталифи минтақавӣ овардашуда, ҳамовозию дастгирии бевоситаи худро пайдо намудаанд. Далели бевоситаи онҳо, аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани қатъномаҳо оид ба эълони «Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028» мебошанд, ки пеш аз ҳама он аз дастоварди бузурги сиёсати хориҷии кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1689
  • Автор: admin
  • Дата: 17-01-2023, 14:22
17-01-2023, 14:22

Ба Муҳаммадиғвои шайтон!

Категория: Хабар

Барномаҳои ифротиёни наҳзатӣ рӯз аз рӯз бо сенарияҳои кӯҳна бадтару дилгиркунанда шуда истодааст, ҳоло аз муаллифону ровиёнашон, ки ҳамон шахсиятҳои пасту кӯҳнаанд, намегӯям. Чуноне ки мегӯянд, “хар ҳамон хару туқумаш дигар шудааст” наҳзатиён ҳам ҳамон гуна. 

Муҳаммадиғвои Садриддин ҳам бо ҷакидану лақидан пир шуду мую риши рангкардаашро тарошид, вале  ҳоло ҳам мелақаду меҷакад. Аз руйи даҳҳо сенарияҳои кашидаи хоҷагони хориҷиаш баромад карда, гузориш ва маълумотҳои росту дуруғини онҳоро истифода карду мекунад. Хулоса, ҳар коре, ки мекунаду анҷом медиҳад, вале ба мақсади аслии худ ҳеҷ гоҳ намерасад. Чун ҷонибдорони худро дар Тоҷикистон пайдо накард ва ҳеҷ гоҳ намекунад. Имрӯзҳо мебинем, ки порчаҳо аз барномаи “Минбари муҳоҷир”-аш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд. Боз ҳамон гапҳои кӯҳнаю обшуста. Боз ҳарвақта барин наҳзатиҳо “фариштаҳои осмониву” Ҳукумати Тоҷикистон “золиму қотил”. Чуноне, ки қайд намудем, ин ҳама ҳиллаву найрангҳо аз тарафи Муҳаммадиғвои ифротӣ на якуму дуюм бор аст. 

Ҳоло ин нокасу ифротии оқипадар ба мардуми тоҷик амру супориш медиҳад, ки ину фалон корро кунанду дар ин ё он ҷо инқилоб ташкил кунанд. Гӯё худ каллаи шерро оварда бошаду ё ними Тоҷикистонро ӯ обод карда ва ё ба пешравиҳо оварда бошад. Ҳоло талаби пайвастаи ӯ аз мардум, бахусус аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ин бар зидди Ҳукумат ва Сарвари Олии кишвар хестан аст. Яъне, баргаштан ва ё такрори сенарияи солҳои 90-уми асри гузашта, ки ташкилкунандагони он ба мову шумо маълум аст.  

Набояд фаромӯш кард, ки сулҳу суботе, ки имрӯз миллати тоҷик дорад ба осонӣ ба даст наомадааст. Садҳо ҷавонмардони асили ин Ватан  баҳри ҳимояи марзу бум, ҳимояи амну осудагии миллати шарифи Тоҷик, ки имрӯз дар гушаю канори Тоҷикистони азизамон  фароҳам аст, ҷоннисориҳо кардаанд. Ва мо имрӯз бо туфайли ин абармардони халқи Тоҷик аст, ки озодона дар ҳар гушаю канори кишвар гашту гузор мекунем. Вале, имрӯз ду се тан саркардаҳои маймуннамо бо ду-се шиорпартоиҳои дурӯғин мехоҳнад сарзамини аҷдодии моро ба хоку хун оғушта сохта, оғуштаи хун созанд. Онҳо ҳамон мухолифони сулҳу суботамон ҳастанд. Гарчанде иддао доранд, ки пуштибони “демократия”-анд, вале талошҳои онҳо ҷиҳати аз байн бурдани сохти конститутсионӣ асту бас. Саркардаҳои наҳзатӣ, бахусус Муҳаммадиғвои гундалавҳ мехоҳад дар кишвари мо ноамниҳоро ба вуҷуд оварда, ҳамин тавр шароите барои пиёда сохтани аъмоли нопоки сарварони хориҷиаш фароҳам созад. 

Шавқат Назриев

Информация к новости
  • Просмотров: 1592
  • Автор: admin
  • Дата: 17-01-2023, 10:18
17-01-2023, 10:18

# **[ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН]

Категория: Маълумот

    Тоҷикистон, ки бо сабаби мавҷеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манифиатҳои геополитикии неруҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро думбол намояд.**

 

**Эмомалӣ Раҳмон**

 

Бо пешрафти илму техналогия, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ сол то сол дар ҷаҳон ру ба беҳбудӣ мениҳад. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои ҷадид, ки ба самти рушд равона мегарданд ва дар ин замина истеҳсолу гардиши молу маҳсулоти гуногун, азхудкунии донишҳои наву замонавӣ, омӯзиши босуръати ҳаёт дар коинот ва дигар самтҳои пешрафт ба беҳтар гардидани зиндагӣ дар сайёра мегардад. Вале дар баробар ин олимону коршиносони ҷаҳон паёмадҳои номусоиде, ки барои ҳаёти инсон хатари ҷиддӣ эҷод хоҳанд намуд ва он ба нестшавии инсон дар рӯйи замин оварда мерасонанд, ҳушдор додаанд. Ин ҳам бошад аз меъёр зиёд истифода бурдани захираҳои табии ё худ “омили инсонӣ” мебошад. Бо тағйирёбии иқлим ва дигар омилҳои таъсиррасони манфие, ки одамони сайёра ба таври динамикӣ ба сайёра расонида истодаанд, сол то сол захираҳои обӣ дар ҷаҳон кам гардида, ба проблемаи глобалии ҷаҳонии норасоии об оварда мерасонад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1654
  • Автор: admin
  • Дата: 15-01-2023, 16:50
15-01-2023, 16:50

ВАТАНДОРӢ. ҲИФЗИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ

Категория: Маълумот

Роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ноил гардидем, як нуқтаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонад дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳон ҳам бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунад, онро боз ҳам обод намояд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Ин нуқта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (21.12.2021) зикр гардид, ки барои ҳаракат ба сӯйи музаффариятҳои нав нерубахш аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 1526
  • Автор: admin
  • Дата: 15-01-2023, 16:48
15-01-2023, 16:48

КОРРУПСИЯ. АЗ ИДОМАИ ИСЛОҲОТ ТО ЗАРУРАТИ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА

Категория: Маълумот

Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ва амали ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чи дар давлатҳои абарқудрат ва чи дар давлатҳои рӯ ба инкишоф коррупсия пурра аз байн нарафтааст. Коррупсия (ришвахӯрӣ) рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, итминони шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ҷавононро ба оянда коҳиш медиҳад, табақаҳои ниёзманди аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум месозад. Он зангорест, ки пояи ҳокимиятро, агарчи пӯлодвор ҳам мустаҳкам бошад, батадриҷ хароб мекунад.

 

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Башарият, аз ҷумла гуза-штагони тамаддунофари мо, дар осори гаронмояи хеш бамаврид ришвахӯриро, ки яке аз омоли касифи инсонист, зери танқид гирифтаанд. Пас маълум мегардад, ки мубориза бар зидди порахӯриву ришваситонӣ реша бар умқи асрҳо дорад.

Албатта, фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, зуҳури он дар ҳар шакле боиси заиф шудани механизмҳои давлатдорӣ ва низоми зиндагии инсонӣ мегардад ва муборизаю муқовимат алайҳи ин зуҳуроти зиддиарзишӣ вазифаи на танҳо мақомоти дахлдори давлатӣ, балки рисолати шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар сокини солимақли ин марзу бум маҳсуб меёбад. Хавфнокии коррупсия  дар  он  зоҳир  мегардад,  ки  устувории  аҳли ҷомеаро коста гардонда, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад.

Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин то замоне рафта мерасад, ки ва-зифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин бо шеваи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз сар гузарондаанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 1668
  • Автор: admin
  • Дата: 14-01-2023, 07:55
14-01-2023, 07:55

ПАЁМИ ФАРОГИР ВА ДУРНАМОИ РУШДИ КИШВАР БО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

Категория: Маълумот

Паёми имсолаи Сарвари давлат  ба Маҷлиси Олӣ дар ҳоле ироа гардид, ки мардуми шарифи ҷумҳурӣ 30-солагии баргузории  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро бо шаъну шукӯҳ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат ҷамъбаст намуданд. 

 

Дар ибтидои суханронии худ Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд». Ва чандин маротибаи дигар дар Паёми худ иброз доштанд, ки тамоми дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар маҳз тавассути меҳнату заҳмати бедареғи мардуми кишвар ва пуштибонии мардум аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат сарчашма мегирад.

 

Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарох ва фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар буда, Пешвои муаззами миллат аввалан тамоми фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои мамлакатро дар муддати 5 соли охир  ба риштаи таҳқиқ ва таҳлил кашиданд ва дар муқоиса бо 5-соли қаблӣ мушаххас дастоварду пешравиҳо, ободкориву созандагиҳо, воқеоту мушкилиҳоро баён намуданд ва баъдан самтҳо ва роҳҳои рушди минбаъдаи кишварро аввалан барои соли 2023 ва баъдан барои даҳ сол ва солҳои минбаъда муайян намуданд, ки онро Барномаи рушди кишвар барои солҳои оянда ҳисобидан мумкин аст.

Информация к новости
  • Просмотров: 1643
  • Автор: admin
  • Дата: 14-01-2023, 06:45
14-01-2023, 06:45

РУШДИ УСТУВОР ВА ВАҲДАТИ ПОЙДОРИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН МАҲСУЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Маълумот

    Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши Пешвои миллут муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст. Дар давраи душвортарин ва сарнавиштсози давлату миллат ба сари ҳокимияти омадани Пешвои миллат худ ҳадяи бузург ва толеъи баланди миллати ранҷдидаи тоҷик буд.

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷаҳонро хатару таҳдидҳои нав ба нав дунболагирӣ доранд,таъмини устувории сиёсӣ ва ҳифзи субот дар давлат кори осон нест. Бояд қайд намуд, ки раванди таъмини усувории сиёсӣ ба фаъолияти сарвари сиёсӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Маҳз роҳбари сиёсӣ аст, ки тавассути фаъолияти ҷудонопазир аз хирад, сиёсат, ҷасорат ва ҳувиятсози худ масири пурпечутоби таърихро тай намуда, давлату миллатро ба саодат ва ормонҳои бузурги миллӣ мерасонад. Ҳамин аст, ки таърихи миллатҳоро тарҷумаи ҳоли шахсиятҳои бузургашон ҳифз ва муаррифӣ менамоянд.

Аз таърихи сиёсии Тоҷикистон маълум аст, ки раванди ҳифзи истиқлол ва таҳкими он дар кишвар, ба низоми муайяни рушд даровардани системаи сиёсии давлат ва ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастагӣ ба фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор гардид ва ин ҷанги таҳмилӣ омили фалаҷ гардидани сохтори сиёсӣ, нобуд гардидани низоми идоракунӣ ва инкишофи бисёрҳокимиятӣ дар давлат гардид.

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^