Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за Ноябрь 2022 года » Страница 3 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 1072
  • Автор: admin
  • Дата: 15-11-2022, 07:13
15-11-2022, 07:13

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Маълумот

Ман ба нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамоми ҳастӣ хизмат мекунам.

 

Эмомалӣ Раҳмон

 

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҷанш аз ин ид таҷассумгари он аст, ки маҳз аз ҳамин рӯз тақдири миллати тоҷик муайян гардида, рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон оғоз ёфт ва Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудаанд.

 

Барои ғамхории ояндаи миллат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу Ватани хеш пайваст.

Информация к новости
  • Просмотров: 938
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 19:17
14-11-2022, 19:17

РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТ ИДИ МИЛЛИИ ХАЛҚИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ АСТ

Категория: Маълумот

Президент (аз калимаи лотинии praesidens, praesidentis -  дар пеш нишаста, пешво, раис) – роҳбари интихобии давлат дар кишварҳои дорои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ  буда, дар чунин кишварҳо ӯ дорои салоҳиятҳои васеъ мебошад, чунки ў функсияи Сарвари давлат ва Раиси ҳукуматро иҷро менамояд. Ба маънои расмӣ истилоҳи «президент» нахустин маротиба ҳангоми омода намудани Конститутсияи ИМА, дар соли 1787, замоне, ки ба шахси мансабдор, роҳбари интихобшудаи давлат масъалаи номгузорӣ пеш омад, аз ҳамон давр ин истилоҳ ба таври маъмул мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар айни ҳол, президент рамзи мутаҳидии давлат, намоянда ва муҳофизи манфиатҳои шаҳрвандон, ҳам дар давлати худ ва ҳам берун аз он, мебошад. Дар адабиёти ҳуқуқӣ институти президентӣ чун категорияи конститутсионӣ - ҳуқуқӣ омухта мешавад, ки ифодакунандаи маҷмўи ваколатҳои ҳокимиятии Президент дар соҳаи идоракунии давлат мебошад ва он ба меъёрҳои конститутсионӣ асос ёфта, танзимкунандаи баамалбарории ҳокимияти президентӣ маҳсуб меёбад. Таҳлили институти президентӣ дар кулли давлатҳои дунё нишон медиҳад, ки он дорои аломатҳои зерин аст: Президент шахси мансабдорест, ки ба таври  интихобӣ баргузида мешавад; ў функсияи сарвари давлатро иҷро менамояд; ў Раиси ҳукумат аст; ў ба халқ содиқона хидмат менамояд. 

Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мақоми олиро ишѓол намуда,  субот ва муттасилии механизми ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад. Дар ин баробар ӯ намояндагии олии кишварро дар арсаи байналмилалӣ дар амал татбиқ менамояд.   

Информация к новости
  • Просмотров: 890
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 19:11
14-11-2022, 19:11

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Категория: Маълумот

    Таърих ва тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар раванди таърихи бостонии халқи тоҷик бар сари ин миллат чӣ бадбахтиҳое наомада буд. Тоҷикон гарчанде заҳри бедавлатӣ ва азобу уқубатро дар тули таърих чашида бошанд ҳам, вале тавонистанд фарҳангу тамаддуни пурғановати худро аз зулму ғорати аҷнабиён аз забткориҳои Искандари Мақдунӣ, тохтутозҳои Қутайба ибни Муслим, харобкориҳои Маҳмуди Ғазнавӣ, фоҷеаҳои нотакрори Чингизхону Темури Ланг то ташвиқоту тарғиботи паҳнтуркизму паҳнисломизми аввалҳои асри ХХ-ум маҳфуз нигоҳ доранд.***

 

Ҳанӯз муждаи истиқлолияти Тоҷикистон аз гӯшҳо нарафта, бо кӯшиши душманони миллат, курсихоҳони маҳалбоз, аз ноӯҳдабароии роҳбарони сиёсии онвақта истифода бурда, онро ба гирдоби даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

 

Аз интихоботи президентӣ (моҳи ноябри соли 1991) то даъвати иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи ноябри соли 1992), соли хавфноктарин ва мудҳиштарин ба ҳисоб мерафт. Оғози гирдиҳамоиҳои моҳи сентябри соли 1991, аз тарафи мухолифини давлат ғасб шудани телевизиони марказӣ, гирдиҳамоиҳои майдонҳои “Шаҳидон” ва “Озодӣ” (апрел–майи соли 1992), бо зӯри силоҳ аз вазифа барканор намудани Президент, ночор ҳукуматро ба истеъфо маҷбур кардан аз ба гирдоби фоҷеаи мудҳиш кашидани мамлакат дарак медод.

Информация к новости
  • Просмотров: 883
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 12:44
14-11-2022, 12:44

ТЕРРОРИСТҲО ГУРӮҲҲОИ ТУНДРАВ МЕБОШАНД.

Категория: Хабар

   Терроризм ин амали бешарафона ва доғи рӯзи ҷомеа ба ҳисоб рафта, террористон ҳамчун гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба шумор мераванд, ки авзои ҷомеаи ҷаҳониро ноором месозанд.

   Аз ҷониби гурӯҳҳои тундрав истифода бурдани низоъҳои байнимазҳабии солҳои охир дар ҳудуди кишварҳои дигар рух дода ва дар сатҳи байналмилалӣ мавриди вокуниш қарор гирифтаанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 874
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 12:41
14-11-2022, 12:41

ТЕРРОРИЗМ АМАЛИ БЕШАРАФОНА ВА ДОҒИ РӮЗ.

Категория: Хабар

    Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳони амалҳои бешарафонаи гурӯҳҳои террористию экстремистиро маҳкум намуда, талош баҳри ҳаёти осоиштаву осуда меварзанд.

Пешгири аз чунин гурӯҳҳои ифродгароёнаву манфур вазифаи ҳар яки инсони комилу дурандеш аст.

    Вобаста ба ин вабои аср ва доғи рӯз мо бояд бетараф набуда, пеш аз ҳама кушиш намоем, ки ҷавононро дар масири меҳандӯстиву хештаншиноси ва арҷ гузори ба муқаддасоти миллӣ тарбият созем.

   Гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳар роҳҳу восита мехоҳанд, ки вазъи оромиву осудагиро ноором созанд.

    Ҳаёт бо зебогиву зиндагӣ бо фарзанд ширн аст, ки инро бузургони аҳли илму адаб бисёр зебову бо нафосат васф намудаанд, ки мегӯянд “ Фарзанд давомдиҳандаи номи неки падару модар буда, ному нишон ва ҳастии волидайн дар симои уст”.

     Ба ҳамин хотир волидайнро зарураст, ки ин нахли ҷавону умедбахшро дар масири зебогиву худшиносӣ тарбияти ҷиддӣ созанд то ки оянда самараи некро ҳосил созанд.

     Фарзанди хуб боғи падар,

     Фарзанди бад доғи падар.

     Ҳама он бадхоҳоне, ки имрӯз аз дуриҳо санги маломат ба суйи миллати мо мепартоянд, онҳо ҳама доғи падар ба ҳисоб мераванд. Зеро ки нафрину оҳ пайваста думболагири онҳост.

Информация к новости
  • Просмотров: 916
  • Автор: admin
  • Дата: 14-11-2022, 12:15
14-11-2022, 12:15

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДОҒИ РӮЗ.

Категория: Хабар

    Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд.

   Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дар моҳи апрели соли 2019 84-нафар кӯдакони ноболиғ баргардонида шуда, ҷиҳати таъминоти моддию равонӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо чораҳо андешида шуданд.

    Ҳукумати мамлакат нисбати амалҳои бешарафонаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ тадбирҳои ҳамаҷониба андешида, фаъолияти ҳама гуна гурӯҳҳои ифротиро дар қаламрави Тоҷикистони азизамон қотеъона маҳкум кардааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 920
  • Автор: admin
  • Дата: 13-11-2022, 19:50
13-11-2022, 19:50

**ИҶЛОСИЯИ - САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ**

Категория: ---

Ҳар як давлату миллат дар сафҳаҳои таърихи худ ҳодисаву воқеъаҳои тақдирсозудурахшоне дорад, ки он ба бунёди таҳкурсии устувор ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат асос мегузорад.  Яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи сиёсии ҳалки тоҷик - Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи навини кишвар аҳамияти басо беназир дорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон пойдевори асосии  сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар аст.**

 

**Тӯли сию як соли соҳибистиқлолӣ пас аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи басо душвору тақдирсоз ва аз лиҳози сиёсӣ хеле пурборро паси cap гузошт. Оғози ин марҳала бо ҷанги шаҳрвандӣ, ки навъе аз худсӯзии миллист, мусодиф омад. Хушбахтона, ба шарофати гароиши азалии мардуми мо ба сулҳу салоҳ ва мусоламату мудоро, ба шарофати иродаи сиёсӣ ва сиёсати хирадмандонаи сарвари воломақоми кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон тавонист ба худсӯзии миллӣ хотима диҳад ва ба ҷодаи худсозии миллӣ ворид гардад. Ба туфайли сиёсат ва корсозиҳои хирадмандонаи Президенти мамлакат тоҷикон ба асри XXI ва ҳазораи нав бо табаҳҳур дар андӯхтаҳои милливу таърихӣ ворид шуданд ва дар заминаи эҳёи дастовардҳои маънавии ниёгони шарофатманди хеш пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва маънавиасоси худро истеҳком бахшиданд.**

Информация к новости
  • Просмотров: 910
  • Автор: admin
  • Дата: 13-11-2022, 07:43
13-11-2022, 07:43

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ФАРДИ ҶОМЕА!

Категория: Хабар

Вокуниш.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Терроризм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Имрўз масъалаи мубориза бар зидди терроризм яке аз масъалаҳои асосии хусусиятӣ ҷаҳонӣ дошта пайдо кардааст. Ин вабои аср ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз он беканор намондааст.Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Каниева Н.

Информация к новости
  • Просмотров: 905
  • Автор: admin
  • Дата: 13-11-2022, 07:23
13-11-2022, 07:23

ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ - МИНБАРИ НАҶОТИ ВАТАН

Категория: Маълумот

      Бо ифтихору шукргузорӣ аз фазои орому осоишта ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон - Тоҷикистон имрӯз миллати сарбаланди тоҷик дар остонаи истиқбол намудани яке аз рӯзҳои муҳимми таърихӣ, яъне 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин Иҷлосия воқеан ҳам тақдирсоз ва рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид.***

 

Аз саҳифаҳои таърих ба мо маълум аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта, Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд. Давлатҳои аъзои он як-як истиқлолияти худро ба даст оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро расман қабул кард. Вале дере нагузашта бо дахолати душманони миллат Тоҷикистон мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ин ҷанг барои халқи Тоҷикистон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷони беш аз 150 ҳазор шаҳрванд қурбон гардида, қисми зиёд ба давлатҳои хориҷ гуреза шуданд.

 

Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашаванда сабт шудааст, то дарси ибрати наслҳои имрӯзаву оянда гардад. Шукри тақдир, ки айёми умедро барои миллати тоҷик Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фароҳам овард. Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард.

 

Маҳз дар Иҷлосияи тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Аз рӯзи аввали ба вазифа шуруъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, чунин иброз доштанд,  ки: “Ман ба ҳар яки Шумо, фарзандони барӯманди миллати тоҷик қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор дар кишварамон ҷон лозим шавад, ман ҷони худро дар ин роҳ нисори Ватан ва халқи он менамоям”.

 

Воқеан ҳам, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳу субот ҷони хешро дар хатар гузошта, оромию осоиштагиро ба ҳар як хонаи тоҷику тоҷикистонӣ муяссар гардонид. Маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз роҳбари оқилу хирадманд рӯйи саҳнаи сиёсат омад ва бо талошҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияту Ваҳдати комилро соҳиб гашт.

 

Ҳамзамон дар ин марҳилаи таърихӣ ва ҳассос Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия  самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас ва муайян намудааст. Дар ин бахтномаи миллат роҳи дурахшони Тоҷикистон сабт шудааст, ки ҳар як бобу моддааш роҳнамоест барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст.

 

Иҷлосия тавонист, ки роҳбари нави давлатро интихоб намояд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон пешвои ҳақиқии халқ, сазовори вазифаи роҳбари Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Чуноне таърих гувоҳ аст, дар ин муддат Пешвои муаззами миллат такмили аниқи сиёсӣ ёфтанд, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳофар дар ҷаҳон дурахшиданд ва бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаашон, ки онҳоро шоҳкориҳо меноманд, барои халқи тоҷик ва таърихи навини он хизмати таърихӣ анҷом доданд, ки барои корномаҳои нотакрорашон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштанд ва миллати сипосгузори тоҷик ин шахсиятро Пешвои миллат интихоб карданд.

 

Барои дарки насли имрӯзу ояндаи тоҷик, ки Истиқлолияти давлатӣ бо Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиштагӣ музаффариятҳои халқи шарафманди тоҷик ба ҳисоб мераванд ва барои ҳифзи ҳамаи ин арзишҳои ҳаётан муҳим ҳамешагӣ бояд кӯшишу талош варзем, то роҳеро ки Пешвои муаззами миллат барои бақои давлатдории тоҷикон дар масири ҳазорсолаҳо бунёд гузоштаанд, ба соҳилҳои мурод бо шоистагӣ бирасонем.

 

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар воқеъ минбари наҷоти Ватан барои миллати тоҷик аст, ки халқи тоҷикро аз парокандагию ноумедӣ, маъюсӣ раҳо бахшид, рисолати ниҳоят бузургро анҷом дод ва сарчашмаи сулҳу субот дар кишварамон гардид. Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани аҳамияти таърихии ин Иҷлосия барои ҳар яки мо имрӯзаю оянда ниҳоят муҳим, ибратомӯз ва қарзи фарзандию ифтихори ватандорӣ ба ҳисоб меравад.

 

Аз ин лиҳоз, мо, ҷавонон, хосатан хизматчиёни давлатиро лозим ва зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро баҳри донишандӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини зебоманзари аҷдодиамон равона сохта, парчамбардори ин сарзамин, муҳофизи ин марзу бум ва давлати миллиамон бошем. Мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагии хеш интихоб намуда, шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

 

Заррина Қодирова 

Информация к новости
  • Просмотров: 914
  • Автор: admin
  • Дата: 12-11-2022, 15:49
12-11-2022, 15:49

Иҷлосияи ХVI ва оғози раванди рушди давлатдорӣ

Категория: Маълумот

Дар раванди рушди давлатдорӣ марҳилаҳои мушкилу мураккаб ва ихтилофнок хеле зиёданд. Ҳар яки онҳо заминаҳои сиёсию иқтисодӣ, сабабҳо ва омилҳои муайяни худро дошта, ба раванди давлатсозӣ таъсири муайян мерасонанд. Мушкилоту тазодҳо маҳсули эҳтиёҷоти пайдошавандаи иҷтимоӣ дар ҷомеа мебошанд. Аз ин нуктаи назар, муайян намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва сари вақт қонеъ намудани онҳо имконият медиҳад, ки ҷомеа ба зинаи болотари рушди худ ворид шавад. 

 

Дар ҳолати сари вақт танзими худро наёфтан, метавонанд дар шакли эътирози иҷтимоӣ зуҳур ёбанд. Чунин ҳолатҳо равандҳои доимо такроршаванда дар таърих буда, интихоби масири мувофиқ аз вазъияти таърихӣ, хиради сиёсӣ, фарҳанг ва арзишҳои сиёсии дар ҷомеаҳо пазируфташуда вобаста мебошад. Аз ин нуктаи назар, марҳилаи таърихӣ сароғози падидаҳои иҷтимоии дорои хусусияти нав буда, ба ташаккули муносибатҳои ҷадиди ҷамъиятӣ замина мегузорад. Дар ин ҷараён рӯйдодҳои таърихие ба амал меоянд, ки ҷараёни равандҳоро комилан дигар карда метавонанд. Ин ҳама натиҷаи фаъолияти шахсиятҳое мебошанд, ки масъулияти таърихии сарварии ҷомеаҳоро бар дӯш доранд. Вобаста ба ин аз нуктаи назари фалсафаи таърих, дар ҳар як ҳодисаю рӯйдоди таърихӣ маҳз инсон дар меҳвари онҳо қарор дошта, моҳияташонро вобаста ба манфиатҳои худ ташаккул медиҳад. 

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (2)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^