Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Хабар » Страница 3 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2602
  • Автор: admin
  • Дата: 21-11-2023, 12:49
21-11-2023, 12:49

ДИН ҲАМЧУН ВАСИЛАИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СИЁСӢ

Категория: Хабар

Ҳар лаҳза фаъолияти пасипардагии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ таҳдиду хатарҳои воқеиро ба ҳар як фарди сулҳҷӯ ва осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоранд. Зуҳури падидаи мазкур ҳанӯз аз замонҳои қадим маншаъ гирифта, сабаби пайдоишаш манфиатҳои қавмӣ, гурӯҳӣ, шахсӣ ва ғайра мебошад. Асоси ин манфиатҳоро талаботи иқтисодӣ ташкил медиҳад. Алорағми манфиатҳо, ки мақсадаш ҷамъ кардани сарват ва пулу мол аз ҷонибест, чӣ қадар хуни халқи бечора рехта мешавад. Муҳаққиқон беҳуда нагуфтаанд, ки ҷангро сиёсиён ва манфиатҷӯён оғоз мекунанд, вале халқи бечора қурбон мегардад. Воқеан, ҳамин тавр аст, вагарна барои манфиати касоне, ки худ аз ҷангу куштор ва майдони муноқиша фарсохҳо дуранд, вале амалиёти ҷангро аз дуриҳо назорат ва идора мекунанд.

Бозингарони аслии саҳнаҳои геополитикӣ бағоят хушзеҳн, ҳушёр ва андешаманд буда, аз лиҳози стратегӣ, пешакӣ сари даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳои оянда фикр мекунанд, барнома месозанд ва ба амалисозии он мепардозанд. Онҳо бар он мекӯшанд, ки душманони идеологии худро хуб омӯзанд. Талош меварзанд, ки табиат ва психологияи миллатеро, ки ҳадаф қарор додаанд, ба дараҷаи максималӣ азбар намоянд, то тавонанд ҷараёнҳои режими сиёсии мавриди назарро ба даст гирифта, баъдан идора кунанд. Онҳо қаноатманд мешаванд, замоне ки бо халқҳои “каммаърифат”, ба ибораи дигар “содалавҳ” дучор меоянд, зеро “вақте халқ тираақл аст, идора карданаш осон мебошад”.

Дар иртибот ба ин, терроризм ва экстремизм дар кишварҳое густариш меёбанд, ки мардумони онҳо аз лиҳози фарҳангу маърифат ва умуман дониш, қафо мондаанд, зеро яке аз василаҳои муфид каммасраф ва ниҳоят осонӣ татбиқи ин барномаҳо истифодаи мақсадноки зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шароити муосир падидаҳои мазкур ҳамчун афзори геополитикӣ мавриди истифодаи кишварҳои манфиатҷӯ қарор дошта, таҳдиду хатарҳои онҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ миқёсан афзуда истодааст. Терроризм дараҷаи амалии зоҳиршавии экстремизм буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, истиқлоли сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, мавҷудияти давлату миллатҳо ва ниҳоятан аз байн бурдани низоми амнияти миллию минтақавиро ҳадафи хеш қарор медиҳад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4343
  • Автор: admin
  • Дата: 16-11-2023, 20:34
16-11-2023, 20:34

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ТАШКИЛИ ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУНИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

    Ба ҳамагон маълум аст, ки аз соли 2016 инҷониб ҳамасола 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар саросари кишвари азизамон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. 

    Имрӯз дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба ин рӯзи фархунда чорабиниҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардид. 

Нахуст дар деҳаи Дулонамайдони Ҷамоати деҳоти Балҷувон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 бо иштироки раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва намояндагони Раёсати маорифи вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. 

    Қайд намудан ба маврид аст, ки бинои муассисаи мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Фармоишгари иншоот шуъбаи сохтмонҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва пудратчии иншоот ҶДММ «Мақсуд» мебошад. Бинои муассиса аз 2 ошёна, 9 синфхона, 1 синфхонаи компютерӣ, 3 утоқи корӣ, ҳамзамон буғхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои таҳсили 220 хонанда дар 1 баст пешбинӣ гардидааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 35 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Зимни корҳои сохтмонӣ ба сатҳу сифати корҳо диққати аввалиндараҷа дода шуда, бино бо тарҳу намои хос бунёд гардидааст, ки ба ҳусни деҳа намои нав зам менамояд. 

Информация к новости
  • Просмотров: 2741
  • Автор: admin
  • Дата: 5-11-2023, 06:50
5-11-2023, 06:50

ЧОРАБИНИИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Категория: Хабар

    Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. 

     Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бо сухани табрикотӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ баромад намуданд. Зикр карданд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, нақши барҷастаи таърихӣ дорад, ки он 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад. 

      Дар идомаи чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафаров Бахтиёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба ин санаи таърихӣ шодбош гуфтанд. 

      Сипас ба як қатор кормандони касбу кори гуногун, ки дар пешрафту тараққиёти ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаҳои раиси ноҳия тақдим карда шуд. 

       Ҳамзамон дар фазои тантанавӣ ба гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Балҷувон идрорпулӣ супорида шуд. 

      Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолу озодӣ, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2708
  • Автор: admin
  • Дата: 1-11-2023, 08:53
1-11-2023, 08:53

УСТУВОРИИ МАФКУРАВӢ ВАСИЛАИ БОЭЪТИМОДИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ

Категория: Хабар

     Экстремизму терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлубу харобиовар имрӯзҳо кулли инсониятро ба ташвиш овардааст. Ин хатари ҷиддӣ ба суботу амнияти кишварҳо буда, ташкили муқовимати устувор бар зидди он яке аз роҳҳои пешгирии пайёмадҳои харобиовари зуҳуроти зикргардида мебошад. Амали мазкур дар шароити муосири рушди ҷаҳонишавӣ ва вусъати таъсиррасониҳои гуногун, ки аслан ҳадафмандона мебошанд, мушкил, вале хеле муҳим мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 2659
  • Автор: admin
  • Дата: 31-10-2023, 22:27
31-10-2023, 22:27

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

Категория: Хабар

    Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд.***

 

***Эмомалӣ Раҳмон***

 

Сайёраи Замин борҳо шоҳиди хатару таҳдидҳои табииву сохташуда гардидааст, ки дар натиҷа пеш аз ҳама худи инсонҳо зарари аввалиндараҷаро мушоҳида намудаанд. Ифротгароӣ (эктремизм), тундгароӣ (радикализм) даҳшатафканӣ (терроризм) ва дар шароити имрӯза ҷудоихоҳиву (сепаратизм) бунёдгароӣ (фундаментализм) аз бадтарин ва хатарафзотарин идеяву амал ва маҳсули инсоният аст, ки Сайёраро такон додаву ба худ вабои асрро ном гирифтааст. Саволе ба миён меояд, ки кадом қишри ҷомеа бештар фирефтаи гурӯҳҳои эктремистию террористӣ мегарданд? Чаро ин гурӯҳҳо маҳз аз дини мубини Ислом истифода мекунанд? Бо кадом роҳ метавон мардум, хосатан ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои даҳшатафкан нигоҳ дошт? Ба саволҳои дар бологузошташуда ва ба миён гузоштани мавзӯйи интихобгардида, танҳо дар асоси таҳлилҳои жарфтару илман асосноккардашуда метавон посух дод.

Информация к новости
  • Просмотров: 2729
  • Автор: admin
  • Дата: 20-10-2023, 13:11
20-10-2023, 13:11

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШИ МАМЛАКАТ МЕБОШАД.

Категория: Хабар

Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву иғво афкандааст.

 

Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2820
  • Автор: admin
  • Дата: 11-10-2023, 20:48
11-10-2023, 20:48

ХОИНОН ИҒВОАНГЕЗИ ҶОМЕА МЕБОШАНД!

Категория: Хабар

Сулҳу субот, оромӣ, ваҳдату истиқлолият неъмати бебаҳои даврон аст, ки дар фазои якдиливу ҳамбастагӣ осуда умр бурдан лаззати умри хуши ҳар як фард аст.

Кӯдакон сулҳу суботро дар хандаи беғаши худ мебинанд ва ин ҳам дарки амиқеро мемонад, ки фазои сулҳу ваҳдат оромиву осудагӣ бо хандаи кӯдакон зебост.

Овози тиру туфанг худ аз ҳама бадтарин садову овоз аст, ки дар куҷое садо диҳад пеш аз ҳама кабутарони сулҳу ваҳдат ошиёни хешро тарк месозанд.

Қотеъона маҳкум намудани ҳар як амали ношоистаи гурӯҳҳои ифротӣ бояд шиор, вазифа, мақсад ва мароми мо бошад. Зеро кӯдакон бояд аз хатари чунин гурӯҳҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ эмин бошанд.

Ҳаракатҳои ноҷо ва номатлуби чунин гурӯҳҳо дар замири насли наврас метавонад, ҳисси бадбинӣ ва нафратро зиёд гардонад.

Пас, баҳри ҳаёти осоишта ва ҷовидонагии кудакон, ки чун кабутарони шодиву нишоти умри инсонанд, бояд якдилона устувор бошем ва нагузорем ҳеҷ як нохалафе ин орзуву умед ва ханадаи шоди онҳоро рабояд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2760
  • Автор: admin
  • Дата: 11-10-2023, 20:47
11-10-2023, 20:47

ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ҶАЛБКУНАНДА ВА ХАТАРАФЗО МЕБОШАНД!

Категория: Хабар

Аксари одамон итминони комил доранд, ки шахсан онҳо ягон вақт ба доми ҷалбкунандагон намеафтанд. Аммо бисёриҳо хато мекунанд. Ҳангоми ҷалбкунӣ барои ҳар як шахс муносибати мушаххас ва касбӣ истифода бурда мешавад.

Аз ҳама хатарнок он аст, ки он ҷараён барои шахси ҷалбкунанда таъсири ҳамаҷониба мегузоранд.

1. Ҷалбкунанда дар навбати аввал, дар бораи шахси ҷалбшаванда ҳарчи бештар маълумот ҷамъ меорад.

2. Вай умеду орзу, тарсу ҳарос, дилбастагию ғурур, таъбу хусусият, хоҳиш ва шавқу ҳаваси ҷалбшавандаро ҳаматарафа меомӯзад.

3. Дар бораи шахси маълумот дар даст дошта, ҷалбкунанда бо истифода аз таърифу тамаллукҳо айёрона дили шахсро ба осонӣ ба даст меорад.

4. Ҳиллаву найранг намуда ва моҳирона аз ҷавоб додан ба саволҳои додашуда мегурезад.

 

Ҷалбшавандагони эҳтимолиро дар куҷо “ШИКОР” мекунанд?

 

Дар ҳама ҷо:

1. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

2. Дар қаҳвахонаю марказҳои дилхушӣ;

3. Дар ҷойҳои дилхушию кулубҳои шабона;

4. Ҳангоми мусофират, муҳоҷират ва ғ.

Барои наафтодан ба доми ҷалбкунандагон касе кафолат дода наметавонад. Нафаре ҳаст, ки ҷойи озордида ва иродаи суст дорад. Махсусан , вақте ки танҳоиро эҳсос менамояду фикр мекунад, ки дигарон уро намефаҳманд.

Информация к новости
  • Просмотров: 2858
  • Автор: admin
  • Дата: 10-10-2023, 18:01
10-10-2023, 18:01

ХОИНИ МИЛЛАТФУРӮШРО ХОКИ ВАТАН КУРАШ КУНАД.

Категория: Маълумот, Хабар

Оре, дар ҳама давру замон таърих ва миллат номи хоинони ватанфурӯшро фаромуш нахоҳад кард ва ҳамчун доғи беориву бенанги то абад ба наслҳои оянда боқӣ хоҳад монд.

 

То ба кай дар хоки мулки дигар зистану аз наздикону пайвандон дур зиндагӣ кардан тоқатфарсо мебошад? Аммо шумо қурбонии ҷаҳлу нодони ва сарвату молу пули дунё шудаед, ки пушт руйи Модари хеш кардаву Ватан-Модарро фурӯхтаед.

 

Бо дасисаву буҳтон ва туҳматгароӣ гирди хеш рубаҳони тарсончаку беифатро ҷамъ намуда, худро соҳибдонишу соҳимаърифат мепиндоред. Аммо кайҳо дар ғафлати андарзҳои пучи хоҷагони хеш мондаед, ки худовандам шуморо наҷот нахоҳад дод.

 

Касе ки миллати хешро мефурӯшад лакаи доғи таърих мегардад, ки арзиши як партови роҳро надорад.

 

Инсони  комилақлу  инсони соҳибдониш ҳеҷгоҳ миллати худро пеши дигарон намефурӯшад, зеро ки хиёнат ба миллат ин нобахшиданист!

Информация к новости
  • Просмотров: 2742
  • Автор: admin
  • Дата: 9-10-2023, 19:56
9-10-2023, 19:56

МУХОЛИФОН Ё ШАҒОЛОНИ ВАТАНФУРӮШ?

Категория: Хабар

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир новобаста аз таъсири манфии дар ҳолати ғайриинтизор пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва зарари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо суръат рушд карда истодааст. Ҳамаи ин аз талошҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдату якдилии халқу миллати тоҷик мебошад.***

 

Ин аст, ки дар баробари некназарон боз ҳастанд нафароне, ки пешравиҳоро ба назар нагирифта, ба ҷои хизмат ба давлату миллат, ба таҳқиру туҳмат, вайронкорӣ, ҷудоиандозӣ, расидан ба иззати нафси роҳбарони сиёсиву чеҳраҳои обруманди давлат ва дигар амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд.

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^