Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Маълумот » Страница 5 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2779
  • Автор: admin
  • Дата: 3-02-2023, 19:49
3-02-2023, 19:49

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ЗУҲУРОТИ ХАТАРАФЗО

Категория: Маълумот

Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.***

Информация к новости
  • Просмотров: 2852
  • Автор: admin
  • Дата: 2-02-2023, 13:36
2-02-2023, 13:36

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАР БА АМНИЯТИ КИШВАРҲО

Категория: Маълумот

     Ҷаҳони муосирро ҳар лаҳза хатарҳои нав ба нав таҳдид мекунанд. Гармшавии иқлими сайёра, хуруҷи бемориҳои гуногун, фақр, норасоии об, обшавии пирияхҳо ва даҳҳо хатарҳои сартосарӣ имрӯзҳо ба мушкил шудани зиндагии аҳли башар оварда истодааст. Дар баробари ин, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари терроризм ва экстремизм тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.***

 

Солҳои охир терроризм ва экстремизм чун хатари аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мутаасифона, хатари терроризм ва экстремизм сол аз сол торафт авҷ гирифта, ба муаммои муҳимми на танҳо кишвари мо, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Терроризм ва экстремизм боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва диннӣ дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон гардида истодаанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2824
  • Автор: admin
  • Дата: 31-01-2023, 23:12
31-01-2023, 23:12

ТАҲКИМИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ОЛАМ

Категория: Маълумот

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: “Солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад”. Дар чунин шароит, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ва пуртазод гардидани ҳадафҳои геополитикӣ, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин амал, ин таъмини амнияти миллӣ мебошад.***

 

Амнияти миллӣ маҷмӯи андешаҳои расман қабулшуда ба мақсаду стратегияи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ, техногенӣ, экологӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи имкониятҳо мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2890
  • Автор: admin
  • Дата: 29-01-2023, 09:00
29-01-2023, 09:00

ТЕРРОРИСТ ДИН, НАЖОТ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД!

Категория: Маълумот

     Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.**

 

***(Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23.12.2022)***

 

Имрӯзҳо терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб кардааст. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳо маблағугузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши терроризм, фундаментализм, экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

 

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеҷвақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кӯҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2832
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2023, 23:42
28-01-2023, 23:42

AЗ ТAЪРИХИ ПAЙДОИШИ ҶAШНИ СAДA

Категория: Маълумот, Хабар

     Тоҷикон aз дaврони бостон ҷaшнҳое aз қaбили Нaврӯз, Сaдa, Меҳргон вa Тиргон доштaaнд, ки шукӯҳу мaртaбaи хосро соҳиб будaнд. Ҷaшни Сaдa aз ҷaшнҳои мaшҳури дaврони бостон aст, ки миёни ориёиҳо мaқоми хос доштaaст. Дaр борaи пaйдоиши ин ҷaшн дaр сaрчaшмaҳои aдaбиву тaърихӣ ишорaҳои гугонун рaфтaaст. Гоҳе он бо воқеaҳои aсотирӣ омехтa шудaaст. Сaдa вожaи тоҷикӣ будa мaънояш “бaромaдaн вa тулуъ кaрдaн” aст.***

 

Дaр сaрчaшмaҳои илмиву aдaбӣ перомуни тaърихи пaйдоиши ҷaшнҳои ориёӣ то зaмони мо мaълумоти зиёде рaсидaaст. Яке aз aсaрҳои муътaбaр дaр ин росто “Шоҳномa”-и Aбулқосим Фирдaвсӣ мебошaд. Дaр ин aсaри безaвол перомуни пaйдоиши ин ҷaшнҳо мaълумоти ҷолибе овaрдa шудaaст. Ҳaмчунин дaр aсaрҳои мондaгоре чун “Бундaҳишн”, “Китоб-ут-тaфҳим” вa “Осор-ул-боқия”-и Aбурaйҳони Берунӣ, “Зaйн-ул-aхбор”-и Aбусaид Aбдулҳaй ибни Мaҳмуди Гaрдезӣ, “Тaърихи Тaбaрӣ”, “Тaърихи Бухоро”-и Бaйҳaқӣ, “Нaврӯзномa”-и Умaри Хaйём, “Форсномa”-и Ибни Бaлхӣ вa ғ. мaхсус қaйд кaрдa шудaaст.

Информация к новости
  • Просмотров: 2814
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2023, 06:17
28-01-2023, 06:17

КӮШИШҲОИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Категория: Маълумот

Дастгирии соҳаи маориф ва илм, қабл аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди илму маориф вобастагии мустақим дорад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи давлатдории хеш пайваста ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба мактабу омӯзгор эҳтирому арҷ гузошта, рушди маорифро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумат дониста, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо соҳаи мазкурро дастгирӣ менамояд. Дар Паёми имсола низ ин нуктаҳо аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид: “Мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем… Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем”.

 

Аз оғози ба даст овардани истиқлол кишвари мо, мутаассифона, гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гашта, дар баробари тамоми соҳаҳо илму маориф низ даҳсолаҳо қафо монд. Бо саъю талош ва ҷонбозиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик аз парокандагӣ, давлати он аз нестшавӣ ва халқ аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, рушду пешрафти соҳаи маориф ва илм дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёт таъмин гардид. Бо назардошти ин рушду такомули соҳаи маориф ва илмро ба ду марҳилаи калон метавон тақсим намуд:

– марҳилаи якум солҳои 1991-1997-ро дар бар гирифта дар соҳаи мактабу маориф чунин падидаҳои буҳронӣ, ба мисли танқисии молиявии муассисаҳои таълимӣ, ба маротиб поён рафтани сатҳи маблағгузории давлатии соҳаи маориф, кам гардидани маоши омӯзгорон, соҳаи маорифро тарк намудани қисме аз омӯзгорон ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани онҳо, фарсудаву хароб гаштани биноҳои таълимӣ ва ғайра хос аст. Хусусан бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаҳои ҷангзадаи Тоҷикистон бисёр иншоотҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ харобу нобуд гаштанд;

– марҳилаи дуюм пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ шуруъ гардида бо кӯшишҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат мушкилоти дар марҳилаи аввал ба миён омада на танҳо бартараф карда шуд, балки маориф ва илми кишвар аз нав рушд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, ки онҳоро мо дар ин мухтасар мушаххасан ва бо пайдарҳамӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор хоҳем дод.

Вобаста ба афзоиши буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар баробари дигар бахшҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд карда мешавад. Соли 2023 маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми 7 миллиарду 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2001, ки маблағгузории соҳаи мазкур 13 миллион сомониро ташкил медод, 570 баробар зиёд мебошад (бе назардошти инфлятсия).

Маблағгузории соҳаи маориф ва илм дар солҳои 2001 – 2023, ки дар асоси қонунҳои буҷети давлатӣ тартиб дода шудааст (миллион сомонӣ)

СОЛ МАБЛАҒ СОЛ МАБЛАҒ СОЛ МАБЛАҒ
2001 12,845 2009 1 110,208 2017 3 581,017
2002 15,588 2010 1 068,341 2018 3 863,064
2003 18,281 2011 1 363,359 2019 4 404,877
2004 36,574 2012 1 607,836 2020 4 533,628
2005 57,980 2013 2 130,836 2021 5 597,083
2006 77, 988 2014 2 516,965 2022 6 304,025
2007 506, 323 2015 2 918,639 2023 7 400,000
2008 691,248 2016 3 146,229    

Дар ин замина, ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф баланд бардошта мешавад. Масалан, дар соли 2012 музди кори онҳо, аз ҷумла маоши кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хона-интернатҳо, барои пиронсолону кӯдакони маъюб зиёда аз 60 фоиз, соҳаи илм 30, фарҳанг ва стипендияи донишҷӯён 50 фоиз зиёд гардид. Дигар солҳо низ мунтазам маоши кормандони соҳаи маориф ва илм баланд бардошта шуда, аз ҷумла соли равон маоши омӯзгорон, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шуд.

Бо вуҷуди он ки таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳам норасоии ҳайати омӯзгорони касбиро ҳис мекунад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои омода намудани омӯзгорон, таҳияи нақшаҳои таълим, таъмини риояи стандартҳои нави таълим ва ҳамчунин боло бурдани ҳавасмандӣ дар самти таҳсилоти умумӣ чораҳои зарурӣ таҳия ва татбиқ кардааст. Чораҳои андешида ба афзоиши бемайлон ва тадриҷии шумораи омӯзгорон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат намуд. Теъдоди умумии омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2010-2018 30,8% зиёд шуда, дар соли таҳсили 2019-2020 124593 нафарро ташкил додааст. Бо мақсади арзёбии сифати таҷрибаи омӯзгорӣ, махсусан, омӯзгорони ҷавон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №433 “Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба маоши омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд” ба мутахассисони ҷавон 10% иловапулӣ ба музди кор ва ба омӯзгорон қарзҳо пешбинӣ гардид.

Мижгона ХОЛИНОВА,

мудири кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Фотеҳ РАСУЛОВ

дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Информация к новости
  • Просмотров: 2792
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2023, 00:04
28-01-2023, 00:04

САРВАРӢ ДАР НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

Категория: Маълумот

Пайдоиши институти сарварӣ ҳамчун феномени ҷомеаи инсонӣ ба замонҳои қадим таалуқ дорад. Ҳанӯз аз давраҳои аввали ташаккули инсоният, ҷомеаҳои аввалини инсонҳо ба сарварон, ба одамоне, ки бо қувваи имкониятҳои худ тавонанд одамонро аз паси худ баранд эҳтиёҷ доштанд. «Сарварӣ – мағзи ҷомеа, дили маърифат (донистан) ва забони адолат аст» - мегуфтанд 2300 сол қабл аз ин Мисриёни қадим.***

 

Дар замони мо мафҳуми сарвар ба маънои инсоне, ки дар муқоиса бо дигарон дар ягон намуди фаъолият нисбатан муваффақ аст, фаҳмида мешавад.

 

Пайдоиши сарварӣ ҳамчун зарурияти таърихие, ки талаботи инсониятро ба ташкили ҳаёти дастаҷамъона ва идоракунӣ тавлид кардааст фаҳмида мешавад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2818
  • Автор: admin
  • Дата: 26-01-2023, 14:40
26-01-2023, 14:40

ИФРОТГАРОӢ ВА МАСЪАЛАИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Категория: Маълумот

Пурихтилофӣ, зиддиятнокӣ ва дараҷаи баланди мухолифатҳо хусусияти муҳимми ҷомеаҳои муосирро ташкил мекунад. Падидаву ҳодисаҳои сиёсӣ батадриҷ инкишоф ёфта, доираи фарогириашон васеъ гардида истодааст. Дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, дар раванди ташаккулу инкишофи муносибатҳои сиёсӣ мақом ва нақши субъектони сиёсат ва иштирокчиёни ҳодисаҳои сиёсӣ аҳамияти муҳим дорад. Системаи сиёсӣ махсусиятҳои инкишоф ва тамоюлҳои асосии рушди он яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир мебошад. Дар раванди ҳаёти сиёсии ҷомеа ҳар замон дигаргуниҳои нав ба нав ошкор мегардад, яке бо созандагӣ, пешбурд ва пешравӣ, дигаре бо муносибати яктарафаю манфиатхоҳӣ аз худ дарак медиҳанд. Системаи идоракунии ҷомеа давлатҳои навтаъсисро ҳар замон дар баробари созандагию пешравӣ муборизаҳои гуруҳҳои манфиатхоҳ ва ҳокимиятхоҳ гиребонгир мебошад, ки ин аз сохти ҷомеаи ҳар як давлат маълум мебошад.***

Информация к новости
  • Просмотров: 2976
  • Автор: admin
  • Дата: 23-01-2023, 21:44
23-01-2023, 21:44

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Маълумот

    Мусаллам аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маълумот дода, ҳамзамон, ҳадафу вазифаҳои созандаю бунёдкоронаро барои ояндаи дурахшони мардуми азизи Тоҷикистон муайяну мушаххас ва пешниҳод менамоянд. 

 

     Зимни ироаи Паёми навбатӣ низ Пешвои муаззами миллат  тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқро бо назардошти баҳогузории сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари вазифагузориҳо, ҳамзамон, як қатор имтиёзҳоро ба табақаҳои гуногуни ҷомеа муқаррар намуданд, ки ин тадбир аз сиёсати инсондӯстона ва ғамхоронаи Сарвари давлат нисбат ба табақаи осебпазири мамлакат шаҳодат медиҳад. Бахусус, дар Паёми навбатӣ вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд”. Амалӣ гардидани ин иқдомҳои пешгирифта ба баланд гардидани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. 

     Ҳамзамон, дар Паёми имсола вобаста ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса равона гардида, имтиёзу ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа махсус таъкид гардид.  

Ин суханони ҳикматомези Пешвои миллат бори дигар моро водор месозад, ки рушди соҳаи маорифро ҳамчун самти афзалиятнок ва рушддиҳандаи тамоми соҳаҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода, тамоми захираю имкониятҳоро  барои  расидан  ба  ҳадафҳои  гузоштаи Сарвари давлат равона созем.

Дар  маҷмуъ, таҳлилу баррасиҳои Паёми имсолаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми бахшҳои хоҷагии халқ ва маҷмуан 4 ҳадафи стратегии мамлакатро дар бар гирифта, асоси калидии онро таъмини зиндагии арзандаю шоиста ба сокинон, нигоҳдории истиқлолияти комили давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати Ватани азизамон – Тоҷикистон ташкил медиҳад. 

Мардуми сарбаланди ноҳияи бостонии Балҷувон ҳар як дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бо дилу нияти пок баҳри фардои дурахшони Тоҷикистон шабонарӯзӣ талош менамоянд ва саҳми арзандаи худро дар ин росто мегузоранд. 

 

Бахтиёр САФАРЗОДА,  

раиси ноҳияи Балҷувон

 

Бознашр аз рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 06.01.2023, #12

Информация к новости
  • Просмотров: 2921
  • Автор: admin
  • Дата: 21-01-2023, 11:27
21-01-2023, 11:27

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТУ БАШАРИЯТ АСТ

Категория: Маълумот

Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонем ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод.***

 

**Эмомалӣ Раҳмон**

 

Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт медонад ва дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳад дод.

 

Бояд бо ифтихор тазаккур диҳем, ки 14 декaбри соли 2022 Мaҷмaи Умумии Созмони Милaли Муттaҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо дaрнaзaрдошти оқибaтҳои вaзнини идомaи ин рaвaнд, Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр ҷaлaсaи Пaнели сaтҳи бaлaнд вобaстa бa мaсъaлaҳои об вa иқлим пешниҳод нaмудaнд, ки соли 2025 “Соли бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо” эълон гaрдидa, сaнaи мушaххaси “Рӯзи ҷaҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқaррaр кaрдa шaвaд. Пешниҳоди дигaри ҷониби Тоҷикистон тaъсис додaни Бунёди мaхсуси бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо aст. Дaр ин қaтъномa ҳaм эълони Рӯзи бaйнaлмилaлӣ вa ҳaм Соли бaйнaлмилaлӣ дaрҷ гaрдидa, онро 153 кишвaри узви СММ пуштибонӣ нaмудaнд. Ҳaмчунин, дaр aсоси ин қaтъномa пешниҳодҳои ироaшудaи Пешвои миллaт вобaстa бa эълон гaрдидaни 21 мaрт ҳaмчун Рӯзи бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо, эълон шудaни соли 2025 ҳaмчун Соли бaйнaлмилaлии ҳифзи пиряхҳо, дaр нaзди СММ тaъсис додaни Фонди бовaрии бaйнaлмилaлӣ бaрои сaҳмгузорӣ бa ҳифзи пиряхҳо вa дaр соли 2025 доир нaмудaни Конфронси бaйнaлмилaлӣ оид бa ҳифзи пиряхҳо дaр ш.Душaнбе aз ҷониби кишвaрҳои узви СММ дaстгирӣ ёфтaнд.

Тегхо

Анбори хабархо

Апрель 2024 (2)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
Ноябрь 2023 (5)
^